Доир ба хиёнатҳои ташкилоти экстромистиву террористии ҳизби наҳзати ислом

Терроризму экстремизми сиёсӣ дар таърихи инсоният ҳамчун як падидаи номатлуб бо мақсади пиёда намудани ҳадафҳои манфиатхоҳони қудратҳои ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ намудааст, ки роҳбарону аъзоёни чунин гурӯҳу равияҳои ифротӣ ҳодисаҳои даҳшатафканӣ, қатлу куштори бераҳмонаи инсонҳо, нобуд намудани фарҳангу тамаддуни миллӣ ва дигар арзишҳоро ба як амали маъмулии худ табдил додаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳои худ таъкид намуданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, вусъати рақобатҳои геополитикӣ, авҷгирии зуҳуроти хатарноки ифротгароиву терроризм ва дигар мушкилоти глобалӣ таҳқиқи ҳамаҷонибаи афкори фалсафию ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва ахлоқиву маънавӣ талаби замон буда, омӯзиши фарҳанги моддиву ғайримоддии миллат бояд самти афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ бошад. Бояд гуфт, ки хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ яке аз хатарҳои ба ояндаи босуботи мардуми мо таҳдидкунанда мебошад”.

Яке аз мушкилоти асосии замони муосир шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ буда, тамоми ниҳодҳои давлатиро нигарон намудааст. Имрӯз баҳри баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинии сокинон, хоса наврасону ҷавонон тадбирҳои гуногун аз тарафи ҳукумати мамлакат амалӣ гардида, дар ин замина барномаҳои зиёди давлатӣ қабул ва мавриди татбиқ қарор доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бисёре аз роҳбарону аъзоёни гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз таҷрибаи ками ҷавонон истифода намуда, онҳоро ба амалҳои даҳшатангез ҷалб менамоянд. Дар бештар маврид чунин афроди пасттинат бо имкониятҳои интернет дар ҷустуҷӯи ҷавонон шуда, бо ин усул ба мафкураву зеҳни онҳо таъсир расонида, кӯшиш менамяонд, ки бо ваъдаҳои бардурӯғ нақшаҳои ғаразноки худро татбиқ кунанд. Ҳамчунин гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз донишу ҷаҳонбинии пасти наврасону ҷавонон истифода намуда, ба қавле онҳоро ба “ҷиҳод” дар роҳи Худо равон мекунанд.

Коршиносон муайян намуданд, ки чунин ташкилотҳои ифротгаро дар хориҷи кишвар низ фаъолияти худро васеъ ба роҳ монда, ҷавононро бо ваъдаҳои зиёд ба корҳои ваҳшоният сафарбар мекунанд. Агар ниҳодҳои қудратӣ ва иҷтимоӣ дар ҳамбастагӣ фаъолиятро ҷоннок намуда, бар зидди чунин ташкилотҳо мубориза баранд, ҳарчи зудтар нақшаву ҳадафҳои онҳо барбод дода мешавад.

Албатта, мубориза бо террорризм ва ифротгароии хушунатомез кори дастаҷамъонаи ниҳодҳои таъминкунандаи амнияту суботи давлатҳо ва аҳли ҷомеа мебошад. Ин аст, ки борҳо Пешвои миллат, Презиеденти Чумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид изҳор доштаанд, ки: “дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯйӣ” Воқеан, муқовимат бо ин падидаи номатлуб ҳамкории қавӣ ва талошҳои якҷояи ҷомаеи ҷаҳониро тақозо дорад. Зеро, дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафҳои амали харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлалаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонида шуда садҳо миллиард доларро ташкил медиҳад.

Бо натиҷагирӣ аз вазъи зудтағйирёбандаву печидаи ҷаҳони муосир мо шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлолро зарур меояд, ки бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва фазои суботу оромии кишвар дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз фаъолона ширкат варзем, ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

 

Хоҷаева М. И. – мудири кафедраи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ

You might also like