ВАТАНРО ҲИФЗ МЕБОЯД!

Падидаҳои номатлуби замони муосир ба монанди ифротгароӣ ва терроризм ба сулҳу субот ва амнияти тамоми кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон хатар дорад. Ифртгароиву терроризм танҳо ба як минтақа  маҳдуд нест. Рушди технологияи муосири коммуникатсионї, аз як тараф, дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, хоса соҳаи хизматрасонӣ имконияти мусоиди рушд фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар, он боиси сўистифода шудани ин восита аз тарафи созмонҳои ифротгароиву террористї гардидааст. Имрӯз мо худ шоҳид ҳастем, ки бо роҳи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ  тафаккури ҷавонон тағйир дода мешавад. Даҳҳо ҷавонон бо ин роҳ ба доми фиреби сиёсии созмону ташкилотҳои террористиву экстремистӣ гардида, ҷони худро зери хатар гузоштаанд. Аз нигоҳи Пешвои миллат“яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад”. Ҳоло имконияти технологияи муосир торафт хатари зуд ва дар фурсати кӯтоҳ паҳн намудани идеологияи ифротиву террористиро дар ҷомеа бештар намудааст. Сар задани ҳодисаҳои терактї на танҳо сабаби ҳалокати одамон, ҳамчунин боварии аҳолиро нисбати маќомоти амниятї ва давлатї коста гардонида, иштироки сиёсї ва фаъолнокии сиёсии онҳоро то ба дараҷае суст мегардонад.

Чанд муддат аксарияти мардум фикр доштанд, ки гӯё созмонҳои террористиву экстремистӣ аз байн рафтаанд. Аммо ҳодисаи рӯзҳои охири давлати Қазоқистон бори дигар собит намуд, ки чунин созмонҳо ба таври пинҳонкорона дар ҷомеа фаъолият бурда истодаанд ва набояд нисбати оқибатҳои фоҷиабори фаъолияти созмонҳои иртиҷоӣ бепарво буд. Моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу субот, амнияти миллӣ ва пешрафти кишварамон ҳар лаҳза бирасем ва барои рушди ободии ҷомеа  саҳмгузор бошем. Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ давраи нооромӣ ва бетартибиҳои сиёсиву низомиро паси сар намудааст ва мардуми кишвар чунин ҳодисаи харобиоварро, ки бо дасти созмонҳои ифротӣ ва бо пуштибонии ташкилоту давлатҳои хориҷӣ сурат гирифт, аз ёд набаровардаанд. Ба касе пӯшида нест, ки оғози ба куча рехтани мардуми Қазоқистон баланд гардидани арзиши газ бошад ҳам, аммо ин як баҳон ва сабаби нооромӣ, бетартибӣ ва шикастани суботу амнияти ҷомеа аз ҷониби гурӯҳҳои махсус мебошад. Маҳз созмону ташкилотҳои террористиву ифротӣ аз чунин фурсат истифода намуда, даст ба қатлу куштор ва харобкорӣ заданд. Агар ба шароит ва имкониятҳои дар Қазоқистон барои шаҳрвандон муҳайё намуда, назар андозем, нисбат ба чанд давлатҳои собиқ шӯравӣ дар ин кишвар сатҳи зиндагони мардум имкониятҳои кору фаъолият хубтару беҳтар мебошад. Боз ҳам ношукрӣ ба чунин шароиту имконот ва ба доми фиреби ҳаргуна созмонҳо афтодани як гурӯҳи хурди мардум, боиси бетартибиву харобкориҳо дар ҷомеа гардид.

Ба миён омадани чунин ҳодисаи нохуш моро ҳушдор медиҳад, ки то ҳол созмонҳои ифротиву террористӣ интизори фурсатҳои муносиб ва аз қафои амалӣ сохтани мақсадҳои ғаразноки хеш мебошанд. Дар чунин шароит, ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ба мисли обу ҳаво шарт ва асоси амалӣ намудани ҳамагуна ҳадафу барномаҳои созанда дар ҷомеа мебошад. Бидуни ҳифзи суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва ягонагии ҷомеа таъмин ва амалӣ сохтани ҳаргуна манфиатҳои давлатӣ ғайриимкон ва ба даст оварданаш аз назари воқеъбинона номумкин аст. Аз ҳамин нуқтаи назар шаҳрвандонро зарур аст, ба қадри оромиву суботи кишвар расида бошанд ва дар пешрафти Ватани азизамон саҳми муносиб гузоранд. Дар пешрафту мувафаққияти давлати Тоҷикистон таъмини амнияти миллии кишвар басо муҳим ва ҳифзи он яке аз вазифаҳои на танҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳар як шаҳрвандон, махсусан мо ҷавонони худогоҳу ватандӯсти кишвар мебошад.

Рушду нумӯи ҳар ҷомеа ва давлат қабл аз ҳама аз фазои амниятии он вобаста мебошад. Таъмини амнияти шахс, гурӯҳ ва давлат имкон медиҳад, ки ҷомеа қадам ба қадам ҳадафҳои худро амалӣ созад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо вазъияти солҳои 90-уми асри гузашта дар кишварамон мебошад. Бинобар нооромии сиёсӣ давлат танҳо дар фикри ба эътидол овардани вазъи кишвар буд ва маҳз баъди ба имзо расидани «Сулҳи тоҷикон» мавзӯи рушди стратегии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Комёбиҳои ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам сиёсати хориҷии кишвар баъди солҳои 2000-ум рӯи кор омаданд ва Тоҷикистон ба натиҷаи назаррас ноил гардид.

Имрӯз низ барои ноил шудан ба натиҷаи хуби рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ моро зарур аст, ки суботу оромӣ ва амнияти давлатиро ҳифз намоем. Дар шароити имрӯза пешгирии роҳи паҳншавии идеологияҳои ифротиву террористӣ вазифаи ҳар шахс буда, муқобилияти шадид ва оштинопазир бо идеологияҳои иртиҷоӣ омили комёбӣ дар ин самт буда метавонад. Аз ин рӯ ба қадри сулҳу амният расидан ва ва барои пешрафту ободии кишвар саҳм гузоштан вазифаи ҳар шаҳрванд, махсусан мо ҷавонон мебошад.

 

Шӯҳрат Саидзода,

н.и.с., дотсент, мудири

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like