ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ

«Террористон дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст» .

Эмомалӣ Раҳмон

Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифродгароӣ ва динию мазҳабӣ ба амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзо сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.

Мусаллам аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари рӯҳию ҷисмонӣ , таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият,барангехтани низои миллт, иҷтимоӣ ва диннӣ гардидааст.

Терроризм ва ифродгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда,оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ мебиёрад. Бесабаб нест, ки имрӯз терроризм ва гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст.

Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар як сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайри инсонӣ бетараф набошад,зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст ва ҳатто дар мутамаддинтарин, фарҳангинтарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи курраи арз нишонаҳоя ба назар мерасад.

Ҷаҳони муосир пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, ки яке аз сабабҳои он афзудан ва густариш ёфтани терроризм – экстремишм, фундаментализм, сепаратизм,анархизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо мебошад. Радикализм дар шакли экстремизм зуҳур намуда, усули амали созии он терроризм мебошад.

Моҳияти масъала дар он аст,ки дар давлатҳои пешрафтаи Ғарб барои он ки ба равони шаҳрвандони кишварҳои рӯ ба таррақӣ таъсир расонида тавонад, мафҳумҳои гуногунро бо номи радикализм, экстремизм,терроризм ва ғайраҳо бофта бароварда ҳадафҳои худро, ки он аз таъмин намудани ҳукмронии зеризаминӣ ва инсонии кишварҳои дигараст,амалӣ намоянд.

Баъди соҳиб гаштан ба истиқлолияти давлатӣ, ки он яке аз неъматҳои пурарзиши мардуми тоҷик аст, озодии дину имон ва таҳқиқу таҳлили масоили марбут ба эътиқоду мазҳаб барои олимону муҳаққиқони соҳа фароҳам овард.

Бо ҳидояти бевоситаи Сарвари давлат, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ки таҳкими Ваҳдати миллӣ, оромию субот ва ободию пешравии кишвар нигаронида шудааст, омӯзиш ва пайгири асолати динӣ, ба хусус мазҳаби ҳанафӣ ҷараён гирифт.

Дастовадҳое, ки мо имрӯз аз баракоти  Истиқлолият ба даст овардем, бароямон ба осонӣ ба даст наомадааст. Сари ҳар қадам ҳадафи манфиатҷӯёни беруна қарор гирифтаем,ки дар амалҳои нопокона ва бадхоҳонаашон ҳатман фарзандони худфурӯшу хиёнаткори миллати худамонро истифода бурдаанду ва мебаранд.

Дар тафаккури доираи муайяни коршиноси кишварҳои Ғарб андешае ҷой дорад,ки гӯё дини ислом сарчашмаҳои ҳамагуна ифротгароии диннӣ, терроризм ва экстремизм аст.

Вале ин андешаи ботил бо гуфти сарвари кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон беасос аст.Чуноне,ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ омадааст: “дини мубини Ислом, чун ҳама динҳои дигар инсониятро бо таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳама гуна зӯроварӣ ва кушторрро маҳкум месозад”.Бинобар ин терроризм ва ифродгароиро ба ислом пайванд додан, хатои маҳс аст.

Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ва миллат хос нест.

Ҳақ бар ҷониби Сарвари давлат аст, зеро ки ғояҳои асосии дини мубини ислом дар баробари дигар динҳо дар заминаи инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳамзистии бародаронаи халқҳо ва миллатҳо ҳимоя намудани сулҳ ва амният ташаккул ёфтааст.

 

Нурмаҳмадов Ю.Ш. – дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ

You might also like