ТО ҲОЛ ЯРОҚЕ ИХТИРОЪ НАГАРДИДААСТ, КИ ҲАҚИҚАТРО БУРД НАМОЯД

Албатта, ҳақиқат дар ҳама давру замон аз ҳама чиз боло буд ва боло хоҳад монад монд. Имрӯз, мо бо тамошо кардани филми “Шикасти фитна ва ошкоршавии асрори фитнагарон” бори дигар, шоҳид гардидем, ки ҳақиқат ҳамеша бурд хоҳад кард ва ин ворисони аҳриман ҳеҷ гоҳ ба мақсади ғарази худ нахоҳанд расид.

Дар ҳақиқат, кирдорҳои анҷом додаи ин лидерон – дар асл роҳбарони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон боиси паст гардидани на танҳо обрӯи мардуми Бадахшонзамин, балки тамоми сокинони кишвар гардид. Наход, дидаву дониста инсон ҳамватанони худро ба митингҳои мусаллаҳона, гирдиҳамоиҳо ва дар умум ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ даъват намояд. Роҳбарони ТЭТ ҲНИ, аз он ҷумла Муҳиддин Кабирӣ ва Алим Шерзамон аз он манфиатдор мебошанд, ки аз бетартибиҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ истифода намуда, соҳиби мансаб гарданд. Манфиати хоҷагони онҳо бошад, аз оғози бетартибӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ табдил додани Тоҷикистон ба майдони бозори маводи мухаддир, савдои одамон ва яроқ мебошад. Барои ҳамаи ин, роҳбарони ТЭТ ҲНИ аз ҳисоби хоҷагони худ, барои оғози бетартибӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон як қатор ҷинояткорони ВМКБ-ро маблағгузорӣ мекарданд.

Филми “Шикасти фитна ва ошкоршавии асрори фитнагарон” бори дигар исбот намуд, ки ин хоинони кишвар сад дар сад кӯшиши ғасби ҳокимият бо роҳи оғози бетартибӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро дошта, аз ин мақсади ғарази худ ҳеҷ гоҳ даст кашидани нестанд.

Чанд соли охир бошад, ин хоинон мехоҳанд барои амалӣ шудани мақсади худ аз мардуми Бадахшонзамин истифода намоянд ва онҳоро ба доми худ кашанд. Вале, сокинони ВМКБ кайҳо дарк кардаанд, ки ин гуруҳ мақсади пок надоранд. Сокинони ватандӯстӣ вилоят дар қатори дигар минтақаҳои кишвар ҳеҷ гоҳ ба ин афрод намегузоранд, ки онҳо Ватани азизи моро боз ба доми ҷанг кашанд.

Дар ривоятҳое, омадааст, ки калимаи “Бадахшон” аз калимаи “Дурахшон” гирифта шудааст. Яъне ин минтақаи Тоҷикистон аз азал бо сангҳои қиматбаҳояш, ки бо дурахши худ дар ҷаҳон машҳур буданд, шӯҳрати ҷаҳонӣ дошт. Ишора ба ин, Аҳмади Дониш ҳанӯз дар китоби худ “Наводир-л-вақоеъ” (Душанбе, “Адиб”-2020, саҳ 143, 144) овардааст, ки вақте аз намояндаи кишвари аврупоӣ мақсади омадани онҳоро ба Ҳиндустон мепурсад, ӯ ҷавоб медиҳад, ки “…Бадахшон мулкест, ки манзари назари офтоби рахшон аст ва маъдани ҷавҳари дурахшон. Ва хазинаҳои султони торуми чаҳорум аст ва дар он чаҳор маъдан аст, аз тилову лоҷварду лаълу ёқут… Ба ғарази мо аз тасаллут дар замини Ҳиндустон ва ин ҳама ихроҷот кардан пай ба он замин бурдан аст ва дар он роҳ кушодан”. Яъне, омадани худро аврупоиҳо ба Ҳиндустон то қадри имкон наздик шудан ба Бадахшон номидаанд.

Ҳамзамон, дар ривоятҳо ва гуфторҳои мардумӣ омадааст, ки калимаи “Помир” аз ибораи “Пои Меҳр” гирифта шудааст. Яъне, он минтақае, ки пои (қадами) Меҳр-Худованд расидааст ва сафедии барфи кӯҳҳои минтақаи мазкур нишона аз покӣ ва сулҳу осоиштагӣ мебошад.

Аз ин ҷост, ки ин минтақаи биҳиштосо садҳо фарзандонеро тарбияи намудааст, ки хизматҳои шоистаи онҳо боиси ифтихори маллат мебошанд. Шахсиятҳои бузург ба монанди Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум,  Мирсаид Миршакар ва садҳо дигарон, ёдгориҳои таърихии минтақа аз қабили Қалъаи Хумб, Ванҷқалъа, қалъаи Вомар, Кофирқалъа, Чокарқалъа, Доруҷ, Қаҳқаҳа, Ямчун, Қалъаи Рин, Қалъаи Вранг, Вршимқалъа, Қалъаи Ҷавшангоз ва садҳо дигар ёдгориҳо, ки танҳо номҳои онҳо дар китобҳо боқи мондаанд, нишона аз соҳибтамаддун ва ворисони асили ориёӣ будани мардуми ин сарзамин мебошад.

Пас, мардуми сарбаландӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Шумо намезебад, ки ба иғвову дасисаҳои чанд душманони Тоҷикистон дода шуда, якпорчагӣ ва сулҳу суботи кишварро ба хатар гузоред. Зеро, Шумо низ дар қатори дигар сокинони кишвар дар ба даст овардани ин сулҳу субот, хизматҳои шоён кардаед. Ба Шумо пешравӣ, саҳм гузоштан дар ободӣ ва рушди кишвар ва ҳамеша ба пеш рафтан мезебед, зеро Шумо аз “Боми ҷаҳонед” ва ба Шумо баландӣ зебанда аст на пастӣ.

 

Ахмедов Шаҳбоз – сармутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ        

You might also like