СУЛҲ – АСОСИ ТАРАҚҚИЁТ

 

Тараққиёти давлат пеш аз ҳама аз фазои сулҳу субот дар кишвар аст. Зеро чун ба таърихи ташаккулу тараққиёти давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ назар меафканем, мебинем ҳамон давлате пешрафтаю тараққикарда ҳисоб меравад, ки боре ҳам аз сари он миллату халқият ҷангҳову инқилобҳо нагузашта бошад. Масалан, дар Амрико боре ҳам ҷанги дохилӣ ё беруна нагузаштааст, зеро ин давлати абарқудрат барои аз ҷиҳати худшиносии миллӣ тайёр будани шаҳрвандонаш заминаҳои меҳанпарастиву иҷтимоигароиро омода месозад.

Аммо бархе аз давлатҳову мамлакатҳои кӯчак борҳо ҷангҳои шаҳрвандиву ғосибии бегонаро гузаронидаанд. Дар мамлакате, ки ҳисси меҳанпарастии сокинонаш дар дараҷаи боло қарор дорад, метавонад барои пешрафту тараққиёт заминаи мусоид фароҳам созад. Яъне, фазои идеологии ҷомеа бояд пурқувват бошад. Ҷавононро бояд бештар дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намуд, то ғуломи ақидаҳои бегона нагарданд.

Солҳои 90-уми асри 20 дар таърихи тоҷикон дарси ибратомӯзеро барои имрӯзиён гузошт. Зеро Тоҷикистон аввалин давлате буд, ки бо террору терроризм рӯбарӯ мегашт. Мо имрӯз набояд ин сабақи таърихро фаромӯш созем. Нагузорем, ки ягон нохалафе ин сулҳи бо хуни ҳазорон сарбози тоҷик бадастомадаро вайрон созад. Ҳар фарди солимақли ҷомеа бояд дарк созад, ки танҳо сулҳу субот мояи пешрафти ҷомеа аст.

Воқеаҳое, ки дар кишвари Қазоқистон ба амал омад, моро ҳушдор менамояд, ки дар самти босаводиву ҳушёрии ҷавонони имрӯз корбарӣ намоем. Бисёр хуб медонем, ки сатҳи зиндагии мардуми қазоқ аз ҷиҳати иқтисодӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буд, аммо дар як шабонарӯз вазъияти ин давлатро гурӯҳе он қадар номуташанниҷ намуд, ки бо дасти дигар давлатҳо онро ба вазъи муътадил оварданд. Вақте ба сабаби рух додани баъзе омилҳо дар ҷомеа менигарем, чунин хулосаҳо низ ба вуҷуд меояд, ки вазъи иқтисодӣ хуб нест, барои ҳамин ин ҳодиса ба амал омад. Аммо чун ба ҳодисаи дар Қазоқистон ба амаломада менигарем, мефаҳмем, ки танҳо омили иқтисодӣ не, балки дигар омилҳое дар ҷомеа ҳастанд, ки боиси ба вуҷудоии вазъи нобасомон мегарданд.

Аз ҳамин хотир, мо мардуми тоҷик набояд фаромӯш созем, ки сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ асоси бавуҷудоии оилаи солим, ҷомеаи солим гардида, моро ба ояндаи дурахшони тараққиёт бурда мерасонад.

 Раҳматова Д.А.-дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ

You might also like