ЗИРАКИИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ ДАВЛАТ
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таблиғгари фарҳангу забон ва арзишҳои муқаддаси миллӣ аст, ҳамеша дар мулоқоту суханрониҳои худ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа доир ба худшиносию ифтихори миллӣ ва бедории маънавию зиракии ҷавонони тоҷик изҳори андеша менамояд.
Дар замони шиддатёбии рақобатҳои геосиёсии давлатҳои абарқудрат, густариши терроризму ифротгароӣ, раванду омилҳои манфии гумроҳсозию мағзшӯии ҷавонон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва гароиши онҳо ба ниҳоду созмонҳои гуногуни террористӣ масоили худшиносию худогоҳии миллӣ, бедории маънавӣ, зиракии сиёсӣ ва ватандӯстию ватанпарастии ҷавонон дар ҷомеаи кунунии мо аҳамияти муҳиму мубрам касб кардааст.
Сарзамини тоҷикон, ки қадимитар аз худи таърих ва нахустин гаҳвораи тамаддуни башарист, дорои мардумоне хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину ойини солим аст, бо ин балои осмонӣ ва падидаи шайтонӣ рӯбарӯ ҳаррӯза дар муборизаи иттилоотӣ қарор дорад. Табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳад кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пиёда намояд. Ҳол он, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягонаи татбиқи идеяҳои низоми давлатдорӣ, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб гардидааст. Вақте мегӯем «ҷомеа», мо асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте мегӯем «мушкилоти ҷавонон», қабл аз ҳама мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мадди назар аст.
Яке аз мушкилоти умдаи имрӯза тамоюл ва гароиши ҷавонон ва ҳамин гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист. Хушбахтона хиради азалии мардум, сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Роҳбари муаззами мардуми тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки манфиати миллат ва ватанро аз ҳама боло дониста, хатари заволи давлатдории тоҷиконро эҳсос намуданд, имкон дод, то дар муддати кӯтоҳ дар кишвари мо сулҳу оромӣ аз нав пойдор гардид ва Истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу ороми ҷашн гирифтем.
Аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба пешгирии амалҳои зишту нанговар аз қабили терроризм ва экстромизм тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Вале, як сохтор ё мақоми давлатӣ наметавонад ба танҳоӣ кулли ҷомеаро тағйир диҳад. Барои он, ки мардуми мо, хусусан, ҷавонон маърифати созанда дошта бошанд ва на маърифати сӯзанда, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торики гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем.
Амалиётҳои террористӣ ва шомил шудан ба гурӯҳҳои эктремистӣ боиси қурбониҳои зиёди инсонӣ мегарданд, ба оммаи васеи одамон фишори сахти рӯҳӣ меоранд, арзишҳои моддиву маънавиро нобуд месозанд, дар байни давлатҳо тухми нифоқ мепошанд, байни гурўҳҳои иҷтимоиву миллӣ нобоварӣ ва адоватеро ба вуҷуд меоранд, ки баъзан дар муддати ҳаёти як насл онҳоро бартараф кардан аз имкон берун мегардад.
Имрӯз, ки мо дар фазои давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фаъолияти корӣ, хизматӣ, илмӣ, эҷодӣ омӯзгорӣ ва дигар фаъолиятҳои мухталифи ҷомеаро ба роҳ монда истодаем, бояд зиракии сиёсӣ ва ҳиссиёти миллӣ дошта бошем, манфиати давлатро аз манфиати шахсӣ боло гузошта, ҳамеша дар ободии кишвари азизамон саҳмгузор бошем.
Ҳар фарди тоҷикистонӣ вазифадор аст, ки пеш аз ҳама, худаш намунаи ибрат бошад, нангу номуси ватандорӣ дошта бошад, мардуми кишвар ва ҷавононро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирад, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошад!
Туразода Ҷ. А. – декани факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ