БА ТАРБИЯИ ҶАВОНОН САҲМГУЗОР БОЯД БОШЕМ
Пешрафту ояндаи мамалакат ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба нерӯ ақлу заковат, муҳаббати ҷавонони саодатманд ба халқу Ватан иртиботи ногусастанӣ дорад. Аз ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерӯи бузурги бунёдкориву созанда ва захираҳои тиллоии миллату давлат номидаанд.
Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди ҳамаи соҳаҳои мухталиф нақши ҷавонон хеле назаррас аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаву нав, нерӯи муҳими пешбаранда ва созанда буда, истифодаи васеъи технологияҳои муосир ва иқтисодиётро дар истеҳсолот метавонанд ба хубӣ таъмин созад. Ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор имтиёзҳо, аз қабили стипендияи президентӣ, квотаи президентӣ, стипендияи байналмиллалии президентӣ, грантҳои президентӣ барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар бахши тарбияи ватанпарастии ҷавонон фаъолият дошта, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда, чун зуҳуроти ғамхории пайвастаи Ҳукумати мамлакат идома дорад.
Ҷавонон идомадиҳандаи миллат, шараф, фарҳангу тамаддун, анъана, расму оин, забон ва бунёдгузорандаи ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои ҷавон буда, қисми зиёди онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки 30-сол мешавад, ки миллати сарбаланди тоҷик соҳиби давлати соҳибихтиёр буда, дар кишвари азизамон хуршеди истиқлол партафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкорона ва манзилу маъво имрӯзу фардоямонро мунаввар месозад.
Андешаҳои созандаи Пешвои муаззами миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонад. Яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷӯҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Дар ҳама чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ маъмулан ба ҷавонон эътибор зиёд мегардад. Ҷавонон гули сари сабади маҳфилҳо ҳастанд. То он даме, ки насли ҷавони миллат аз лиҳози ҷисмонӣ ва ақлонӣ пешрав набошад, аз донишҳои муосир баҳраманд нагардад, тараққиётро умедвор гаштан нашояд. Воқеан ҳам ҷавонон дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафи вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ дарк менамоянд.
Насли наврас ва ҷавонон ба мисли лой дар дасти кулол аст ва калонсолони ҷомеа чӣ қадар бомаҳорат бошанд, лойи дасташон ҳамон қадар зеботар шакл мегирад. Гоҳе чунин ба назар мерасад, ки ҷавонони мо аз лиҳози донишҳои техникӣ, дар иқтидори технологияи муосир аз калонсолон пешрафтатар ҳастанд. Аммо, дар ин ҳолат ҳам барои ҷавонон ҳидояти бузургон эътибори махсус дорад. Ба қавли Соиби ширинкалом:
Қомати хамгаштаи пирон нишони марг нест,
Як камон сад тирро бар хок яксон мекунад.
Дар ҷомеаи муосири мо зарур аст, ки одати пандҷӯӣ ва тадбирҷӯии пирон баҳри ҷавонон аз сари нав ҷоннок ва тақвият ёбад. Бетарафӣ дар тарбияи ҷавонон офати миллат аст. Агар пирони рӯзгордида ба сари шохи ҷавонон назананд, як кирдори ноҷояашонро пешгирӣ накунанд, пас он маҳалла макони ҷавонони бадахлоқ мешавад. Масъулияти тарбияи ҷавонон бар гардани ҳамаи аҳли ҷомеа гузошта шудааст. Мутаасифона, баъзан бетарафӣ ва бепарвоии ҷамъият сабаб мешавад, ки ҷавонон ба вартаи гумроҳиву бадномӣ мефароянд.
Агар ба назар ҷавон олиҷаноб, пешқадам, соҳибрайъ ҳам бошад, лекин ӯ ба панду раҳнамоии пирони рӯзгордида ниёзманд аст. Чунончӣ дар ин бора Хоҷа Низомии Ганҷавӣ дар “Шарафнома” фармудааст:
Ҷавон гарчи шоҳи далерон бувад,
Гаҳи чора муҳтоҷи пирон бувад.
Ҷавон гар ба дониш бояд беназир,
Ниёз омадаш ҳам ба гуфтори пир.
Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, ҷавонӣ ҷовидон намемонад, рӯзе мерасад, ки ҷавонон ҳам пир мешаванд. Аммо самараи тарбияи ахлоқе, ки дар айёми ҷавонӣ ба даст овардаанд, барои тарибияи наслҳои наврас лозим хоҳад шуд.
Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи донишандӯзӣ ва меҳанпарастӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир, таъмини талаботи бозори меҳнат ба мутахассисони соҳибкасб ва амсоли инро сармашқи кори худ қарор дода, барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиши ҷавононро боз ҳам фаъолтар намоем.
Абдуллоева А.Т. – дотсент, мудири бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилоти ДДҲБСТ