ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ КИШВАР БОЯД ФАРОГИРИ МАЪЛУМОТҲОИ ҶОНИБДОРӢ АЗ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ БОШАД

Дар раванди ҷаҳонишудан мақом ва нақши воситаҳои коммуникатсионӣ тадриҷан меафзояд. Суръати тағйироти технологӣ, махсусан дар соҳаи иттилоот ва телекоммуникатсия, ба раванди ҷаҳонишудан таъсири фаъол мерасонад. Дар зери таъсири истифодаи васеи технологияи коммуникатсионӣ фазои ягонаи глобалӣ, ҳолати ягонаи макониву замонии умумисайёравӣ ташаккул меёбад.

Дар асри 21, ки асри иттилоот низ меноманд тамоми дунёро маълумотҳои электронӣ фаро гирифтааст, ки ин маълумотҳо аввал ва охир надоранд. Яъне ҳар як нафаре, ки мехоҳад, метавонад имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи кушодани шабакаҳои худ фикру ақидаи худро баён намояд. То андозае ин кор барои баъзе нафарон як манбаи даромад низ шудааст. Ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ нафароне ҳастанд, ки мардумро ба роҳи дуруст ва ё баръакс ба гумроҳӣ бурда истодаанд.

Таҳдиди иттилоотро бошад мо рӯз аз рӯз бештар ҳис менамоем ва ин моро водор месозад, ки дар ин самт бетараф набошем.

Барои мисол яке аз хатарҳои асосӣ дар соҳаи иттилоот ин паҳн гардидани маводҳои зидди ақидаҳои мардумӣ аз ҷониби гуруҳҳои террористӣ ва ба воситаи он гумроҳ гардидани сокинон мебошад.

Чанд рӯз ин ҷониб мо шоҳиди он гардида истодаем, ки дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон як гурӯҳ ҷинояткорон зиддӣ ҳокимияти қонунӣ гирдиҳамоии мусаллаҳона ташкил намуда, мардуми бегуноҳро низ даъват ва гумроҳ намуда истодаанд. Ба гуфти як гуруҳ хоини миллати тоҷик, ки айни замон дар хориҷа қарор доранд, гӯё ин гирдиҳамоиҳо осоишта бошад. Ҳол, он ки ҳамаи нафарони дар гирдиҳамоӣ иштирок намуда, аз ҷониби гурурӯҳҳои террористии хориҷӣ бо силоҳ мусаллаҳ гардонида шуда буданд. Дар инҷо саволе ба миён меояд, ки чигуна гирдиҳамоие, ки иштирокчиёни он бо худ силоҳ доранд, метавонад осоишта бошад?.

Ҷинояткории ин лидерони ғайрирасмии ВМКБ сад дар сад исбод шудааст. Аллакай тамоми мардум медонанд, ки ин саркардагони гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба ғайр аз гумроҳ намудани ҷавонон дигар ягон коре накардаанд.

Вале, ба фикри банда дар замони иттилоотӣ муаммои асосӣ ин батарафии аксар сокинони кишвар мебошад.

Зеро, ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ мо шоҳиди он мегардем, ки аз вазъ истодфода намуда, аъзоёни гурӯҳҳои террористии ҳизби террористии наҳзати ислом, аз он ҷумла Кабирӣ, Муҳаммадиқболӣ Садриддин, Шарофиддин Гадоев ва дигарон, ки барои хоинӣ ва анҷом додани фаъолияти террористӣ аз Тоҷикистон гуреза гашта, дар давлатҳои хориҷӣ паноҳ гирифтаанд ҳоло ҳам аз мақсадҳои ғарази худ даст накашида, мехоҳанд бо ҳар роҳу восита, мардуми Тоҷикистонро ба гумроҳӣ бурда, ватанро ба доми ҷанг кашанд. Аз ҷониби ин ашхос, мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводҳои бардурӯғи зидди сиёсати давлатӣ ва халқи Тоҷикистон паҳн мегардад.

Аммо, бисёри нафарон – сокинони ҷумҳурӣ бар зидди онҳо ягон вокунише нишон намедиҳанд, ҳол он, ки сад дар сад медонанд, ки суханҳои ин хоинон бе ғайр аз туҳмат бар зидди Тоҷикистон дигар ягон сухане нест.

Аз ин сабаб, ҳамаи моро мебояд, ки дар пуштибонӣ намудан аз сиёсати имрӯзаи ҳукумати кишварамон бетарафӣ накарда, фазои иттилоотии кишварро бо маводҳои дорои хусусияти ватандӯстӣ дошта пурра намоем.

Зеро, имрӯз гурӯҳҳои ифротгаро тавассути сомонаҳои интернетӣ таблиғи ақидаҳои ифротгаронаи худро истифода намуда, ба сафи худ одамонро ҷалб мекунанд, ки ин раванд барои амнияти кишвар хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз базъе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти ифротгароён, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд.

Мо бояд аз хотир набарорем, ки марҳилаи начандон тӯлонии таърих собит сохт, ки халқи тоҷик миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонад бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеъан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд.

Ватани маҳбуби мо бо боду ҳаво, иқлим, табиат ва мардуми фарҳангсолору сулҳофару меҳнатқаринаш нотакрор аст, ки мо инро бояд дар шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос карда тавонем, то ин бадхоҳони миллат боз ҳам фаҳманд, ки мо мардуми Тоҷикистон аз онҳо ва суханони онҳо безорем.

Бояд, ҳаргиз нагузорем, ки душманони Тоҷикистон чунин Ватани ободи моро бо суханҳои иғвоангезонаву бардурӯғ дубора ба ҷанги шаҳрвандӣ кашанд.

 

Ахмедов Ш. – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

You might also like