НЕСТ БОД ТАШКИЛОТҲОИ ЭКСТРЕМИСТИВУ ТЕРРОРИСТӢ
Ҳамарӯза тамоми аҳолии ҷахон дар хатару таҳдидҳои амниятии глобалӣ қарор дорад, ки ҳамагонро зарур аст, дар ҷустуҷӯи равишҳои нави муқовимат ба онҳоро дарёбем. Таъмини сулҳу амнияти пойдор яке аз шартҳои муҳими эҷоди раванди созандаи рушди устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавии давлатҳои ҷаҳон ба шумор меравад.
Терроризму экстремизм ҳамчун як падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд. Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои ҷомеаи мо хатари ҷиддии воқеӣ доранд. Фаъолияти созмонҳои террористӣ ва дигар ифротгароён ҳудуди қариб тамоми давлатҳои ҷаҳонро дарбар мегирад.
Нияту амалҳои террористон ва ифротгароён ин пояҳои амнияти давлатҳоро заиф гардонида, сабабгори ноустувории вазъият дар минтақаҳои ҷаҳон ва таҳдидҳо ба шаҳрвандон нигаронида шудааст. Аз ҷумла амалҳои гурӯҳҳои ифротиву тундгаро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари ҷиддӣ доранд. Онҳо ҳадафҳои ғаразноки худро бо шиорҳои динию мазҳабӣ рупӯш намуда, тарафдоронашонро зери парчами мубориза барои адолати иҷтимоӣ ҷалб мекунанд. Кишвари мо Тоҷикистон, ки дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷеабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароиро пушти сар кардааст, бо чунин ҳадафҳои пасипардагии онҳо аз наздик шинос аст.
Ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шудем. Бинобар, мардуми шарифи Тоҷикистон дар пешгири ва муборизаи хамешаги мубориза бар зидди тероризм ва экстремизм дар сафи пеш қарор дорад. Ҳукумати кишвар дар такя ба ирода ва ҷонибдории мардуми Тоҷикистон аз сулҳу субот тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дод, то муколамаи васеи миллиро ба роҳ монда, ваҳдати милливу суботи ҷомеаи худро барқарор намояд. Тоҷикистон ки хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомезро бартараф карда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, ҳамчунин дигар шарикони байналмилалии худ ҳамкории фаъол ва пешгири аз ин хатарро идома медиҳад. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)” (соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаиоштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.
Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронси сатҳи баланд “ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил17.05.2019 , шаҳри Душанбе чунин баён доштанд:«Мо итминон дорем, ки муқовимати самаранок ба таҳдидҳои муосири амниятӣ танҳо тавассути талошҳои муштараку ҳамоҳанг шуда ва татбиқи чораҳои муназзам натиҷа ба бор меорад.Таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, муттаҳид сохтани имкониятҳо дар доираи эътилофҳои зиддитеррористӣ ва зидди мухаддиротӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки метавонанд ба таъмини амнияту суботи фарогир мусоидати ҷиддӣ намоянд».
Бинобар, мо тамоми мардуми кишвар дар атрофи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда нагузем, ки ягон гурӯҳҳои ифротгаро ва душмани пуштипардагиамон ба сулҳу субот ва пешравии давлатамон халлалдор шавад. Бояд ҳар як шаҳрвандони соҳибдавлатро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои гул-гул шукуфии Ватани азизамон – Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Зиёмидинов Б.М. – мудири кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии
муосири ДДҲБСТ