ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРИМИЗМ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
Ҷомеаи имрўзаи ҷаҳониро хатарҳое фаро гирифтанд, ки боиси аз байн бурдани халқу миллатҳо мегарданд. Имрўз тамоми ҷомеаи муосирро чунин хатарҳо фаро гирифтааст, ки ин экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад.
Ба терроризми байналхалқӣ ва ифродгароиён ки имрўз телевизиони ба номи «Садои мардум» ҷой доранд, ки ин афроди гурўҳи созмони ифротии «Гурўҳи 24» мебошад, яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, ки онҳо ҷинояткороне ҳастанд, ки дар ҳамдастӣ ҳамкорони наҳзатиашон пайваста ҷиноятҳои зиди мардумӣ содир мекунад. Амалҳояш ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади худ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.
Барои ба ҳадафҳои худ расидан аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба ғайр аз дурўғу туҳмат ва иғвоангезию душмантарошӣ чизи дигареро интизор шудан мумкин нест. Ин созмони ифротиӣ барои расидан ба мақсадҳои худ ба тамоми воқеаҳо ва рўйдодҳои кишварамон дахл мекунанд ва аз фурсад истифода бурда Хукумат ва давлати Тоҷикистонро сиёҳ мекунанд.
Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд мардумро гумроҳ карда дар байни онҳо таблиғоти ифротгароёнаи ҳудро густариш диҳанд ва барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти худро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ равона месозанд, ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифроти ва гуруҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш борҳо таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳоест, ки дар мубориза бо терроризм ва экстремизм соҳиби мавқеи устувор буда, дар ин замина бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкории густурда дорад. Дар кишвари мо бо иқдоми шоистаи Сарвари давлат имрўз барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини баробарҳуқуқии табақаҳои мухталифи ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Мардуми кишвари озоду ободи мо имрўз аз он ифтихор доранд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ соҳиби давлати миллӣ ва рамзҳои давлатӣ гардиданд. Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад». Аз ин рў, давру замон дар назди мо ҷавонон аҳли зиё, олимон ва соҳибватанон вазифаҳои бузургеро гузоштааст: бояд ба хотири ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони Истиқлолияти кишвар, доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифроди, ки ба муқобили шукуфоӣ ва пешравиҳои инсоният нигаронида шудааст, муборизаи беамон барем ва дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузорем.
Ҳодисаҳои рўйдодаистодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем. Маҳз ҳамин таъкиднамоии Сарвари давлат буд, ки имрўз дар фазои кишвари мо сулҳу суббот ҳукмронаст.
Бабаев Х.С. – дотсенти кафераи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ