Ҳамоиши “ Рӯзи хатмкунанда”
Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади рушди касбияти донишҷўён ва хатмкунандагон, омода намудани онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ аз рўи ихтисос, мусоидат ҷиҳати дарёфт ва таъмини хатмкунандагон бо ҷойи корӣ ҳамоиши “Рӯзи хатмкунанда”-ро баргузор менамояд.
Дар доираи ҳамоиши мазкур мизи мудаввар, мулоқоту вохӯрии намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ, сохторҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ бо хатмкунандагон ба нақша гирифта шудааст.
Нафароне мехоҳанд, ки аз суҳбати мутахассисони варзида баҳравар гарданд, марҳамат ба ҳамоиши “ Рӯзи хатмкунанда” !
Замон: санаи 03 феврали соли 2022,
Макон: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон!