ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ ТАКОНБАХШИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

Имрӯз доира ба худшиносӣ, худогоҳии миллӣ зиёд сухан мекунанд. Ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ аз ҷавонон даъват ба амал меоранд, ки ба худшиносӣ рў биёранд, таърихи гузаштаи миллати худро донанд ва аз он ифтихор намоянд. Зеро худшиносӣ барои дарку шинохти ҷойгоҳи хеш, таърихи миллати худ, анъанаву урфу одатҳои миллӣ, ҳифзу гиромидошти онҳо ва шинохти рисолати хеш дар зиндагӣ кўмак менамояд. Воқеан, дар ҳама низомҳои сиёсии ҷомеа талабот ба сатҳи муайяни худшиносии одамон вуҷуд дорад. Аммо, дар системаи сиёсии демократӣ, ки шаҳрвандон ҳамчун манбаи ҳокимият баромад намуда, дорои ҳуқуқу озодиҳои зиёд мебошанд, ба худшиносӣ ва худогоҳии онҳо талабот бештар эҳсос мегардад. Худшиносӣ имкон медиҳад, ки шаҳрванд на танҳо таърихи гузаштаи миллату давлати хешро донад, ҳамчунин вазифаю ӯҳдадориҳои худро дар назди ҷомеа ва кишвар дарк намуда, барои дар сатҳи баланд иҷро намудани онҳо кӯшиш ба харҷ диҳад. Дарки чунин вазифаҳо ва таълими онҳо маҳз бо роҳи омӯзишу таълим ба вуҷуд меояд, ки онро, ба ибораи дигар, иҷтимоисозии сиёсӣ меноманд.

Яке аз санадҳои муҳиме, ки ба масъалаи тарбияи худшиносии миллии шаҳрвандони кишвар бахшида шудааст – “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Дар он тарбияи худшиносӣ яке аз ҷузъҳои асосии тарбия муқаррар шуда, дар боло бардоштани сатҳи огоҳии сиёсии ҳар фарди ҷомеа муҳим арзёбӣ гардидааст. Дар консепсияи мазкур таъкид мешавад: “Тавассути  тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ  шаҳрванд бояд мутааллиқи миллат, давлати соҳибистиқлол, соҳиби Ватан ва ҳуқуқу  озодиҳо будани  худро дарк кунад ва онҳоро эҳтиром намояд, донад, ки вазифаҳои ӯ дар назди давлат, ҷамъият ва оила аз чӣ иборат аст. Баҳри иҷрои онҳо ҷидду ҷаҳд намояд. Манфиатҳои худро бо манфиати давлат, ҷомеа ва оила пайваста тавонад”. Воқеан, масъалаи тарбияи худшиносии миллӣ ба мавзӯи ҷойгоҳ ва вазифаи шаҳрванд дар назди давлат алоқаманд буда, шахс бо шинохти ҷойгоҳи хеш дар ҷомеа ва иҷро намудани вазифаҳои шаҳрвандӣ ва касбӣ на танҳо рисолати хешро анҷом медиҳад, ҳамчунин ба мақом ва зиндагии шоиста мерасад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи муҳими тарбияи худшиносии миллӣ табдил додани шаҳрванди худшиносу худогоҳ ба ҳисоб меравад, ки вазифаи худро дар назди оила, ҷамъият ва давлат дарк ва адо намуда, манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ боло гузорад. Агар ба таҷрибаи Тоҷикистон назар намоем, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бартарӣ додани манфиати гурўҳӣ нисбат ба манфиатҳои милливу давлатӣ оқибат ба ҷанги дохилӣ оварда расонид. Аз ин рӯ, муроҷиат ва таъкиди пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрвандон, махсусан ба ҷавонон, ки онҳо манфиатҳои милливу давлатиро аз манфиатҳои шахсӣ ва гурўҳӣ боло бардоранд, маҳз ба ҳамин маќсад мебошад: “Ҳар як сокини мамлакат бояд амиқ дарк намояд, ки дар вазъи кунунии бисёр ҳассосу печидаи ҷаҳон мо бояд сарҷамъу муттаҳид ва зираку ҳушёр бошем, неъмати бузургтарини зиндагии халқамон, яъне истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар ҳама ҳолат ҳимоя кунем ва манфиати давлату миллатамонро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем”.

Маҳз боло рафтани худшиносии миллии насли ҷавон ба боло рафтани ҳисси ваатндӯстии онҳо таъсири назаррас гузошта, садди роҳи паҳн гардидани ҳаргуна ҳизбу созмонҳои ифротӣ дар ҷомеа мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои қонунии ба роҳ мондани корҳои омӯзишиву тарбиявии насли ҷавон дар руҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ фароҳам гардидааст ва як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул гардидаанд. Танҳо дар самти тадбиқи амалии онҳо, дар сатҳи оила, дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ боз ҳам тақвият додани корҳо бисёр зарур ба назар мерасад. Имрӯз кишвар ба шаҳрвандони худогоҳу ватандӯст, ки манфиатҳои давлатиро ҳимоя намуда, тавонад ба пешрафти он саҳмгузор бошад, нисбат ба ҳар давраҳои дигари таърихӣ бештар ниёзманд аст. Зеро иқтидору тавоноии ҳар давлат аз шаҳрвандони он вобаста мебошад. Мақоми давлат на танҳо аз рӯи масоҳату боигарӣ, ҳамчунин аз рӯи дороии шаҳрвандон ва сатҳи маънавиёти онҳо муайян карда мешавад.

Саидзода Шӯҳрат н.и.с., дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like