ТЕРРОРИЗМ ВА ТАРБИЯИ ҶАВОНОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми навбатии худ, доир ба пурзӯр намудани роҳҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ишора намуда, оромиву суботи кишвари азизамонро дар мадди аввал гузошта, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро барои ҳар яки мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим арзёбӣ карданд.
Инчунин ба Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти марбута, дар самти мубориза бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм супоришҳои мушаххас дода шуданд. Бояд қайд намуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳим ва саривақтӣ мебошад. Дар ин ҷо метавон ибораи маъмулеро ёдовар шуд, ки «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» гуфтаанд.
Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои оянда таҳия ва пешниҳод шуда, дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм пурзур ва эътибори ҷиддӣ дода шавад. Халқи меҳнаткашу бо нангу номуси Тоҷикистон доимо ҳушёру зирак бошанд, барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи субботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қотеъона мубориза баранд.
Ҳамзамон бояд бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар, ҷавонон оромии Ватани азизамонро ҳифз ва таъмин намоем.
Сарвари давлат терроризм ва экстремизмро вабои аср номида, зикр кард, ки террорист Ватан , миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таьдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиораҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандози шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мерасонад.
Аз мардуми Тоҷикистон, хоса ҷавонон даъват карда шуд, ки дар муқобили ин хатарҳо муттаҳид бошанд, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба фиребу гумроҳсозиҳои ифротгароёни тундрав дода нашаванд.
Ҳамаи мо, халқи бо нангу номус вазифадор ҳастем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободии Ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Точикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем ва дар ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи амнияти давлату миллат ва баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки Ҳар касе ки ниҳоле сабзанда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, љомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад.
Атоева М.М. – дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ