ҲАДАФҲОИ НОМАТЛУБИ КАБИРӢ ВА ХИЁНАТҲОИ ОН

Бадбахтона дар Тоҷикистони азизу маҳбуби мо низ аз солҳхои 90 уми асри гузашта сар карда созмоне бо номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо мақсадҳои нопоку риёкорона ва ҷинояткорона ба саҳнаи сиёсат омад. Ин созмон фазои орому осудаи Ватанро ба хоку хун оғушта кард, бо роҳи низоъандози оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхта, садҳо ҳазоронро бадбахту хонавайрон кард.

Роҳбари ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ аз нахустин рӯзҳои фаъолияташ дар ҳизб ғаразҳои нопок ба давлати азизу маҳбубамон доштааст ва мехост, ки бо чунин ҳаракатҳои номатлуби хеш ҷомеаи моро ноором созад. Муҳиддин Кабирӣ бо мақсадҳои нопоки худ нарасида аз ватан фирор карда, ақидаҳои нопоки худро пасипардагӣ идома дода истодааст.

Мардум дарк намуд, ки дар бисёр амалҳои ҳодисаҳои соли 1992 аъзои Ҳизби манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон даст доранд. Ба ҳар гуна роҳу восита мехоҳанд, ки ҷавонони моро ба сафи ҳаракатҳои террористиву тундгаро, аз ҷумла шиагарои ҷалб созанд. Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба тавсеа ёфтани терроризм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки кирдорҳои террористӣ бо мақсадҳои гуногун тарҳрезӣ гардида, дар натиҷаи амалиёти манфиатталабонаи онҳо ҳамасола ҳазорон шаҳрвандони оддӣ ба ҳалокат мерасанд. Яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, масъалаи терроризму экстремизм аст. Ин ҷараёни хатарзо ба худ хусусияти марзнописанди касб карда, кулли мардуми сайёраро водор мекунад, ки ҷиҳати пешгирӣ ва кам кардани зарарӣ он андеша намоянд.

Ба чавонон зарур аст, ки дар ҳама ҳолат нагузоранд, ки дар Ватани маҳбуби хеш чунин равияҳои бадхоҳ ва ашхоси зархарид таъсири худро расонанд.

Ҳамин тариқ, имрӯз ки аз зуҳуроти мушкилоти рақами якуми ҷаҳон терроризм ва экстремизми байналхалқӣ тамоми сайёра дар ташвиш аст, ҷомеаи моро зарур аст, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он дастаҷамъона фаъолият барем ва барои ҳифз кардани амнияти миллӣ саъю талош намоем.

 Қаюмов Ф.Ғ. – дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақа

You might also like