БА БЕСАРУСОМОНИВУ НООРОМИҲОИ НАЗДИСАРҲАДӢ ХОТИМА БОЯД БАХШИД

Дўстии  самимонаи  ду халқи  бузурги ҳамсоя,  бародарон – тоҷикон ва қирғизон аз қадим то имрўз буд ва хоҳад монд. Бояд қайд кард, ки баъзеҳо кўшиш ба харҷ будаанд, ки байни ин ду халқи ҷудонашавандаву ҳамсоя иғво андохта муносибатро  вайрону хароб намоянд.  Албатта  онҳо душманони Тоҷикистону Кирғисистон мебошанд. Аз сарчашмаҳо  маълум аст,  ки такдири таърихии халқи тоҷику қирғиз   асрҳои аср ба якдигар зич алоқаманд мебошад ва ҳамсарҳад ҳастанд. Халқи ин ду миллат ҷанбаҳои тиҷоратӣ доранд, яъне сокинони наздисарҳади бо марзбонон забон як карда, корҳои тиҷоратиашонро пеш мебаранд. Чаро чунин бесарусомониҳо ва нооромиҳо дар наздиҳамсарҳади ҳамсоягони қадирдонӣ шуда истодааст. Хоҳони онҳо ҳастем, ки муносибатамон хуб хохад шуд, вале афсӯсу вовайло, ки ҳамсоягонамон на танҳо нияти хуб кардани муносибатҳоро надоранд, балки сари ҳар вақт баҳона ҷуста, дар пайи иддао ва сар кардани иғво ҳастанд. Баҳси сарҳадии ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон солиёни зиёдест, ки доманадор гардида, паҳлӯҳои гуногунеро дар бар мегирад. Ҳамагон огаҳанд, ки аз ҷониби Қирғизистон на як бору ду бор оиди сарҳадшиканӣ ва ташкил намудани нооромӣ эътироз шуда буд ва байни  ин нооромиҳо чанде пеш роҳбарони ин ду миллат  Оши оштӣ ташкил намуда, ба тифоқ омада буданд. Имрӯз, аз расонаҳо фаҳмидем, ки Вақте сарҳадбонони мо ба хидмат машғул буданд, сарҳадбонҳои Қирғизистон хостаанд, гуфтушунид кунанд. Вақте марзбонҳои мо наздик мешаванд, онҳо аввал тир мекушоянд. Низомиёни мо тири ҷавобӣ кушодаанд. Дар натиҷа, як марзбони Қирғизистон захмӣ мегардад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омада, ором мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Хадамоти марзбонии Қирғизистон шаби 12-уми апрел дар эъломияе гуфт, гуё сарҳадбонони тоҷик “талаби марзбонони қирғизро нодида гирифта”, тахминан “20 метр ба дарунтари сарҳади Қирғизистон ворид шуданд”. Ҷониби Қирғизистон гуфтааст, “бо ҳадафи огоҳ кардан ба ҳаво тир кушоданд” ва дар ҷавоб гуё марзбонони тоҷик “ба сӯи марзбонони қирғиз оташ кушоданд. Дар пайи музокира тирпаронӣ хотима ёфт”. Мо, ҳамчун устодони ДДҲБСТ даъват менамоям, аз амалиётҳое, ки  дар ҳамсарҳадии Тоҷикистону Кирғисистон рух дода истодааст, маҳкум менамоям ва шогирдони худро дар руҳи ватандўстӣ ва худогоҳӣ тарбия менамоям.

Атоева М.М.дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ

You might also like