ТАЪСИРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БА АМНИЯТИ КИШВАР
Ҳодисаҳои вақтҳои охир нишон медиҳад, ки терроризм таҳдиди воқеӣ ба тамаддуни умумибашарӣ мебошад. Дар луғат омадааст, ки “Террор” – даҳшат андохтан, тарсонидан, ситам ва ҷазои ҷисмонӣ, амали бераҳмона ва бо ҷабру фишор маҳв кардан аст. Ин зўроварӣ барои мағлуб кардани мухолифони сиёсӣ кор фармуда мешавад. Вале, ин амали ношоиста нисбати мардуми бегуноҳ нигаронида шудааст, ки ба ягон қолаби инсонӣ намеғунҷад. Ин воқеаҳои фоҷеабор тамоми оламиёнро ба ташвиш овардааст, лекин инсоният ҳеҷ гоҳ аз ин гуна амалиёти ваҳшиёна наметарсад, тайёр аст, ки бар зидди чунин рафторҳои ғайриинсонӣ, қатлу куштор мубориза барад.
Имрўз кишвари моро, мардуми инсонпарвару бонангу орро падидаҳои номатлуб аз ҷумлаи шомилшавӣ ба ҳизбу харакатҳои ифротгарой, худкушӣ, ҷинояткорӣ, бетарафию фориғболии аксарияти ҷавонони фирефташуда ба ташвиш меоварад. Ҳатто баъзе аз ҷавонон дар низоъҳои мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ иштирок намуда, бар зидди бародарони худ силоҳ мебардоранд.
Ҷавононе, ки донишу ҷаҳонбинии васеъ доранд, харгиз ба доми фиреби чунин таблиғгарони манфиатҷў намеафтанд. Афсўс, ки дар ин давраҳои ҳассос маънавиёти аксари ҷавонон коста гардида, ҳаёти худ ва оромии волидайнро зери хатар мегузоранд. Муҳассилину толибилмонро даъват ба он мекардам, ки зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва ба доми фиреби хоҷагони бурунмарзӣ ва ҳар гуна ашхос, ки дар зери ниқоби динӣ касро гумроҳ менамоянд, нафароянд. Барои ояндаи дурахшони давлату миллат, ононро лозим аст, ки илму дониш ва касбу ҳунар омўзанд.
Ҷои инкор нест, ки олами Ғарб маҳз аз тараққиёти илмӣ ва мутолиаи пайваста ба ҳадафҳои бузург расидааст. Ҳар таназзул ва пастравие, ки кишварҳои дунё ба он рў ба рў мегарданд, сабабаш дар фосила гирифтани сокинони он кишвар аз илму дониш дониста мешавад. Ҳадаф аз гуфтаҳои боло ин аст, ки шукрона аз ҷамъияти ободу озод намуда, шароитҳое, ки даврони истиқлол ба мо фароҳам овардааст, хонему, донему, илм омўзем, зеро илм ғизои ақл аст. Шахсе, ки бо илму амали нек омода аст, ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ кас ўро гумроҳ карда наметавонад ва ба амали зишт даст намезанад. Маводҳои хонданӣ аз қабили китобҳои бадеӣ, рўзнома, маҷалла ва дигар адабиёти маълумотдиҳанда дар китобхонаи илмии донишгоҳамон зиёд шуда истодаанд ва сафи истифодабарандагон – донишҷўёни фаъол низ меафзоянд. Китобдорон бо мақсади паҳн намудани дониш, дар бедор намудан ва инкишоф додани рағбати хонанда ба китобро тавассути ташкили чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, тарбиявӣ ба сомон мерасонанд. Онҳо дар соатҳои тарбиявии донишҷўён дар мавзўҳои гуногуни ҷашнию таърихии кишвар масъалаҳои мубрами рўз, муррифии китобҳои навворидшудаи таълимию тахассусӣ сўҳбатҳо ташкил менамоянд. Ин аст. ки тавассути усулҳои гуногуни тарғиботию ташвиқотӣ ба мутахассисон муяссар мегардад, ки ҷавононро ба роҳи хуби ташаккули тафаккури маънавию зеҳнӣ ва фарҳангӣ фарогир намоянд.
“Баъзеҳо гумон доранд, ки иттилоот ҷои китобро гирифтааст. Ин андеша нодуруст аст, зеро ҳеҷ ягон воситаи дигар китоб хонданро иваз карда наметавонад. Аввалин маълумоте, ки дар зеҳни хонанда мемонад, ин номи муаллиф, номи китоб, намуди он, тарзи ороиши он аст, ки тамоми умр дар хотир мемонад. Барои он, ки фарзанди мардум китобхон шавад, мақсади олии инсонӣ будани хондан ва ҷустани маълумотро дар зеҳни вай, дар устухони вай парварида тавонистан зарур аст. Агар ин омили тарбия ба падару модар даст диҳад, дарду дармони хондан то охири умр инсонро тарк намекунад”. (Қадриддин Исоев. Илм ғизои ақл аст.- Минбари халқ. -№30, 2015.- С. 14.)
Нагузорем, ки ҷомеаи моро харобии маънавию ахлоқӣ фаро гирад. Яке аз омилҳои пешравӣ, ҳушёру зирак шудани шахс, бешак, мутолиаи адабиёти миллӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Азбар намудани осори гаронарзиши адабии нависандагони классику даврони муосир пояи мустаҳками маънавиёти инсони комил аст.
Дар ҷаҳони ҳозира, сарфи назар аз гуфтаҳову фармудаҳои Қуръони маҷид, як қатор ҳизбу созмонҳо, ҳаракату гурўҳҳо, дастаҳову ҷунбишҳое, ки ба худ унвони исломиро гирифтаанд, ин дини поку бегазандро ба арсаи муборизаҳои сиёсӣ мекашанд ва бо кирдорҳои нопок ва ноҷавонмардонаи хеш ба он иснод меоранд. Мақсади ба сиёсат рў овардани шахси исломӣ ин қудрат ҷустан аст, ў бо ин васила мехоҳад мақсадҳои ғаразноки худро ба сомон расонад. Бо ин гуна маълумотҳо мо аз расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ огаҳ хастем. Ҷавононро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гумроҳ намуда, барои тайёр кардани террорист ба мамлакатҳои хориҷа фиристодаанд. Ин гуна ҳолатҳо ҳаёти ҷамъиятро халалдор намуда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунад.
Аз ин лиҳоз, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ вазифаи муқаддаси мо аст. Ҷавононро бояд чунин тарбия намоем, ки дар муқобили хавфу хатари террористӣ, экстремистӣ мутаҳид шуда, бо зиракӣ ва ҳушёрии ватандўстона барои пойдории давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеа пайваста кўшиш намоянд.
Салимова Д.У. – директори китобхонаи илмии ДДҲБСТ