Cтипендияи раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Ба таваҷҷӯҳи донишҷӯён расонида мешавад, ки даври аввал барои дарёфти стипендияи раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташкилу баргузор мегардад. Довталабон барои иштирок дар озмун метавонанд њуччатњои худро ба муовинони декан  оид ба корҳои тарбия ва шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ (бинои асосии донишгоҳ, ошёнаи дуюм, утоқи кории 205) то санаи 7 ноябри соли равон пешнињод намоянд. Маврид ба ёдоварист, ки дар озмун танҳо донишҷӯёни курсҳои 2,3 ва 4, ки бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, ҳуқуқи иштирок карданро доранд.

 Барои ширкати довталабони озмун чунин ҳуҷҷатҳо бояд пешниҳод карда шаванд:

– пешниҳод ва маълумотнома аз факултет;

– тавсифномаи декани факултет, хислатнома аз ҷониби куратори гурӯҳ, тарҷумаи ҳоли кӯтоҳ бо ифшои сифатҳои шахсӣ;

– нусха аз дафтарчаи имтиҳонӣ (бо нусхаи пурраи баҳои донишҷӯ);

– мавҷудияти дастовардҳои эҷодӣ (нусхаи шаҳодатнома, диплом, сертификат, сипоснома, ифтихорнома ва ғ);

– иштирок дар конференсияҳои илмӣ – назариявӣ, илмӣ-амалӣ,  намоишгоҳ, маълумотҳои чопӣ, маърӯзаву баромадҳо, мақолаҳои илмӣ, публисистӣ, шеъру тарона, ки дар даври донишҷӯӣ эҷод шудааст;

– иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ (амалӣ намудани ташаббусҳои созанда байни ҷавонон ва бо ин васила рангин кардани ҳаёти донишҷӯён) ва варзишии муассисаи таълимӣ, ноҳия, шаҳр, вилоят, ҷумҳурӣ (замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолият ва ё дастовардҳо дар ин самт);

– 2 адад расм бо ҳаҷми 3х4 (чопӣ ва электронӣ).

 Тартиби баргузории озмун чунин муайян карда мешавад:

  • худмуаррифии иштирокчӣ (бо истифодаи усулҳои нави техникии замонавӣ – слайд презентатсияҳо);
  • саволу ҷавоб вобаста ба мавзӯъҳои ихтисосӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, забондонӣ ва дониши сиёсӣ;
You might also like