ХАЛҚ БОЯД ДУРБИН БОШАД
Вазъияти имрўзаи ҷомеаи ҷаҳони то рафт мушкил, пуртаззод шуда, дар он бесарусомонӣ, дуруягӣ, риоя накардани меъёрҳои мавҷудбудаи байналхалқии сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ ба назар мерасад ки асосан онро ба ҳодисаҳои рўхдода дар Ҷумҳури Украина вобаста мекунанд.
Лекин вазъияти бавуҷудомада дар Ҷумҳурии Украина алакай аз чаҳорчўбаи ин давлат баромада, ба низои байналхалқӣ табдил ёфтааст. Охир ва ё роҳи ҳалли ин низоъро ҷонибҳо танҳо бо роҳи истифодаи қувва мебинанд ва айни ҳол онро истифода бурда истодаанд. Ташкилоту созмонҳои мавҷудбуда, ба ин ҳодиса таъсир расонида натавониста истодаанд. Дипломатия ба ҷои дуюм гузашта, қувва дар ҷои аввал менишинад.
Коршиносон ба он ақидаанд, ки агар ин вазъият тезтар роҳи ҳалли худро наёбад, сарзадани ҷанги нави ҷаҳонӣ аз эҳтимол дур нест. Ба ҳеҷ кас пўшида нест ва рафти ҷанг низ худ нишон дода истодааст, ки шакл ва намуди ҷанги нав ба кулли аз ҷангҳои пештара фарқ мекунад. Аз ҳама хатарнокатаринаш ин аст, ки хатари оғози ҷанги ядроӣ бештар ба назар мерасад. Ҷонибҳо якдигарро гунаҳкор карда, аз истифодаи ҳамин яроқ тарсонида истодаанд.
Яъне дар ин кишвар бархўрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ба чашм мерасад. Барои амали намудани манфиатҳои геополитикии худ онҳо ба ҳама корҳо қодиранд. Бинобар ин, дар рафти амали намудани манфиатҳои худ аз ҳама роҳу воситаҳо истифода мебаранд. Аз он ҷумла солҳои охир мушоҳида мешавад, ки бештар дар дохили кишвар бо низоҳои дохилидавлатӣ бештар ба вуқуъ меоянд. Яъне давлатҳои манфиатҷў бо дасти ҳар гуна гурўҳҳои ғайриқонунӣ ташкилгардида дар дохили кишвар низоъ андохта баъдан онро ба манфиати худ истифода менамоянд.
Ҳодисаҳои дар ВМКБ рухдода аз он нишон медиҳад, ки дар ин ҷо низ дахолат аз берун мебошад. Зеро мардуми кишвари мо як маротиба ба ин гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ аллакай гирифтор шуда буд ва то ба имрўз оқибатҳои онро мо бартараф карда истодаем. Як гурўҳи хурди ғайриқонуни ташкилгардида дар асоси кадом меъёру қонунҳо аз номи тамоми мардуми Бадахшон баромад намуда, даст ба таҳазуроту бетартибиҳо мезананд. Магар онҳо ҳодисаҳои дар ҷаҳон рухдода ва алалхусус ҳодисаҳои дар ҳамсоякишвари мо Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро надида бошанд. Зеро аз ин бетартибиҳо душманони миллати мо истифода бурда метавонанд, ки кишвари моро дубора ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ андозанд.
Ҳодисаҳои дар Украина, Сирия, Ироқу Афғонистон ва Ливия нишон дод, ки дар аввал маҳз чунин гурўҳҳои ғайриқонунӣ зидди ҳукумати қонунӣ баромада, вазъиятро дар дохил вазнин намуда, баъдан ба он дигар давлатҳо ё ба таври дигар гўем хоҷагони берунаи онҳо барои амали намудани нақшаҳои худ аз хизмати онҳо истифода мебаранд. Ин гурўҳҳоро ва ё шахсонро қурбонии манфиатҳои худ менамоянд. Барои хоҷагони берунаи онҳо марги ин шахсони гумроҳгашта ё тасодуфан миёни ин гурўҳо афтода ягон арзиш надорад.
Мутасифона ҳодисаҳои рухдода бори дигар нишон медиҳад, ки дар миёни мардум ҳоло ҳам шахсоне ёфт мешаванд, ки вазъияти имрўзаи дохилӣ ва ҷаҳониро дида ба худ ягон хулоса намебарорад. Дидаю дониста даст ба бетартибию тазоҳурот ва ҷиноят даст мезананд, ки оқибаташ ба марг ва ё паси панҷара ба анҷом мерасад.
Аз ин лиҳоз мехоҳам аз ҳар як фарди кишвар ва аз он ҷумла мардуми бошарафи Бадахохшон хоҳиш намоям, ки ба чунин корҳо роҳ надиҳанд. Зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Нагузоранд, ки дасти нохалафе ба сари мардуми тоҷик бардошта шавад.
Давлатов У.Н. – муалими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ