ПАЁМИ САРВАРИ ДАВЛАТ РАҲНАМОСТ ДАР РОҲИ ОЯНДАИ МО
Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд нуқтаҳои асосӣ барои кору фаъолият дар соли оянда пешниҳод шуд ва мо ҳамчун шаҳрвандони комилҳуқуқи давлат, бояд онро ҳамчун дастурамали кории худ истифода барем. Дар Паёми имсола тамоми ҷабҳаҳои иқтисодиёю сиёсӣ ва бурунмарзӣ оварда шуд, алалхусус оид ба таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардани давлат ба соҳибкориву сармоягузорӣ, ки то имрӯзҳо барои рушди он зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи мақомотҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 адад расонида шуд, бақайдгирӣ ройгон шуда, мӯҳати он аз 49 то 3–5 рӯз кам карда шуд.
Бояд қайд кард, ки бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки аз якуми январи соли 2022 оғоз мегардад, аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд. Шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст карда шуданд. Ин имконият медиҳад, ки андозсупорандагон аз андоз нагурезанду, онро бо меёрҳои пасттар супоранд.
Ба ин васила ҳадафи олии давлат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми мебошад. Дар ин ҷода, 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад.
Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ва амалисозии стратегияву барномаҳои зикргардида дар зарфи солҳои истиқлолият дар мамлакат беш аз 3,3 миллион ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шароити зиндагии сокинони мамлакат тадриҷан беҳтар гардида истодааст.
Аз ҷумла, музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфта, ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Баланд кардани ҳадди ақалли музди меҳнат имконият медиҳад, ки шароити иҷтимоии аҳолӣ беҳтар карда шавад. Инчунин, ҳукумати мамлакатро Сарвари дават вазифадор нумуданд, ки ҷиҳати амалӣ намудани иқдоми мазкур тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Сарвари давлат қайд намуданд, ки дар шароити имрӯзаи паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19 ва дигар омилҳои манфии ба иқтисоди миллӣ таъсиргузор Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои пешгирикунандаро андешида истодааст, ки дар натиҷа соли 2021 суръати рушди иқтисодӣ ба беш аз 9 фоиз баробар гардид.
Соли ҷорӣ қисми даромади буҷети давлатӣ иҷро шуда, даромади пулии аҳолӣ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020-ум 15 фоиз афзоиш ёфт ва ба зиёда аз 75 миллиард сомонӣ баробар гардид.
Дар натиҷаи татбиқи сиёсати самарабахши молияи давлатӣ, аз ҷумла дар самти таъмини суботи молиявӣ, такмили низоми андозбандӣ ва баланд бардоштани самаранокии идораи молияи давлатӣ ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мунтазам афзоиш ёфт.
Дар идомаи ин раванд, соли 2022 даромади буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 19,4 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин, хароҷот ба соҳаҳои иҷтимоӣ сол ба сол зиёд шуда, соли 2022 ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба 43,8 фоиз баробар мегардад.
Ҳамаи ин пешравиҳо аз он далолат, ки мекунад, ки сиёсати пешгирифтаи ҳукумату давлат дуруст буда, солҳои наздик боз ҳам ба комёбиҳои аз ин ҳам зиёд соҳиб мешавад.
Мо ҳамчун шаҳрвандони асилу, дӯстдори ватани худ, барои амалӣ гаштани нақшаҳои ҳукумату давлат саъю кӯшишҳои зиёдро иҷро менамоем ва намегузорем, ки давлат рӯ ба таназул орад.
Абдуллоев М. М. – муаллими калони кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ