Хатари иттилоот ба амният, муттаҳидӣ ва пешрафту ҳамкории ИДМ
Таҳлили маълумот дар бораи вазъияти имрўзаи сиёсӣ атрофи давлатҳои аъзои ИДМ ва собиқ ҷумҳуриҳои шуравӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки саривақт наандешидани чораҳо баҳри пешгирии тарғиботи ғояҳои миллатгароӣ ва неофашистӣ, кушишҳои истисмори мардуми осоишта ва беандеша ҷойгир кардани қувваҳои низомӣ дар ҳудуди сарҳадии давлати ҳамсоя оқибат амният ва ҳамкории байни онҳоро ноустувор ва осебпазир мекунад.
Тариқи ВАО баромадҳои зоҳирии нафароне бештар шудааст, ки бо сарпарастии неруҳои «беруна» ва дастгирии неофашистон амал намуда, ба умеди кумаки давлатҳои Ғарб ҳамкории муфидро дар соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бо шарикони наздики худ барҳам доданд, руйдодҳои таърихӣ ва ҳатто Иди Ғалабаро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зидди фашизм баҳамият дониста, нисбати шарикони иқтисодии кишвари худ даъвои беасос ва вазъиятро атрофи амнияти як қатор кишварҳо бо таҳдиди ихтирои яроқи ядроӣ мураккаб ва осебпазир карда истодаанд.
Ҳамин тавр, руйдодҳо қаблан атрофи Грузия, Белорусия, Қазоқистон ва имрузҳо Украина ва Россия руз аз руз мутташаниҷ гардида, то сатҳи масъалаҳои «муҳими таъмини амнияти Иттиҳоди Аврупо» бардошта шудааст.
Таҳлили ин ҳодисаҳо нишон медиҳад, ки барангехтан ва фирефтаи ба ном арзишҳои сунъӣ, инқилобҳои ранга шудан вазъиятро то кадом андоза мураккаб ва хавфнок мегардонанд.
Ҳоло дар натиҷаи чунин руйдодҳо, таъсисёбии ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск, инчунин қабул шудани як қатор санадҳои расмӣ қувваҳои низоҷўи як қатор кишварҳои Ғарбро ором нагузошт. Онҳо зидди ташкили чунин иттиҳоди сиёсӣ дар ҳудуди Украина баромад карда, зидди манфиатҳои мардуми ин минтақаҳо тақвияти неруи низомии қувваҳои неофашистиро авҷ доданд. Муқовимати навбатии иттилоотӣ байни давлатҳо атрофи ин масъалаҳо ҳоло авҷу идома дорад.
Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ байни маруми Украина, ки яке аз кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта дониста мешуд, чунин вазъият ба вуҷуд омад? Ба андешаи аксарияти коршиносон сабаби руйдоди ин воқеаҳо, аз ҷониби давлатҳои Ғарб кушиши ба тариқи сунъӣ ҷорӣ кардани “демократия ва арзишу озодии ғарбӣ” аст, ки мисоли онро дар воқеаҳои Югославия, Ироқ, Миср, Лубнон, Сурия ва Афғонистон дида метавонем. Дар натиҷа муқовимат ва низоъ бо ҷанги фарогири иттилоотӣ оғоз шуда, то амалиётҳои мусаллаҳонаи шадид амалӣ гардид, иқтисодиёт ва низоми як қатор давлатҳоро нобуд ва мардуми онро бо сарсонию ғарибӣ овард. Воқеаҳои дар Сурия ва кишвари ҳамсояи мо Афғонистон рухдода низ ҷузъи муҳими ин руйдодҳо мебошанд, хатари терроризмро дар минтақа афзун кардааст.
Доираҳои муайяни давлатҳои Ғарб арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, сабабу омилҳои дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиро атрофи аманияти ИДМ аз нигоҳи манфиатҳои гурўҳиву минтақавӣ арзёбӣ мекунанд, ки ба муттаҳидӣ ва пешрафту ҳамкории давлатҳо минбаъд низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад. Ғайр аз ин, воқеаҳои дар Сурия, Афғонистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Украина рухдода нишон медиҳанд, ки ин ҳодисаҳо силсилаи як занҷир буда, қувваҳои моҷароҷўи давлатҳои Ғарб ба ҳаёти сиёсии кишварҳо ошкоро дахолат мекунанд, бо маблағузорӣ ва ёрии расонаҳои хабарӣ аз кушишҳои паст кардан ва дигаргун кардани низоми давлатдорӣ ва осоиштагии мардум даст намекашанд.
Бояд дар назар дошт, ки дар шароити авҷ гирифтани таблиғу ташвиқоти зўроварӣ, бадбинӣ ва ниҳоят низои иҷтимоӣ, бо дастгирӣ ва маблағгузории давлатҳои ба ном «демократӣ», доираҳои муайяни ифротӣ, аз ҷумла хоинони Ватани мо низ аз рўи сенарияи пешакӣ омодашуда тарғиботу таҳрибкории худро идома медиҳанд.
Ин ҳолатҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки падида ва омилҳое арзи вуҷуд доранд, ки боиси фориғболӣ, бепарвоӣ ва пастравии сатҳи масъулиятшиносӣ то шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мешавад.
Дар чунин вазъият масъулияти мо аз он иборат аст, ки давлати миллӣ, Истиқлолият ва дастовардҳои худро аз чунин пайомадҳои манфӣ, аз таъсири тарғиботу ташвиқоти арзишҳои бегона, қувваҳои моҷароҷў эмин нигоҳ дорем. Худогоҳӣ, худшиносӣ ва дорои фарҳанги ғании маънавӣ будани аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон қодир аст, ки таъсири ҳар гуна зуҳуроти таҳрибкориро, ки ба нооромӣ, бесарусомон сохтани ҳаёти осоишта нигаронида шудаанд, пешгирӣ ва бартараф намояд.
Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории
ДДҲБСТ