ШУКУФОИИ МИЛЛАТ ХАНҶАРИ ТЕЗЕСТ БАР ҶИГАРИ МАНҚУРТҲОИ ГУРУҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ
Пас аз хомӯш гардидани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва таҳкими сулҳу субот дар кишвар мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, дар устуворӣ ва таҳкими Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ҳар чӣ бештар саҳмгузор бошанд. Дастовардҳои бузургеро, ки то имрӯз миллати тоҷик ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дар партави сиёсати Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст, ҳеҷ фарди солимфикру боинсоф инкор карда наметавонад.
Вале ҳастанд гурӯҳҳое, ки шукуфоии кишвари биҳиштосоро нодида гирифта, ё худ аз ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол нороҳат гардида, ҳар гуна тӯҳмату бӯҳтон, иғвоҳои баҳсбарангез ва ҳар гуна ноҷавонмардиҳое нисбати миллате мекунанд, ки онҳоро ба оғӯш кашидаву меҳри Ватан дода ба воя расонидааст. Ин нафароне ҳастанд, ки шайдои хоҷагони худ буда, барои молу пул ва мавқеи сагонаи худ Модар – Ватан, миллати хешро фурӯхтаанд. Ин афроди миллатфурӯшро “манқурт” меноманд. Баҳри “манқуртчиён” фақат каломи “хоҷа” аз ҳама чиз авлотар аст. Воҷаи “манқурт” – ро бори нахуст Чингиз Айтматов дар романи “Рӯзе дарозтар аз қарн” истифода кардааст. “Манқурт” касе мебошад, ки хотира ва муқаддасоти таърихӣ, аз он ҷумла падару модар, деҳа, қабристон, забон, фарҳанг, Ватан, миллат ва монанди инҳоро ба хотири арзишҳои бегонаи зиддиинсонӣ мефурӯшад.
Умуман, манқурт лаббайкгӯи сухани хоҷааш буда, ӯ бо забони хоҷааш сухан мегӯяд, бо гӯши хоҷааш мешунавад, бо дасти хоҷааш мегирад ва ба пойи хоҷааш роҳ меравад.
Дар тӯли ҳазорсолаҳо дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ донишмандоне, чун Хоразмӣ, Розӣ, Берунӣ, Сино, Хайём, Тӯсӣ ва дар фарҳангу адаб мутафаккироне, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва садҳо нафари дигарро парваридааст, барои онҳо бегонаанд магар?
Дар тафаккури онҳо илму дониш ва фарҳангу маърифат амал намекунад, оянда ба майнаи сари мардум ибораҳои машҳури “гуфтори нек, пидори нек, рафтори нек” – ро мафҳумҳои биёбоние, ки аз онҳо танҳо бӯйи қатлу куштор ва маҳви инсоният меояд, чун: (“ҷиҳод”, “шаҳид шудан дар роҳи Худо”, “моли кофир барои муъмин ҳалол”) ҷо шуданаш мумкин аст. Дигар барои ин манқуртҳои маҳалливу хоҷаҳои хориҷиашон на раҳм вуҷуд дораду на шафқат. Чунки онҳо аз рӯи таълимоти динию мазҳабӣ дар роҳи Худо зӯровариро як амали хайр медонанд. Аз зулму истибдоди ҳамин гуна ашхос аксарият мардуми Тоҷикистон, олимону рӯшанфикрон ва намояндагони дигар табақаҳои ҷомеа ба бадбахтиҳо гирифтор шудаанд, ки таърих инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.
Бо сабаби бегонагӣ аз миллату давлат бисёре аз ҷавонони мо ва аз набудани ҳуввияти миллӣ дар аксари рӯҳониён дар бештари ҳафтаномаю маҷаллаҳо ҳар лаҳза расму ойин, дину мазҳаб ва фарҳангу маърифати аҷнабиеро тарғиб мекунанд, ки хусусияти экстремистию террористӣ доранд. Кулли фарҳангиён, рӯҳониён ва дигар афроде, ки ба чунин амалҳои номатлуб даст мезананд, ҷаҳонбинии таассубӣ дошта, ба тамоми ҳодисоту равандҳои табиат, ҷамъият ва умуман ҷаҳон аз доираи маҳдуди дини ислому мазҳаби суннӣ менигаранд. Инчунин афроди дигаре, дар ҳалли тамоми мушкилот баргашт ба хатти арабиро мебинанд. Вале имрӯз ҳеҷ зарурати баргаште ба ин ё он хат надорад, чунки техникаю технологияи муосир дар як сония матни китобро ба ин ё он хат баргардон ва тарҷума менамояд.
Онҳо хурофотпараст буда, аслан дар фикри пешравию беҳбудии халқи тоҷик нестанд, балки ҷаҳонбинии хурофот ва тассубро тарғибу ташвиқ менамоянд ва бо ин амали хеш мехоҳанд, ки байни мардуми шарифи Тоҷикистон ҷудоӣ андохта, ҳодисаҳои соли 90-умро такрор намоянд. Онҳо ягон барномаи солиме надоранд, ки барои пешрафти ҷамъият бошад, корашон танҳо тӯҳмату ғайбат ва айбдор намудани роҳбарияти давлат аст. Агар ин шахсҳо ғамхори мардуми тоҷик мебуданд, то ин қадар иғвою фитна андохтан байни халқ, барномаҳои ояндасози худро пешниҳод мекарданд. Аллбатта, ин кор ҳам ба манфиати давлат ва ҳам худи онҳо буда, зиндагии мардум беҳтар мегардид.
Ин гуна методҳои мантиқии бегонапарастиро таърихи чандин ҳазорсолаи миллати ҷафодидаи тоҷик хуб дар хотир дорад. Масалан, намунаи наздиктарини чунин ҳодисаҳо майдоннишиниву сангарнишинӣ ва рехтани хуни ҳазорон фарзандони бегуноҳи тоҷик дар солҳои 90-ум мебошад. Ҳодисаҳои солҳои охир, ки дар кишварҳои Сурия, Ироқ, Афғонистону Покистон ва умуман ҷаҳони ислом рух дода истодаанд, ҳамагӣ ба таассубӣ ва бегонапарастӣ шабоҳат доранд. Фоҷиаҳои мамлакатҳои ҳамсоя мисли Афғонистону Покистони ҷангзада низ ҳосили Исломи сиёсии таассуби динӣ мебошад. Яъне дини ислом дар таърих вазифаи худро ҳамчун дини таҳаммул, тарғиби ахлоқи ҳамида, якдигарфаҳмӣ, некӣ анҷом додааст, имрӯз ҳам дин ҷавобгӯи роҳи ҳалли мушкилоти башар аст.
Аз ин навишта ба хулосае омадан мумкин аст, ки барои омӯзиш ва шинохти аслии мавзӯъҳои динӣ усулҳои илмӣ вуҷуд дошта, дар инкишофи омӯзиши паҳлӯҳои норавшани дин боз олимон, мутахассисони соҳои илм камари ҳиммат бандад. Аз асри VII то ба имрӯз дини Ислом тараққӣ кард, дар ҷомеа мавқеъи баландро соҳиб гардид. Аммо имрӯз ба даври аввалаи ин дин баргашта наметавонем ва ба бегонапарастӣ, тассуби динӣ роҳ намедиҳем. Дар асри ХХI бедор кардани афкору андешаи садаи VII корест, муқобили ҷараёни таърих ва раванди зиндагии мардум. Аз нодониву ноогоҳии баъзе ашхос сӯистифода карда, авомфиребӣ накунем ва даст бо бадтарин кирдорҳои ношоиста назанем. Дар ҷаҳони имрӯза, ки Ислом ҳамчун як дини ҷаҳонӣ инсондӯстӣ шинохта шудааст, вазифаи муҳими мо ин мавқеро аз даст надодан аст. Аз ин рӯ, мо ва умуман аҳли мусалмонон пешрафту тараққӣ кардан мехоҳем, бояд аз қолабҳои фарсудаю кӯҳнашудае, ки барои пешрафти ҳаёт монеа эҷод мекунанд, даст бикашем. Дигар наметавон аз рӯи он принсипҳои кӯҳнаву бофта зиндагиро давом дод.
Шамсиев Ф.К. – мудири кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ