Маънои ватандӯстӣ ҷавонмардист

Муҳаббат ба Ватан дар рафтору кирдори инсон зоҳир мешавад. Дар замони осоишта ватандӯсти асил ба манфиати кишвару халқи худ кор карда, барои ободии Ватани худ кӯшиш мекунад. Онҳо дар лаҳзаҳои зарурӣ ватани худро тарк намекунанд, барои муҳофизати озодӣ ва истиқлолияти Ватани худ тайёранд. Метавонед ҳар қадар суханҳои ватандӯстона кунед, аммо қаҳрамонони ҳақиқӣ хоксору хомӯшанд ва садоқати худро ба ватану халқи худ бо амали худ исбот мекунанд. Маврид ба зикр аст, ки дар адабиёти бою оламгири мо, бахусус дар “Шоҳнома” – и безаволи Фирдавсӣ вожаи “гурд” ба маънии паҳлавон, баҳодур, далеру шуҷоъ, боақлу бохирад, бебоку қаҳрамон, ватанпарвару инсондӯст ва намунаи ибрати ҷавонмардон омадааст.

Маҳз ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ, дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Мо – омӯзгорон вазифадорем, ки  дар баробари баланд бардоштани сатҳу сифати дониши шогирдон, маҳорат, малака ва эҷодиёти эшонро ривоҷ дода, дар тайёр кардани мутахассисони соҳибкасб фаъолият намоем, инчунин дар рӯҳияи ватандустӣ, инсондустӣ, худогоҳию худшиносӣ, ормонҳои миллӣ арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ тарбия намудани шогирдон ва ба ҳамин васила сазовор пешвоз гирифтани 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ саъю талоши доимӣ намоем.

 Дадобоева Р.С. –  муаллими калони кафедраи забони русии ДДҲБСТ

You might also like