Амонов Аминҷон Ҷамолович – муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва молиявӣ
Амонов Аминҷон Ҷамолович 17 апрели соли 1977 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, оиладор, соҳиби се фарзанд.
Соли 1994 ба шуъбаи рўзонаи факултети ҳуқуқ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуда, соли 1999 бомуваффақият аз рўи ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Пас аз хатми факултети мазкур аз рӯи ихтисоси зикргардида ба ҳайси ассистенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, соҳибкорӣ ва байналхалқӣ фаъолияти меҳнатиашро дар донишгоҳ оғоз менамояд. Баъдан, дар вазифаҳои сармуаллими кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, соҳибкорӣ ва байналхалқӣ (2008), муовини декани факултети ҳуқуқшиносӣ (2009-2012), раиси КМИК (2012-2024) дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон кору фаъолият мебарад.
Амонов Аминҷон аз 05 апрели соли 2024 иҷрокунандаи вазифаи муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва молиявии Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бар зимма дорад.
Дар мавзуи “Унификатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ” пажӯҳишот бурда, дар ин самт беш аз 30 маводи илмӣ ба нашр расонидааст. Ҳамзамон, дастур ва васоити таълимии тахассусии ба чоп расонидааш дар раванди машғулияти таълимӣ самаранок истифода бурда мешавад.
Барои меҳнати пурмаҳсул ва хизматҳои шоён дар таълиму тарбияи ҷавонон соли 2012 унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор гардидааст. Ҳамчунин, бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳои Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон), раиси вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва чандин Ифтихорномаҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст.
Телефони корӣ: (83422)2-38-95
Телефони мобилӣ: 92-770-41-52
Таълифоти илмӣ