Сарв чун хушк шавад, боз асо мегардад…

Оре, ниҳоли сарв аз қабили рустаниҳои бисёрсолаест, ки гоҳи парвариш намудан хеле қоматаш росту босалобат ба воя мерасад ва боғу роғро зебу зиннат мебахшад. Чун ин дарахти азим хушк гардад , соҳибони боғ аз танаву шохҳои он  асову дастаҳои олоти корӣ месохтаанду беҳуда ба ҷое намепартофтаанд.

Ба ҳамин андешаи ҷолиб монанд аҳли ҷамъият, мактабу маориф бо якҷоягии падару модарон фарзандонро ба роҳи рост тарбия намуда, чун дарахти сарв ба воя расонанд, шахси ба ҷамъият зарур, ба ҳама мақбулу тарбиядида гардонанд. Имрӯзҳо ба тарбияву ташаккул ёфтани ҷавонон воситаҳои аз ҳад зиёди ахбори омма, барномаҳои бисёри радиову телевизиони шабакаҳои мухталиф, интернету сайтҳои гуногун таъсир мерасонанд, ки ҷавонон майли гаравидан ба самтҳои нолозимро баъзан эҳсос менамоянд. Бинобар аҳли ҷамъият, омӯзгорону тарбиятгарон ва падару модаронро кунун лозим меояд, ки таълим додану тарбия намудан, ба қавле калон кардани фарзандонро дар замони пуртаъсиру пурмоҷарои замони муосир омӯхта, ба ин кори ояндадору бошарафи тарбиявӣ машғул гарданд. Вобаста ба шароитҳои пешомадаистода фарзандону ҷавононро ба дараҷае ҳушёру боваринок тарбия намудан лозим аст, ки ба ватани худ содиқ, худогоҳу хештаншинос, аз сиёсати сулҳҷӯёнаро пеш гирифтани кишварамон бохабару ба равияҳои тундгарову тундхӯ мубориз, ҷасуру далер ва бошуҷоъ ба воя расанд.

Шуғли тарбияи фарзанд корест заҳматталаб, мушкил, на ҳар фарзанд баъзан зуд гардан мефарорад, лекин рисолат ва маҳорати хуби падару модар аст, ки ӯро бо мақсаду нияти нек ба роҳи рост бурда, ба камол расонида тавонад, дар ин хусус устоди устодон, шуарои оламгир – Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба маврид фармудааст:

Эй, дареғо ки хирадмандро,

Бошад фарзанду хирадманд не.

В-ар чӣ адаб дораду дониш падар,

Ҳосили мерос ба фарзанд не.

Мувофиқ ба чунин андешаҳои фалсафию ахлоқии устод Рӯдакӣ гузаштагон нури чашмони худ – фарзандонро басо ранҷҳои зиёд кашида, дар натиҷа хуб тарбия намуда, ангуштнамои умум карда тавонистаанд, акнун волидайни замони муосир ҳам ин рисолати меросиву азалӣ ва аҷдодиро идома дода, аз ӯҳдаи он бояд баромада тавонанд.

Бобати заҳмату машаққати омӯзгорон хирадмандон ибрози назар намуда, бар ҳақ таъкид намудаанд:

То он ки тифл хонаду соҳибназар шавад,

Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад.

Ин панду таъкидҳо моро водор месозад, ки фарзандону аҳли ҷавони ҷамъиятро бо дидаи бино, поку беолоиш ҷаҳондидаву мубориз, қобилу маъқул, насиҳатшунаву уҳдабаро тарбия намуда, чун вориси сазовор ба мерос гузорем, ки номбардору идомадиҳандаи умр ва шахси ба он муносиб бошанд.

 

Кенҷаев Ю. – и.в. мудири кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like