Ошкор ва бартараф кардани сабабу шароитҳои мусоидаткунанда ба ҷинояткории ҷавонон
Ҳифз, риоя ва таъмини ҳуқyқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқyқӣ дар ҷомеа баҳри муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагонии ҳар як фарди кишвар андешидани тадбирҳои судмандро талаб мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар кардани фаъолияти мақомоти тафтишотию судӣ оиди ошкор кардани ҷиноят, ҳифзи ҳуқyқу озодиҳои шаҳрвандон пайваста диққати ҷиддӣ медиҳанд, ки ин нуқтаро дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи дигар қайд карданд.
Тибқи маълумоти расмӣ то имруз сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон назар ба соли 2020 дар соли 2021 то 658 адад зиёд гаштааст. Дар соли 2021 – 763 ҷиноят аз тарафи ноболиғон содир шуда, 4759 ҷиноят аз ҷониби ҷавонон ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 579 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дастгир карда шудаанд, ки дар содир кардани 761 ҷиноят айбдор карда шудаанд. Аз ин бармеояд, ки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд.
Таҳлил ва омузиши сабабу шароитҳои содир шудани ҷиноят ва ҷинояткорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, ғофили аз маърифату худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон, ба фирефта шудани онҳо ба таъсири доираҳои нопок ва дар интиҳо ба содир шудани кирдорҳои хавфнок оварда мерасонад.
Ҳамин тавр, кушиши доираҳои таҳрибкор, таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ бевосита боиси густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавиёти ҷомеа ва падидаҳои дигари номатлуб мегардад. Раванди онҳо ба инкор кардани қонун, ношукрӣ, носипосӣ ва хатари фарсудашавии арзишҳои бунёдии сирати инсон – ахлоқ, фарҳангу маънавиёт, масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ меорад. Ҳарчанд аз ҷониби аҳли ҷомеаи кишвар ин гуна кирдорҳо маҳкум гарданд ҳам, андешидани чораҳои пешгирии онҳо доимӣ, ногузир ва зарур аст. Дар чунин вазъият муҳим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҷавононро аз хатари омилҳои номбаршуда хабардор ва ҳушёр намоем.
Ҳоло барои пешгирии ҷиноят ва ҷинояткорӣ ба мақсад мувофиқ аст, ки бештар ба омилҳои иҷтимоӣ диққат дода шаванд, аз ҷумла:
– ошкор кардан ва пешгирии муноқишаҳои оилавӣ, сабабҳои бе назорат мондани наврасон, даст ба худкушӣ задани онҳо;
– ҷалби масъулини сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳал, ҳифзи ҳуқуқ ва худидоракунии шаҳраку деҳот, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаю муассисаҳо новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ва шахсони бонуфузи маҳал дар созмон додани гуруҳҳои корӣ, муайян намудани самтҳои фаъолияти онҳо ва таъмини иҷрои чорабиниҳои тарбиявӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ;
– муайян ва ба қайд гирифтани наврасон ва ноболиғоне, ки ба ҳуқуқвайронкунӣ майл доранд, ё бинобар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани падару модари онҳо сатҳи назорати рафтор ва тарбияи онҳо диққати хосаи ҷомеа ва омузгоронро талаб мекунад;
– муайян ва ба қайд гирифтани оилаҳое, ки мунтазам ба муноқишаҳо роҳ медиҳанд, фазои солимро барои таълиму тарбияи наврасон дар оила барпо намекунанд;
– муайян намудани сабабу омилҳои ба содиршавии муноқишаҳои оилавӣ мусоидаткунанда, андешидан ва амалӣ намудани чораҳои таъхирнопазир баҳри бартарафнамоии онҳо;
– баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ дар мурофиаи судии сайёр, хабардор кардани аҳолӣ, маҳал, ноҳия ва шаҳр оид ба ҷинояти содиркардаи ҳамсоя, ҳамдеҳа, хешу табор ва ҷазои таъингардида ба онҳо;
– тарғибу ташвиқи пешгирии ҳодисаҳо ва ҷиноятҳои вобаста ба муноқишаҳои оилавӣ, молумулкӣ, иқтисодӣ, ифротгароӣ тавассути васоити ахбори омма ва муҳокимаи онҳо, ки итминон дорем ба паст шудани сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон мусоидат мекунанд.
Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ