Ватандорӣ, ватанпарастӣ, дӯст доштани Ватан
Тоҷикистон яке аз кишварҳои соҳибистиқлоли ҷаҳони имрӯз буда, аъзои чандин созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалист, давлатест дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мардумаш меҳнатдӯсту соҳибтамаддун, сарзамини дорои табиати зебо, захираи бузурги оби тоза, кӯҳҳои сарбафалак кашида, захираҳои бойи зеризаминиро соҳиб аст. Ба тамоми мушкиливу камбудиҳо нигоҳ накарда мардумаш барои фардои ободу дурахшон умед доранд ва пайваста талошу заҳмат мекашанд.
Ватандорӣ, ватанпарастӣ, дӯст доштани ватан ва ин сарзамини ҳосилхез барои ҳар фарди бонангу номус ва ҳар шахсе, ки камтарин эҳсоси инсонигароӣ дорад, бисёр кори азиз ва гиромӣ мебошад. Чи тавре, ки шахс модари худро дӯст медорад, барои хизмат намудан ба ӯ ҳамеша омода аст, ватан низ мисли модар аст. Мо дар ин ватан ба дунё омадем, обашро менӯшем, ҳавояшро нафас мекашем, дар ҳамин сарзамин таълиму тарбия гирифта истодаем. Магар мешавад шахс дар ин сарзамин ба камол расида, ватанашро дӯст надорад, азиз нашуморад, барои ободу зебо ва пешрафти он хизмат накунад?!
Имрӯз давраи тозаи рушди кишвар оғоз гардидааст. Обрўву нуфузи давлат торафт дар арсаи ҷаҳонӣ боло меравад ва ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум беҳтар шуда истодааст. Баробари дигар масъалаҳо
ваҳдату ягонагӣ, ҳифзи ватан, арзишҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, пос доштани муқаддасот ва анъанаҳои миллӣ аз ҷумлаи корҳои муҳим ба шумор меравад. Тоҷикистон худ давлати ҷавон ба ҳисоб рафта, 70%-и аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Умеди давлату ҳукумат аз ҷавонон калон буда, боварии комил доранд, ки онҳо бо аз бар намудани илму технологияи замони муосир барои пешрафту ободии кишвар камари ҳиммат мебандад ва диёри худро азизу гиромӣ медоранд. Дар ин кор дар
баробари дигар арзишҳое, ки ҷавононро дар анҷом чунин корҳои наҷиб комёб мегардонад, ватанпарастиву ватандӯстӣ мебошад.
Тарбияи ватандӯстӣ баробари дигар навъҳои тарбия кори муҳим ба шумор меравад. Ватанпарастиро аз давраи кӯдакӣ тарбия мекунанд, тавассути нақли афсонаву ҳикоятҳо, бо шиносонидани макону ҷойҳои зебои диёр, баёни моҳияти эҳтиром нисбат ба хоку об ва сарзамин. Дар дунё миллатҳое ҳастанд, ки соҳиби давлати мустақил намебошанд ва ҳамеша зери фишор ва вобастагии сиёсӣ қарор доранд. Аммо миллати тоҷик ватани соҳибистиқлол дорад ва он аъзои баробарҳуқуқи созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ мебошад. Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як шаҳрванд ватани худро дуруст бишносад.
Зеро дуруст нашинохта дӯст доштан камоли бемаърифатист. Шинохтан ва дӯст доштан меҳру муҳаббати моро нисбати ватан боз ҳам бештар менамояд. Вақте мардуми минтақаҳои кишвар бо ҳамдигар ошно мешаванд, пайвандҳои мардумӣ дар сатҳи кишвар бисёр амиқтар мегарданд. Он гоҳ ватаншиносии китобию расонаию телевизионӣ ба ватандории аслию ҳиссию айнӣ табдил мешавад. Он гоҳ, вақте Тоҷикистонро «биҳишти рўи замин» меномем, ҳар сокини он ба яқин пеши рўй меорад, ки дар ҳақиқат,
Ватани ӯ маҳз чуни наст. Он гоҳ дар вуҷуди ҳар яке дўстдории ин диёр ва муҳаббати ин Ватан чун ҷон менишинад ва ҳолати вуҷудӣ мегирад».
Туразода Ҷ. А. – декани факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ