Андешидани чораҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва зарурати барпо кардани муҳити ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ

Дар Тоҷикистон  чораҳои  муқовимат бар зидди терроризм ва экст­ремизм (ифротгароӣ) бо ошкор намудан,  пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ,  ногузирии ҷазо барои ҳама гуна ҷиноят, ҳифзи ҳуқуқи инсон ба амнияти шахсӣ, сарфи назар аз миллат, шаҳрвандӣ, эътиқоди динӣ, ақида ва нуқтаи назар, тарғибу ташвиқот ва ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо пайваста роҳандозӣ мешаванд.

Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба мубориза бар терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ (ифротгароӣ) гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналми­лалӣ ба Тоҷикистон ва дар маҷмўъ ба минтақа таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва гло­балӣ пайдо кардааст, ки  мубориза алайҳи онҳо ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ва хадамоти махсуси давлатҳои минтақаро тақозо менамояд.

Тибқи маълумоти  расмӣ  дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 24 118 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, танҳо аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 15563 ҷиноят ошкор карда шудааст. Аз тарафи сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соли гузашта 579 нафар аъзоёни ташкилотҳои терорристӣ ва экстремистӣ дастгир шудаанд, ки барои содир кардани 761 ҷиноят айбдор мешаванд.

Воқеаҳои дар Афғонистон, Сурия ва Украина рухдодаистода ва амалияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон  нишон медиҳад, ки ҳанўз ҳам падидаҳои экстремистӣ, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хориҷии ифродгароӣ, қочоқи маводи нашъаовар афзоиш доранд, ки ошкор намудан,  бартараф ва пешгирии сабаб ва шароите, ки боиси ба миён омадан ва  паҳн шудани  ғояҳои террористӣ ва экстремистӣ дошта  (ифротгароӣ)  вазифаи на танҳо  Тоҷикистон, инчунин давлатҳои минтақаи Осиёи Миёна мебошад.

Суръати  густариши таҳдиди  ифродгароӣ  дар минтақа то ба ҳадде расида метавонад, ки  инкор  кардани меъёри таҳаммулпазирӣ, қонунҳо, ношукрӣ, носипосӣ ва хатари фарсоиши ҷиддии арзишҳои бунёдии сирати инсон – ахлоқ, фарҳангу маънавиёт, масъулияти фардӣ ва иҷтимоӣ  афзун  гардонад.

Ҳарчанд  аз  ҷониби аҳли ҷомеаи  кишварҳо ин гуна ваҳшонияту кирдорҳо  маҳкум  гарданд  ҳам,  андешидани чораҳо оид ба пешгирии онҳо  ногузир ва зарур аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки буҳрони иқтисодӣ, мавҷудияти муноқишаҳои наздисарҳадӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва байнимазҳабӣ, номукаммалии  меъёрии ҳуқуқӣ, ки баҳсҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, ба­рои ба миён омадани чунин падидаҳои хавфнок ба монанди терро­ризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мусоидат мекунад. Аз ин рў,  муқовимат бар зидди терро­ризм ва экстремизм (ифротга­роӣ), ки вақтҳои охир хусусия­ти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси маҷмўи  тадбирҳои  байнидавлатӣ анҷом дода шаванд.

Бо мақсади  паст кардани сатҳу таъсири ҳар гуна падида ва ақидаҳои носолим ва иғвоангез, аз ҷумла тарғиби бадбинии иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, забонӣ, инчунин баҳри такмил додани ҳамкории давлатҳои Осиёи Миёна дар самти муқовимат ба  экстремизм ва терроризм зарурати роҳандозӣ ва такмил додани маҷмуи  чораҳо муҳим аст.

Дар ин самт муҳим аст, ки Барномаи байнидавлатии ёрии ҳамдигарӣ дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм қабул гардад. Доираи амали ин шакли ҳамкории ҳуқуқӣ бояд на танҳо ҳамкории  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои ИДМ, балки  тадбирҳои иқтисодӣ,  иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва  маънавиро дар бар гирад,  ки эътимод ва  сатҳи якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардумро амалан инъикос намуда, зоҳиршаваии  ҳама гуна низоъро бартараф намоянд.

 

Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи

 ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории

ДДҲБСТ

You might also like