ВАТАНДӮСТӢ – ИМОНДОРИСТ!

        Агар ба таърихи башарият нигарем, ватандӯстӣ ва ҳимоя аз онро майли табиӣ дар инсонҳо мебинем. Тавре, ки аз омӯзаҳои динӣ ва таҷрибаи давлатдории халқҳои олам маълум мегардад, ватандӯстӣ ва ҳифозати он шарафу номус ва иззат барои ҳар як инсон аст. Чун аз таҷрибаи таърихии инсоният аён аст, ҳисси ватандӯстӣ кафолати пойдорӣ, устуворӣ ва ҳастии ҳар як давлату миллат аст. Маҳз, ҳифзи ватан – меҳан тинҷию оромӣ, набзи муътадили ҳаёти ҷомеа ва рушди устувори соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятию иқтисодӣ ва ояндаи дурахшони ҷомеа ва давлати соҳибихтиёри миллиро кафолат дода метавонад. Ватандӯстӣ агарчи майли табиист, боз таъкиди он ҳам дар динҳои осмонӣ ва ҳам дар ҳуҷҷату асноди башарӣ мушоҳида мегардад.

Халқи тоҷик, ки аз қадимтарин замонҳо соҳибдавлат ва соҳибтамаддун буд ва ҳаст, маҳз бо ҳисси шарафу номус давлати худро бунёд ва пояҳои онро устувор гардонидааст. Ин халқи куҳанфарҳангу тамаддунофар гарчанде дар гардиши замон бо бузургтарин ҳуҷуму фоҷиаҳо чун: ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ, ҳуҷуми араб ва истилои даҳшатбори муғул рӯ ба рӯ шудааст, боз ҳам бо рӯҳи шикастнопазир ва иродаи матини ватандӯстона барои аз нав обод кардани меҳани азизи худ талошҳо намуда, нагузоштааст, ки ин сарзамини муқаддас зери қадами шуми ҳар гуна истилогарон ба харобазор табдил ёбад. Марҳилаҳои пурпечутоби таърихи башарият гувоҳ аст, ки аз ин ҳамлаҳои фалокатбор халқи тоҷик маҳз бо ҳисси иззату номуси ватандорӣ тавонистанд якпорчагии марзу буми худро ҳифз намоянд. Ҳакимону адибони гузашта ҳифзи ватану меҳанро аз рисолатҳои инсонӣ донистаанд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки давлати бузурги тоҷикон – Сомониён аз пешрафттарин ва бонуфузтарин давлатҳои рӯи олам буд. Баъди интишори дини Ислом дар сарзамини тоҷикон халқи тоҷик ҳама соҳаҳои ҳаёти худро дар доираи муқаррароти ин дин бо урфу анъаноти миллӣ омезиш дода, барои пойдор ва устувор мондани давлати миллии худ кӯшишҳои зиёд кардаанд. Бояд қайд намуд, ки бештари миллатҳо, ба хусус арабҳо маҳз аз таҷрибаи давлатдории гузаштагони мо истифода кардаанд. Чун тоҷикон аз қадим соҳибдину соҳибойин буданд, тамоми ҷаҳду талошҳои худро маҳз бо такя ба арзишҳои миллӣ ва динӣ рӯи кор бароварданд.

Дар китоби муқаддаси дини зардуштӣ – Авесто вожаи «меҳан» ба шакли «маетҳана» (maethana), маетҳанӣа (maethanya) ба маънои Ватан омадааст: «Меситоям туро монанди меҳан, эй Сипандормад.Туӣ, эй меҳромиҳанбон, туӣ нигаҳдори касе, ки дурӯғ нагӯяд». Мисоли овардашуда хеле возеҳ ва равшан собит менамояд, ки мазмуни ватандӯстӣ ҳамчун фазилат ва нишонаи имондорӣ ҳанӯз пеш аз ислом, дар сарчашмаҳои дини зардуштӣ дарҷ ёфта, мардуми ориёитаборро, ки пайравони ин дини бостонӣ будаанд, ҳамеша барои ҳифзи иззату номус аз ватан ҳидоят мекард.

Агар ба ҳифз ва муҳаббати ватан аз нигоҳи шариати исломӣ нигарем, ҳифз ва ҳимоя аз он дар ҳадисҳои паёмбари Ислом таъкид гардидааст. Дар ҳадисе паёмбари Ислом “Ватандӯстиро аз нишонаҳои имон” донистааст, ва дар ҷои дигар чунин мегӯяд: “Аз нишонаҳои арзиш ва шахсияти инсон он аст, ки нисбат ба умри аз даст рафта (ки дар он кӯтоҳӣ кардааст) ашк бирезад ва ватанашро дӯст дорад”. 

Баъд аз шикасту рехти ҳазорсолаҳо ба халқи тоҷик муяссар гашт, ки давлати миллии худро бунёд кунад. Дар ин росто хизматҳои дастаҷамъонаи миллатамонро метавон ёдовар шуд, ки баъди пошхӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ диёри тоҷикро фаро гирифта, миллат марҳилаи хонумонсӯз ва ниҳоят душворро пасӣ сар кард. Бо назардошти ҳамаи мушкилиҳо шермардон ва қаҳрамонони тоҷик, ки аксар ҷони худро барои ҳимояи ватан ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ нисор карданд, ин диёри куҳанбунёди зебоманзарро аз дасти душман раҳониданд. Маҳз, баъд аз соҳибистиқлолӣ ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки давлати миллии худро аз нав бунёд созад.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, 23-юми феврали соли 1993 бори аввал паради ҳарбӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баргузор гардид ва он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Мақсад аз таъсиси он таъмини муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлол ва тамомияти арзии он мебошад. Ҳарчанд Қувваҳои Мусаллаҳ дар шароити ниҳоят душвори иҷтимоию иқтисодӣ таъсис ёфт, вале афсарону сарбозон қарзи ватандории худро баҳри таъмини сулҳу субот дар кишвар садоқатмандона иҷро намуданд. Бояд гуфт, ки маҳз ватандӯстӣ, ватанпарастӣ ва заҳмату талошҳои роҳбарияти олии кишвар ва афсарону сарбозони бо нангу номусамон аст, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёд ташкил гардида, амнияти миллии кишварамон мустаҳкам ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фарди ҷомеа ҳифз ва таъмин гардида истодааст.  

 

Латипов С.У.ссистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ

You might also like