ВАҲДАТ – ПОЯИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН
Сулҳу ваҳдат калимаҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва гўшнавоз буда, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.
Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст.
Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, хамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан аст.
Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти осуда, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст.
Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеу мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии миллати тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотхои бонуфузи ҷаҳон гардидааст. Худшиносӣ ва худогохии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Танҳо дар сурати вахдати пойдор душворихо ва монеахо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба бехбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шохрохи пешрафту тараккиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад, аммо ниҳоле низ хаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад ва ин ниҳол номаш Ваҳдат аст. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо он мо, тоҷикон фахр мекунем.
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷихати сиёсӣ ва ҳам аз ҷихати фарҳангӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, шукуфон гардид ва имрӯз дар чеҳраи ҳар шаҳрванди кишвар нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.
Хулоса, чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз шукр мегўям, меболам ва боифтихор метавонам гӯям:
Дўстиро ҷустуҷў дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугў дорем мо…
Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини куҳанбунёд ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди содиқ, вафодор ва бузургмеҳрӣ ин сарзамин устуворӣ бахшида,такягоҳ аст.
Ашўров С. – декани факултети бизнес ва идоракунии ДДҲБСТ