НАСЛИ ОЯНДАИ КИШВАР БАВУҶУДОРАНДАГОНИ САБАБҲОИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДИРО НАҲОҲАНД БАХШИД
Имрӯзҳо ҳамаи мо шоҳиди он гардида истодаем, ки дар арсаи байналмилалӣ вазъияти сиёсии ҷаҳон нотинҷ, зудтағйирёбанда ва пешгӯинашаванда боқӣ мемонад.
Аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мо огоҳи он гардида истодаем, ки дар аксарияти давлатҳои дунё мутассифона ҳамарӯза ҳодисаҳои нохуш аз қабили ҳодисаҳои террористиву экстремистӣ, бетартибиҳои дохили давлатӣ ва ҳатто ҷангҳои байни давлатҳо содир шуда истодааст.
Мо мардуми Тоҷикистон он рӯзҳои сахту сангинеро, ки ба сари мардуми мо ҷанги шаҳрвандӣ ба бор оварда буд аз сар гуаронидем ва онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард.
Имрӯзҳо, баъди он, ки Ватани азизамон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба чунин дастовардо ноил гардид, агар мо сокинон аз ин ҳама пешравиҳо ношукрӣ намуда, омилҳои оғози ҷангӣ шаҳрвандиро боз ба миён орем, моро насли имрӯзаву оянда ҳаргиз нахоҳад бахшид.
Имрӯз, ки ба якпорчагӣ ва амнияти кишвари азизи мо аз сарҳади Қирғизистон ва Афғонистон аз ҷониби гурӯҳҳои нохалаф таҳдидҳо шуда истодааст, моро мебояд аз ҳарвақта дида муттаҳидтар ва сарҷамъ бошем.
Маҳз дасти бегонагон буд, ки кишвари мо солҳои 90-ум ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Имрӯз, низ ин хоинони кишвар мехоҳанд бо ҳар роҳе дар кишварамон нотинҷӣ ва нооромиро ба вуҷуд оранд, зеро онҳо аз ин манфиатҳои худро доранд.
Мо шоҳиди он гардида истодааем, ки имрӯзҳо дар вилояти Мухтори кӯҳистон Бадахшон нооромиҳое, ки сабабгораш ҳамон лидерони ғайрирасмии минтақа мебошад, ба вуҷуд омадааст. Аз гуфти наздикони Мамадбоќир Мамадбоќиров, Чоршанбе Чоршанбиев, Гулбиддин Зиёбеков чунин вонамуд мешавад, ки гӯё онҳо бегуноҳ бошанд. Лекин аз расонаҳои хабарии телевизионӣ мо шоҳиди видеонаворҳое гардидем, ки сад дар сад ҷинояткор будани шахсони болозикрро исбот намудааст ва ягон нафарӣ онҳо бегуноҳ ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд.
Ҳамзамон, бо истифодаи ин ҳодисаҳо хоинони миллат, аъзоёни ТЭТ ҲНИ, Паймони миллӣ ва Грӯҳи 24 ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, аз мардум рӯирост даъват ба амал оварда истодаанд, ки зидди ҳукумати қонунӣ митинг ташкил кунанд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдори давлатиро талаб намоянд. Вале мо, гарчанде ҷавон бошем ҳам натиҷаи митинбозии ин хоинони миллатро дар солҳои 1992 то солҳои 2000-ум дида будем.
Аслан, ба митинг даст задани шаҳрвандон роҳи қонунӣ ҳам дорад, ин ҳуқуқи конститутсионии ҳар яки мо мебошад. Лекин фикр бояд кард, ки барои чӣ мо бояд зидди ҳукумати қонуниамон ба митинг баромада, якпорчагӣ ва амнияти кишварамонро ба хатар гузорем. Ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон ҳеҷ вақт барои ҳимояи як ду нафари ҷинояткор бо иғвои кадом як хоинони миллат зидди қонуният нахоҳам баромад. Бо истифода аз имкон аз тамоми сокинони кишвар, хусусан мардуми сарбаланди Бадахшонзамин даъват ба амал меорам, ки ба иғвоҳои гуруҳҳои бадхоҳи миллат дода нашаванд, дар ғафлат намонанд ва Ватани тинҷ ва осудаи моро, ки дар ин давру замон тинҷиву оромӣ болотар аз ҳар арзиш мебошад, ба вартаи ҷанг накашанд.
Дар ҳар давру замон бояд ҷинояткор бе ҷазо намонад ва ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Шаҳбоз Ахмедов – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ