Ҳомидзода Фурқат Муқим – муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои таърих, профессор
Ҳомидзода Фурқат Муқим 14 майи соли 1969 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1994 Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳозира Донишгоҳи давлати Ҳуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров) – ро бо «Дипломи аъло» аз рӯи ихтисоси муаллими таърих ва ҷамъиятшиносӣ, методист оид ба корҳои тарбиявӣ хатм кардааст.
Фаъолияти кории Ҳомидзода Фурқат Муқим аз соли 1986 ҳамчун котиби суди шаҳрӣ оғоз гардида, пас аз хизмати ҳарбӣ ба Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров факултети таърих дохил гардида, минбаъд дар чунин вазифаҳо фаъолият бурдааст: солҳои 1992-1994 лаборанти кафедраи таърихи нав ва навтарин, солҳои 1994 -1995 муҳаққиқ – коромӯзи кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 1995 – 1998 аспиранти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, солҳои 1996 – 1999 раиси Созмони ҷавонони донишгоҳ , солҳои 1999-2000 мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, 1998-2001 сармуаллими кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи донишгоҳ, 2000-2002 дотсент, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи донишгоҳ, 2002- 2005 ҷонишини декан оид ба корҳои таълими факултети таърихи донишгоҳ, 2005-2008 декани факултети таърихи донишгоҳ, солҳои 2008-2010 пас аз муттаҳид гардидани факултетҳои таърих ва ҳуқуқшиносии донишгоҳ сарварии факултети таърих ва ҳуқуқро дар ӯхда дошт. Аз январи соли 2010 то марти 2010 ходими калони илмии кафедраи таърихи халқи тоҷики ҳамин донишгоҳ маҳсуб меёфт. Аз соли 2010 фаъолияти худро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон идома дода, пас аз ҳимояи рисолаи докторӣ моҳи сентябри соли 2011 мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, солҳои 2012 – 2016 декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, моҳи августи соли 2016 мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, моҳи августи соли 2018 мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъин гардидааст.
Тӯли солҳои зиёд дар баробари вазифаҳои хизматӣ ба таълиму тарбияи донишҷӯён саҳми арзанда ва шоиста гузоштааст.
Бо фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони фахрии «Аълочии маориф» сазовор гаштааст.
Ҳомидзода Фурқат пайваста ба конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ маърузаҳои пурмуҳтаво манзур менамояд, мақолаҳояш хусусияти замонавӣ ва услуби хоси илмӣ дошта, барои баланд бардоштани савияи дониши худ фаъолона кор мебарад.
Рисолаи номзадии худро 28 октябри соли 1998 дар мавзуи «Из истории Вахшской ирригационной системы» таҳти роҳбарии ректори ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров, ходими шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Абдуллоев Сайдулло Абдуллоевич бомуваффақият дифоъ намудааст.
Рисолаи доктории худро 19 майи соли 2011 дар мавзуи «Аграрные преобразование в Таджикистане в 20-е годы XX века» таҳти роҳбарии академик Масов Раҳим Масович дар Институти таърих, археология ва этнографияи ба номи А. Дониши Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дифоъ намуд.
Инчунин, муаллифи акчанд асарҳои арзишманди илмӣ мебошад, ки дар он масъалаҳои мубрами раванди сиёсии Тоҷикистони давраи гузариш бо назари тоза ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд.
Дар омода ва таҳия намудани қомуси ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолона ширкат варзида, бо ифтихорнома ва сипоснома сазовор гардидааст.
Маҳз меҳнатдӯстй, ташкилотчигию кордонии эшон аст, ки дар баробари таълиму тарбия ба корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва берун аз он фаъолона иштирок менамояд ва дар байни ҷомеа обрӯю эътибори хосса дорад. Муомилаи хуб, инсондӯстию хоксорӣ ва одоби ҳамида ӯро маҳбуби дигарон кардаанд.
Ҳомидзода Фурқат Муқим пайваста ба конфронсҳои илмию амалӣ маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод менамояд, ки хусусияти замонавӣ ва услуби хоси илмӣ доранд. Муаллифи чандин мақолаҳои арзишманди илмӣ мебошад, ки дар он масъалаҳои мубрами раванди таърихи ватан ва методикаи таълим он бо назари тоза ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд, аз ҷумла: зиёда аз 25 мақолаҳои дар маҷаллаҳои дар феҳристи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, КТМ ва дастурҳои методӣ, 60 мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла сабти ном гардида, инъикоси худро ёфтааст.
Меҳнатдўстӣ, ташкилотчигию кордонии эшон аст, ки дар баробари иҷрои дастурҳои вазифавии худ ба таълиму тарбия, ба корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ва берун аз он фаъолона иштирок менамояд. Бо Ифтихорномаҳо ва Сипосномаҳои садорати факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шаҳру вилоят мукофотонида шудааст.
Бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2025 ба вазифаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон” таъин гардид.