ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҚУТБНАМОИ СИЁСАТИ ДОХИЛИВУ ХОРИҶИИ КИШВАР
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-декабри соли 2021 дастури муҳими стратегие ба шумор меравад, ки барои ҳар як шаҳрванд ва рушди ҷомеаи мо муҳимияти хосcа дорад. Дар баробари ин, дар Паёми Пешвои миллат масоили татбиқи сиёсати хориҷӣ ва таъмини амнияти миллӣ яке аз мавзўҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ба таҳлили он диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Аз ин рў, Паём ҳамчун қутбнамо дар татбиқ ва таъмини масоили мазкур нақши калидӣ дорад. Ба андешаи мо, тамоми дастовардҳои сиёсати хориҷӣ ва масъалаҳои таъмини амният, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, пешрафт ва рушди устувори Тоҷикистон маҳз аз Конститутсия ва ин санади ҳаётан муҳим –Паёмҳои солонаи Президенти кишвар сарчашма мегиранд. Бояд ифтихор бояд зикр намуд, ки Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хусусиятҳои таҳлилӣ ва самтгирии муайяни соҳаҳои мухталиф фарқкунанда буда, ҳамчун раҳнамои стратегӣ ба мардуми шарафманди тоҷик хизмат менамояд. Паёми имсолаи Пешвои миллат дар соли барои мардуми шарафманди тоҷик ки 30-солагии истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубро ҷашн гирифтанд ироа гардид. Метавон гуфт, ки маҳз натиҷаи ироаи ҳамин ҳуҷҷати муҳими барномавӣ аст, ки дар асоси он сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст ва дақиқ пайгирӣ гардида, дар натиҷаи татбиқи ин сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи глобалӣ ва минтақавӣ мебошад. Кишвари мо ҳоло дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ саҳми арзишманд дорад. Агар мо мазмун ва муҳтавои нуқтаи зикршударо дар Паём таҳлилу таҳқиқ намоем, пас бояд хулоса намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун барномаи таҳрезишуда ҷиҳати пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ ва саҳми бузург дорад. Зеро татбиқи амалии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва аксарияти кишварҳои ҷаҳон якдилона дастгирӣ ёфта, махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст. Дар паёми Пешвои миллат масоили сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллӣ инчунин масоили татбиқ ва таъмини он, оид ба рушди ҳамкорҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавӣ мушаххас баён намудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми муайян намудани самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола зимни ироаи Паём масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавиро яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар арзёбӣ намуда, ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи махсус медиҳанд.Дар паём Пешвои миллат зикр намудаанд, ки дар сиёсати хориҷӣ мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, шарикони стратегӣ – Федератсияи Россия, Чин ва дигар шарикони худ, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои Осиё, Ховари Миёна ва давлатҳои дигар минтақаҳои олам ҳамеша аҳаммияти хосса медиҳем.
Мо ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси усули дӯстиву ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн дар минтақа мебошем.
Дар Паёми Пешвои миллат зикр гардидааст, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд. Зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намудаанд, ки мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем. Маҳз бо ҳамин сабаб Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон ба тақдири мардуми азияткашидаи ин кишвар бетафовут буда наметавонад. Ҳамин тавр, дар Паёми Пешвои миллат масоили сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллӣ ҳамчун мафҳумҳои калидӣ ба ҳисоб рафта, муайянкунандаи рушду пешрафти тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти инсонӣ ва пешрафти соҳаҳои мухталиф ба шумор меравад, ки мо бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ дошта бошем. Зеро агар амният таъмин набошад, пешравии кишвар ва рушди иқтисодии он низ имконнопазир аст. Илова бар ин, маълум мегардад, ки сиёсати муосири хориҷии кишвари мо аз ҷониби бунёдгузори он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дурбинона ва сулҳҷўёна тарҳрезӣ гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки Паёми имсолаи Пешвои миллатро ҳамчун
қутбнамои татбиқи сиёсати хориҷӣ ва таъмини амнияти миллӣ бояд аз тарафи ҳамаи қишрҳои ҷомеа ҳамачониба омўхта шавад ва аз ҳама муҳим дар татбиқи амалии он саҳмгузор бошанд. Илова бар ин Паёми мазкур дастури муҳими иҷтимоию сиёсӣ буда, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дарбар мегирад. Аз ин рў,зарур аст, ки дар муассисаҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар бояд барои омўзиши Паём ҳамчун дурнамои стратегию геополитикӣ ташаббус нишон дода дар асоси нуктаҳои Паёми Пешвои миллат навиштани рисолаҳои илмиро роҳандозӣ намоянд.
Алимов Б.Ҳ. – мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ