Оё Ҷабаҳаи муқовимат сафҳаи навро дар таърихи Афғонистон бозкушода метавонад?
Пас аз ишғоли Кобул арзи толибон дар бораи барқарор гаштани сулҳу осоиштагӣ дар Афғонистон дар самтҳои мухталиф бо нокомӣ анҷомид. Ҳуҷуму амалҳои дигари афзоишёбандаи «Вилояти Хурсон» (сохтори ДИИШ, ташкилоте ки фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шудааст), душмани асосии толибон, ҳаракати мазкурро бо хавфу хатарҳои ҷиддӣ дар соҳаи бехатарӣ рўбарў намуд, хабар медиҳад рўзномаи «8-и субҳ».
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мавқеи худро дар минтақа пас аз бохти калон аз толибон, ки моҳи сентябри соли 2021рух дода буд, барқарор менамояд. Ҳодисаҳо дар марҳилаи муташанниҷу дигаргуниҳои қатъӣ қарор доранд. Ҳатто Покистон, ҳаммаслаки ягонаи толибон дар минтақа, дастгирии худро нисбати ин ҳаракат (толибон) қатъ намуд.
Пас аз ҳодисаҳои моҳи августи соли 2021, муқовимат нисбат ба толибон ташаккул ёфт, вале суръати ин кўшишҳо вобаста ба зарбаҳои ҳарбии толибон ва наздикиашон бо Исломобод то як андоза суст гаштанд. Дар асоси гузориши Институти таҳқиқоти ҳарбӣ, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки дар рўйхати ташкилотҳое, ки бо тундгароён мубориза мебаранд, дар ҷои аввал қарор дорад, дар баробари гуруҳҳои дигари зидди толибон, ҳуҷуми баҳоронаи худро оғоз кардааст. Неруҳои муқовимат, ки аз ин ё он дастгирии беруна маҳруманд, дар музофотҳо паҳну парешонанд; ҳолати мазкур барои оғози шўриши умумӣ садди роҳ гардидааст. Барои он ки толибонро сарнагун кунанд, ба ин гуруҳҳо лозим аст, ки тағйиротро ба стратегияи худ ворид намуда, ҳамкории байниҳамдигариро ба роҳ монанд.
Нигоҳе ба гузашта
Ҳолати барои Ҷабҳаи муқовимат шаклгирифта дар таърих ҷой дорад. Охири солҳои 90-уми асри гузашта қумандони саҳроии маъруф Аҳмадшоҳ Масъуд, муқовиматро бар зидди толибон роҳбарӣ намуда буд. Имрўз писари ў Аҳмад Масъуд ворисии ин муқовимати умумимиллиро таҷассум намуда, барои сарнагун кардани режими толибон мубориза мебарад. Панҷшер, такягоҳи деринаи Масъуд, маркази имрўзаи муқовимат гаштааст. Бинобар вазъи геостратегии худ, ки бо куҳҳои Ҳиндукуш иҳота гаштааст, водии Панҷшер барои пешбурди ҷанги чирикӣ (партизанӣ) афзалияти бузургӣ тактикӣ дорад. Водии Панҷшер минтақаи ягонае мебошад, ки баъди сукути Кобул ба толибон муқовимати ҷиддӣ нишон додааст. Чуноне ки дар Парламенти Аврупо иброз доштаанд, пирўзии толибон дар мубориза ҷиҳати таҳти назорат гирифтани Панҷшер танҳо баъди мададу дастгирии Покистон тавассути ҳавопаймоҳои ҷангӣ имконпазир гардид.
Дар давоми ду моҳи охир муқовимат дар ҷабҳаҳои мухталиф дар музофоти Панҷшер, Парвон, Каписо, Бадахшон, Балх ва Тохар ба комёбиҳои назаррас ноил гаштанд. Танҳо дар Панҷшер Ҷабҳаи миллии муқовимат дорои 17 базаи ҳарбӣ мебошад. Ғайр аз он, ҷабҳа тавонистааст минтақаҳои калидиро дар Бозорак, Куҳистон, Париёни музофоти Панҷшер, ҳамчунин Андароб ва Талха-ва-Барфаки музофоти Бағлон ба даст орад. Генерал Самӣ Садот, собиқ фарондеҳи неруҳои махсусгардонидашуда ва яке аз тарафдорони Масъуд, дар бораи омодагӣ ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани кўшишҳо бар зидди толибон арз доштааст.
Толибон гўё ягон амал ё таҳдидро нисбати режими худ мушоҳида намекунанд, вале дар асл онҳо аз амалҳои ҷории Ҷабҳаи миллии муқовимат дар ҳаросанд ва шароити мавҷуда онҳоро маҷбур кардааст, ки ба гуфтушунид бо ҷабҳа розӣ шаванд. Ҳолати мазкурро дар кўшиши толибон ҷиҳати баргузор намудани вохўрӣ бо пешвоёни Ҷабҳаи миллии муқовимат дар Теҳрон санаи 21 январи соли ҷорӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Дар он вақт вакилон бо сарварии вазири корҳои хориҷии толибон Амирхон Муттакӣ бо аъзои ҷабҳа мулоқот намуданд. Ин вохўриҳо натиҷаи дилхоҳ надоданд, зеро ҳарду тараф ҳам ба ҳадафҳои худ ноил гашта натавонистанд.
Дар муқоиса бо солҳои 1990, вақте ки муқовимат аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла аз тарафи бозингарони бузург, ба монанди Эрон, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ ва ИМА дастгирӣ меёфт, имрўз Эрон барои барангехтани исён таҳти танқид қарор дорад, Ҳиндустон бошад, худро қариб пурра аз ҳалли муаммоҳои Афғонистон ба канор гирифтааст. ИМА баъди ба интиҳо расонидани таърихи ҳузурашон дар Афғонистон, ягон ҳавасмандиро барои иштирок дар сиёсати минтақавӣ нишон намедиҳанд. Ҳамин тариқ, дар ҳолати ҷой надоштани дастгирии байналмилалӣ муқовимат дар ҳолати бунбаст қарор дошта, барои муборизаи фарогир бо толибон омода нест.
Эҳтиёҷоти ҷиддӣ барои муттаҳид гаштан
Дар мавриди ҷой надоштани дастгирии байналмилалӣ, муаммои асосие, ки ин гуруҳҳо бо он рўбарў мегаданд, рақобати байнигуруҳӣ маҳсуб меёбад. Чунин рақобат ба онҳо имконият намедиҳад, ки ба амалиёти фарогир оғоз намоянд. Ба ғайр аз Ҷабҳаи миллии муқовимат, боз якчанд гуруҳҳои дигар дар он ноҳияҳое, ки дорои нуфуз мебошанд, амалиёти ҷангӣ мебаранд. Вобаста ба ихтилофоти идеологиву сиёсӣ гуруҳҳои мазкур рақиби ҳамдигар ҳисоб ёфта, масъалаи муттаҳидгардонии минбаъдаи онҳоро мураккаб мегардонад. Гумроҳии асосӣ нисбат ба ин гуруҳҳои муқовимат дар он ифода меёбад, ки гўё онҳо неруҳои зиддипашту бошанд. Вале паштуҳо, ки бисёртар ба муқовимат моил ҳастанд, муттаҳидии бештарро нишон дода истодаанд. Неруҳои муқовимат имконияти бо тартиби фардӣ ташкил кардани ҳуҷумҳои на он қадар бузургро бар муқобили толибон доранд, вале барои ташкили ҳуҷуми муштарак ба онҳо захираҳои ҳарбиву молиявӣ кифоягӣ намекунад.
Агар ихтилофоти ҷойдоштаро як сў гузорем, ин неруҳо бояд ба хавфу хатарҳое, ки аз тарафи толибон, гуруҳе, ки Афғонистонро ба ҳадди ҳалокат оварда расонидаанд, бармеоянд, ҷавоб дода тавонанд. Барои мубориза бо ин таҳдид неруҳои паҳну парешони муқовимат бояд ҷабҳаи ягона ташкил карда, таҳти роҳбарии умумӣ амал намоянд. Амрулло Солеҳ, собиқ ноиб-президенти Афғонистон арз медорад, ки бо шарикони минтақавӣ оид ба масъалаҳои бо Ҷабҳаи муқовимат алоқамандбуда машваратҳо баргузор намудааст. Чанд муддат пештар Аҳмад Масъуд арзи Солеҳро тасдиқ намуда, барои таъсиси Шўрои олии муқовимати миллӣ, ки тамоми гуруҳҳои мусаллаҳро таҳти роҳбарии ягона муттаҳид менамояд, даъват намудааст. Умуман ин гуруҳҳо имконияти муқовимат бо толибонро доранд ва метавонанд толибонро барои аз нав баррасӣ намудани масъалаи таъсиси ҳукумати гузаришӣ маҷбур созанд.
Ислоҳи саҳву хатоҳо
Толибон кўшиш карда истодаанд, ки ба эътирофи байналмилалӣ соҳиб гарданд. Ҳамзамон, зулму ситами гуруҳи мазкур нисбат ба сокинон, алалхусус нисбат ба занҳо пурзўр гашта истодаанд ва ягон нишонаи сабукӣ дар ин самт ҷой надорад. Масъалаи мазкур боиси нигарониву норозигии ҷиддии ҷомеаи байналмилалӣ гаштааст ва ҳатто шарикони наздики толибон сиёсати онҳоро маҳкум карда истодаанд. Девони вазирони «Толибон» танҳо аз тарафдорони ин ҳаракат, ходимони динӣ ва намояндагони гуруҳи экстремистии «Шабакаи Ҳаққонӣ» (ташкилоте, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ карда шудааст) иборат буда, ягон нафари берунаро дар бар намегирад.
Доктор Орин Шарифӣ, собиқ роҳбари шуъбаи баҳогузорӣ ба таҳдидҳои Шўрои амнияти миллии Афғонистон ҳолати мазкурро чунин шарҳ медиҳад: «Толибон барои он ки задухўрди минбаъдаро бо муқовимати мусаллаҳ пешгирӣ намоянд, бояд оқилона рафтор намоянд. Барои ба даст оварани ин ҳадаф онҳо бояд таъсиси ҳукумати гузаришро иборат аз нафароне, ки ба гуруҳи онҳо шомил нестанд, баррасӣ намоянд».
Густариши норизоии аҳолӣ нисбати толибон метавонад ҷиҳати ҷалби тарафдорон ва кадрҳои нав ҳамчун нерўи асосӣ барои Ҷабҳаи миллии муқовимат заминаи хуб фароҳам орад. Вобаста ба ҳолати ҳарбии стратегӣ, дар гузашта толибон тавониста буданд барои ғасби Афғонистон ҷабҳаи ягонаро ташкил диҳанд, вале муаммои асосӣ дар он ифода меёбад, ки толибон муттаҳиду ягона нестанд. Пешвоиро дар доихили ҳаракати «Толибон» якчанд гуруҳҳо баҳс менамоянд. Онҳое, ки барои ҳалли масъалаҳои маъмурӣ масъул ҳастанд, асосан аз толибони тундрав иборат иборат мебошанд ва таҷрибаи идоракунӣ надоранд. Ихтилофоти мазкури дохилӣ барои Ҷабҳаи миллии муқовимат барои истифодаи он ҳамчун воситаи сиёсӣ ҷиҳати амалӣ гаштани ҳадафҳояш имконияти хуб фароҳам меорад. Агар ҷангиёне, ки имрўз ба ҳаракат содиқ мебошанд, пагоҳ аз он рў гардонанд, чунин ҳолат барои пешвоёни «Толибон» зарбаи сахте гашта, дар ниҳоят онҳо кадрҳои асосии худро аз даст медиҳанд.
Паёмадҳо
Муқовимати номуназзам, бидуни дастгирии байналмилалӣ, ғайрисамаранок гашта, дар ниҳоят, дар ҷанги муқобили толибон онро ба шикаст рўбарў гардониданаш мумкин аст. Вобаста ба сиёсати тундгароёнаи толибон ва аз уҳдаи идоракунии Афғонистон баромада натавонистанашон, шарикони минтақавии ҳаракат, аз ҷумла Россия ва Чинро, дар таъмини нигаҳдошти ин шарикӣ ба мушкилот дучор гардонда метавонанд. Агар ин кишварҳо ба тарафи дигар гузашта, аз шарик ба душмани толибон табдил ёбанд, барои тааҷҷуб ягон ҷой надорад. Онҳо ба хулосае омада метавонанд, ки дар тафовут аз толибон, неруҳои муқовимат барои ҳифзи манфиатҳои онҳо, бинобар бархурдор будан аз маҳорату малакаи маъмурии идоракунии Афғонистон, имконияту таҷрибаи бештари маъмурӣ доранд.
Бо назардошти он ки дар байни пешвоёни муқовимат Ҳиндустон дорои маъруфияти зиёд мебошад, рўзҳои наздиктарин оид ба баргузории гуфтушунидҳои фаврӣ бо ташаббуси Деҳлӣ шоҳид гаштан мумкин аст. Сатҳи омодагии ИМА ва давлатҳои дигари Ғарб барои дахолати ҳарбӣ ба Афғонистон қариб ба сифр баробар аст. Алҳол барои Ғарб мушоҳидаи дақиқкорона аз болои вазъи Афғонистон ва таҳдидҳое, ки барои толибон аз тарафи Ҷабҳаи миллии муқовимат бармеоянд, бештар писанд аст.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ танҳо дар он вақт ба хулосаи қатъӣ омада метавонад, ки агар шарораҳои алоҳида боиси аланга гирифтани оташи ҷанги фарогир, ҷанги шаҳрвандӣ гашта, азобу шиканҷаи сокинони мамлакатро, ки бе ин ҳам аз панҷ даҳсолаи ҷанг хаста шудаанд, бештар мегардонад, қайд менамояд, нашрия.
Сарчашма: regnum.ru/news/polit/3614864.tml
Тарҷумаи Шавкат Зокиров – сармутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқии ДДҲБСТ