ҲАСТИИ МИЛЛАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Кишвари Тоҷикистон зеботарин минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки мардумаш, забонаш, урфу одат ва анъанаҳояш, табиаташ хеле ҷолибанд. Тоҷикистон Ватани беҳтарин фарзандони фарзонаи миллат ба монанди Зардушт, Томирис, Спитамен, Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Ҳофиз, Саъдиву Ҷомӣ, Донишу Айнӣ ва дигарон маҳсуб меёбад.
Ватан ҷоест, ки инсон дар он таваллуд шуда, дар оғуши боғоти гулрези он ба воя мерасад, тарбияи маънавӣ мегирад, аз ин лиҳоз ҳар як фарди соҳибақл Ватанро дӯст дошта, тамоми ҳастиашро ба обод намудани он мебахшад ва марзу буми онро аз душманон ҳифз менамояд.
Яке аз муаммоҳои глобалие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ мебошад, ки ягон нафари шахси солимақлро бетараф гузошта наметавонад.
Инсони худшиносу худогоҳ ва солимфикру солимақл аз паи омӯхтани илму маърифат, эҷодкорӣ, навоварӣ мегардад, ки бо амалҳои созандаи худ Ватанро муаррифӣ намояд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки Сарвари муаззами миллат ҳамеша нисбати ҷавонон ғамхорӣ зоҳир намуда, бо қабули барномаву лоиҳаҳо ба ҳаёти шоистаи ҷавонони даврони муосир саҳмгузорӣ менамоянд. Гузашта аз ин, дар ҳамаи мулоқоту вохӯриҳо ҷавононро ҳавасманд мегардонанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора дар баромадҳояшон иброз медоранд, ки бояд ҷавонони мо ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро проблемаи имрӯзаи глобалӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Яке аз масъалаҳои мубрами замони муосир шомил нагаштани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ аст. Имрӯз тамоми кишварҳои ҷаҳон барои оромиву осоиштагии давлатро нигоҳ доштан кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Терроризм ва ифротгароӣ рӯз то рӯз авҷ гирифта, оқибатҳои нохуш эҷод мекунад. Ҳар як ҷавони даврони муосир бояд дарк намояд, ки террорист Ватан, модар, дину мазҳаб надорад ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра таҳдид эҷод мекунад. Ҷавонони муосир бояд бар зидди терроризм, бегонапарпастӣ мубориза бурда, мазру буми кишварро ҳифз намуда, тарафдори сулу ваҳдат бошанд.
Аксар наврасону ҷавонон пас аз хатми мактаби таҳсилоти умумӣ таҳсили худро давом намедиҳанд, ягон касбу ҳунар намеомӯзанд, аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, бекор монда ба равияҳои бегона шомил мегарданд.
Бояд гуфт, ки ифротгароӣ, хурофотпарастӣ сарчашмаи торикӣ буда, чун вабои аср ба амнияти кишварҳо таҳдид мекунад ва ба миллат бадбахтӣ меорад, барои рушду тараққиёти кишвар монеъ мешавад. Аз ин лиҳоз, насли ҷавон бояд руҳан солиму созанда ва ҳамқадами замон тарбия ёбад.Зеро, ҷавонони имрӯзаи мо аз ҷавонони солҳои 90-ум фарқияти куллӣ доранд. Онҳо дар мусобиқаҳои варзишӣ, фарҳангӣ ширкат варзида, муаррифгари Ватани соҳибистиқлоламон ҳастанд. Ҷавонон дар зери Ливои сулҳу ваҳдат, эҳтироми муқаддасоти миллӣ ба воя мерасанд. Ватани азизро дӯст доштан, барои ободу зебо гаштани он саҳмгузор будан қарзи фарзандии ҳар як шаҳрванди кишвар аст.
Барои тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонони соҳибмаърифат пеш аз ҳама саҳми оила, донишгоҳҳою муассисаҳои таълимӣ, насиҳати волидайну омӯзгорон, фаъолияти собиқадорони меҳнат, саёҳат ба ҷойҳои таърихии кишварамон, иштирок дар озмуну конференсияҳо, чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ аҳамияти ҷиддӣ дорад.
Султонова А. Ҷ. – муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ