ҚУВВАҲОИ СЕЮМ – ҚУВВАҲОЕАНД, КИ ТАРАҚҚИЁТРО ДАР МИНТАҚА НАМЕХОҲАНД  

Точикистон ва Қирғизистон як ҳазор километр марзи муштарак доранд ва бар асоси асноди ба имзорасида миёни ду тараф, 471 километр аломатгузорӣ шуда, дар мавриди бархе манотиқи марзӣ ихтилофи назарҳое вучуд дорад.Аз чумла дар марзи миёни ду вилояти Ботканд(Қирғизистон) ва Суғд(Точикистон) манотиқи мавриди баҳс вучуд дорад, ки борҳо боиси низоъ миёни ду тараф шудааст. Аммо мақомоти ду тараф ҳамеша талош кардаанд, ки ин низоъҳоро дар нутфа хомӯш кунанд, зеро имрӯз Бишкек ва Душанбе ба хубй медонанд, ки мушкилот ва масоили муштараке доранд, ки ҳаллу фасли онҳо фақат дар гарави талошҳо ва ҳамкориҳои дучониба аст.

Нигарониҳое, ки чанд рӯзи ахир сокинони нуқтаҳои марзӣ ва бархе таҳлилгарону соҳибназарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди марз изҳор мекарданд ба дарозо накашид. Сарфи назар аз мулоқоти рӯзи 12-уми апрели раисони вилояти Суғди Тоҷикистону Бодканди Қирғизистон дар нуқтаи марзии Гулистони Исфара, ки масоили амниятӣ ва обёриро баррасӣ карданд, шоми 12-уми апрел миёни марзбонон тирпаронӣ сурат гирифт.

Ин ҳодиса дар нуқтаи марзии ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд рух дод, ки дар натиҷаи сарбози 27-солаи тоҷик Зоир Саидумаров кушта шуд.

Қабл аз ин, рӯзи 11-уми апрел гуруҳҳои топографии ҳар ду кишвар аз анҷоми кори якҳафтаинаи худ дар Тоҷикистон хабар дода буданд, ки умед мерафт натиҷаҳои муҳиме дошта бошад.

Чизи дигар ин, ки дар авҷи ин нигарониҳо, Қирғизистон бо гузашти ду моҳ, рӯзи 12-уми апрел вазири собиқи корҳои хориҷӣ ва сафири собиқаш дар Олмонро ба унвони сафир дар Тоҷикистон таъин кард ва интизор мерафт, ки таъини як дипломати ботаҷриба бояд паёми рӯшан ва нишони изҳори ирода барои ҳалли мушкилоти марз бошад.

Нигарониҳо дар мавриди марз, бо наздик шудан ба солгарди ҳодисаи хунини даргириҳои мусаллаҳони як сол пеш (29-уми апрели соли 2021) дар Исфара зиёдтар шуда истодаанд. Хусусан вақте ҳодисаҳо ва иқдомҳои мушобеҳ ба рӯзҳои пеш аз сар задани ҳодисаи соли гузашта мушоҳида мешаванд.

Дар низоъи соли гузашта, аксари таҳлилгарон яке аз омилҳои даргириҳоро гузаронидани тамринҳои низомӣ дар марз ва изҳороти носанҷида ва болохонадори бархе мансабдорони кишвари ҳамсоя маънидод мекарданд. Имсол ҳам ин гуна иқдомоти мушобеҳ, нигарониҳои дигарро ба бор овардааст.

Хусусан дар нуқтаҳои марзии ҷамоатҳои Чоркуҳу Ворух ва деҳаҳои гуногуни марзии Исфара мардум аз пештара дида нигаронанд.

Ин шайтонсиратон гумоштаи қувваҳоеанд, ки тараққиётро дар минтақа намехоҳанд. Байти маъруфҳаст, ки мегўяд:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

 

Гумон мекунам, ки он нафароне, ки мехоҳанд обро лой карда, фитнагарӣ кунанд, оқибат расвои олам хоҳанд гашт. Зеро ҳаргиз захмдоршудагон, аз тир зарардидагон онҳоро намебахшанд. Аз ин рў, оқибати баду манфур фитнагаронро интизор аст.

 

Ахмедова М.А. – дотсенти кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

You might also like