ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ – РОҲНАМО БАҲРИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ

Дар таърихи инсоният охири асри XX бо тағйирёбиҳои глобалӣ ва назаррас дар низоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон тавсиф дода мешавад. Алалхусус, пошхӯрии мамлакати абарқудрат Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар ҳудуди он пайдоиши якчанд давлатҳои мустақил, барҳамхӯрии низоми сотсиалистӣ, гузариши расмии собиқ ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ ба шакли нави хоҷагидории бозорӣ ва ғайраҳо мебошад. Давлатдории навини даврони Истиқлол, ки аз санади Эъломияи истиқлолияти кишвар манбаъ мегирад, дар самти ташаккул намудани иқтисодиёти устувор аз аввалин қадамҳои худ ба шикастҳои пайдарпай дучор гардид.

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони мамлакат – муҳимтарин падидаи оғози соли тақвимӣ, раҳнамои ҳаёти давлату ҷомеа дар марҳилаи оянда мебошад, ки дар ин хусус алоҳида андешаҳои баланд баён гардиданд:“Дар оғози солҳои навадуми асри гузашта – замоне, ки давлати соҳибистиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи нерӯҳои ифротгарои дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки он боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид. … Мо сабақҳои талхи мухолифату нооромиҳо ва беназмиву беқонунии солҳои 1991 – 1997-ро ҳаргиз набояд фаромӯш кунем”. Дар ҳақиқат, оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле гарон буд. Дар адабиётҳои илмӣ омадааст, ки фавти зиёда аз 150 ҳазор нафар аҳолӣ, тарк кардагони ватан зиёда аз 1 миллион нафар, илова бар ин, ба иқтисодиёти мамлакат ба ҳаҷми 10 миллиард доллари ИМА зарар расонида шудааст.

Бо шарофати хиради бузурги ҳалқи азизи Тоҷикистон, тадбиру талошҳои устуворонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари ҷангзада низоми устуворонаи иқтисодӣ ва баромадан аз бўҳрони иқтисодӣ оѓоз гардида, таҳаввулоти бунёдӣ дар сохтори ҷомеа ва фаъолияти субъектҳои ҳоҷагидорӣ ба вуҷуд омад.

Хусусан, пас аз расидан ба Ваҳдати миллӣ дар иқтисодиёти кишвар муваффақиятҳо хеле назаррасанд. Оид ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву сиёсӣ дар солҳои истиқлолият дар васоити ахбори умум аз ҷониби сиёсатмадорон, олимон ва мутахассисон хеле ақидаҳои ҷолиб баён гардидаанд. Ҳамзамон, баъзе нишондиҳандаҳои макроиқтисодии асосие, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат омадааст, такрор бошад ҳам қайд намоем, зеро онҳо дар ҳақиқат дар ҳаёти ҷомеаи имрӯза аҳамияти бузург дошта, боиси таваҷҷуҳ ва дастгирӣ мебошад.

Дар соли 2021 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 95 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбати соли 2000 53 маротиба, даромади буҷети давлатӣ 28 миллиард сомонӣ, ки дараҷаи афзоиш нисбати соли 2000 111 маротиба мебошад. Сатҳи рушди миёнасолонаи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида шудааст. Нишондиҳандаи дигари асосӣ, яъне ММД ба ба ҳар нафар аҳолӣ нисбати соли муқоисавии дар боло қайдгардида беш аз 30 баробар афзоиш ёфтааст. Дар давраи таҳлилӣ даромади пулии аҳолӣ 75 баробар, музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар зиёд гаштааст.

Чӣ тавре ки маълум аст, дар соли 1999 сатҳи камбизоатӣ дар сатҳи 83 фоиз қарор дошт. Бо мақсади баланд бардоштани саҳти зиндагонии мардум ва ҳаллу фасли муаммоҳои иқтисодии аҳолӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Масалан, ҳуҷҷати давлатии “Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва дигар хуҷҷатҳои зарурӣ қабул гардид. Бо пайгирӣ аз ин ҳадаф, яке аз иқдоми бузургу таърихии анҷомдодашуда тақсимоти 75 ҳазор гектар замин ба аҳолии мамлакат ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим карда шуд. Ғайр аз ин, дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд, ки шумораи зиёди аҳолии шаҳру деҳот соҳиби заминҳои наздиҳавлигӣ гаштанд. Дар натиҷаи амалишавии чунин гуна қадамҳои устувор сатҳи камбизоатӣ дар соли 2019 ба сатҳи 26,3 фоиз расид, ки нисбати соли таҳлил шуда 3,2 маротиба кам гардидааст.

Боиси қайд аст, ки муҳимтарин ҳадафи сиёсати иқтисодии давлат аз оѓози даврони Истиқлолият беҳсозии сатҳи зиндагии мардум ва таъмини ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мебошад. Дар Паёми имсола Пешвои муаззами миллат дигар нишондиҳандаҳое, ки оид ба беҳтар гаштани сатҳи зиндагии мардум истода гузаштанд, алалхусус:

– зиёд гаштани истифодабарандагони алоқаи телефонӣ дар соли 2021 беш аз 8 миллион нафар, шабакаи интернет зиёда аз 4,2 миллион нафар;

– дар бист соли охир ба ҷумҳурӣ 730 ҳазор мошини сабукрав ворид гардида, беш аз ду миллион нафар аҳолӣ соҳиби воситаи нақлиёти шахсӣ гардидааст;

– хароҷот барои истифодабарии алоқаи мобилӣ дар 10 соли охир аз ҷониби аҳолии мамлакат 30 миллиард сомонӣ зиёд гаштааст;

–ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар низоми бонкӣ соли 2021 ба 10 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбати соли 2000-ум 109 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар ҳақиқат, нишондиҳандаҳои мазкур дар самти ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ пурра эътирофшаванда бошад ҳам, дар соли ҷорӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарурати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати некуаҳволии аҳолӣ истода гузаштанд: “…Тавре борҳо таъкид карда будам, мо талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олии давлат қабул ва амалӣ карда мешаванд”.

Дар Паёми соли ҷорӣ баҳои объективӣ ба ҷараёни амалишавии 4 ҳадафи стратегии миллӣ, ки қаблан қабул гардида буд ва ҳоло идома дорад баён карда шуд, ки онҳо таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад. Ғайр аз дастуру супоришҳои аниқ баҳри боз ҳам тақвият бахшидани масъалаҳои мазкур андешаҳои ҷолиб пешниҳод карда шуд.

Паёми Сарвари давлат дар муайян намудани паҳлӯҳои мухталифи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар густариши дастовардҳои сиёсӣ, инкишоф ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимою иқтисодӣ, таъмин ва таҳкими амнияти иқтисодии миллӣ нақши муҳим  ва калидиро мебозад.

Баҳри ноил гардидан ба мақсади мазкур ва ҳадафҳои стратегии кишвар дар Паёми худ Пешвои миллат таҳлили пурраи самтҳои мушаххасро анҷом дода, вазифаҳои аниқ гузоштанд:

  • фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо;
  • баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ;
  • таъмини дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ то 2 баробар зиёд карда шавад;
  • таъсиси зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ, расонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ, афзоиши ду маротибаи содироти он;
  • таъмини рушди ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз;
  • таъсиси беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, беш аз 2 баробар зиёд гардонидани даромади пулии аҳолӣ, васеъ намудани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ (ба 45 фоиз), коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз;
  • дар панҷ соли минбаъда сохта ва ба истифода додани беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;
  • дар 7 соли оянда расонидани иқтидорҳои энергетикии кишвар ба 10 ҳазор мегаватт;
  • коркарди Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва амалӣ намудани он;
  • идома бахшидани ислоҳот ҷиҳати мукаммал гардонидани низоми идораи давлатӣ ва таъмин намудани самаранокии он;
  • зиёд намудани қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат, барои соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва гузариши пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ;
  • тақвият бахшидани ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан, сармояи мустақим барои бахшҳои саноати коркард мунтазам чораҷӯӣ намояд;
  • тақвияти иқтидори содиротии кишвар, рушди тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани рушди саноати коркард ва хӯрокворӣ.
  • баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ба забонҳои русиву англисӣ;
  • ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ, таҳкими фаъолияти инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ;
  • тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ;
  • дар муҳлати се моҳ таҳия намудани «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030»;
  • таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардондани маҳалли зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин;
  • аз ҷониби ҳамаи сохтору мақомоти марказиву маҳаллӣ, корхонаву муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоту муассисаҳои давлативу ғайриҳукуматӣ, соҳибкорону тоҷирон ташкил кардани ҷойҳои корӣ дар кишвар;
  • рушди босуръати соҳаи гидроэнергетика;
  • идомаи ислоҳоти иқтисодӣ ва таъмини рушди босуботи минтақаҳои кишвар.

Дар як мақола баррасӣ кардани ҳамаи самтҳои дар боло зикргардида ғайриимкон аст, бинобар ин дар ин ҷода оид ба масъалаи саноатикунонии кишвар мушаххасан ибрози ақида менамоем.

Нахуст боиси ифтихор аст, ки дар муқаддимаи Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоҳида таъкид намудаанд, ки: “Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд”.

Вале боиси қайд аст, ки аз нуқтаи назари талаботи ҳозиразамон суръати рушди иқтисодӣ боз ҳам тақвият дода шавад мувофиқи мақсад мебуд, зеро агар мо чунин суръати рушдро дар оянда нигоҳ дорем (7,5 % дар як сол), барои ду маротиба афзоиш додани истеҳсоли ММД зиёда аз 9 сол лозим аст, ки ба соли 2030 рост меояд. Аз ин рӯ, баҳри ноил гаштан ба ҳадафи мазкур то ҷашни 35-солагии истиқлолияти кишвар афзоиш додани суръати миёнасолонаи рушди иқтисодӣ, аққалан суръати миёнасолонаи рушди иқтисодиро то 10% расонем, бамаврид аст. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки дар ин самт Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвар, дар самти ноил гаштан ба ҳадафи мазкур ва таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар иқтидори зарурӣ дорад.

Чӣ хеле ки маълум аст, дар ибтидои солҳои истиқлолият иқтисодиёти кишвар ба мушкилиҳои зиёд дучор гардида, аз ҷумла соҳаи саноати кишвар талафотҳои сангинро гузашт. Алалхусус, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёда аз 50% нисбати соли то ислоҳот паст гардида, дар мамлакат ҷараёни деиндустриализатсияро мушоҳида намудем, яъне аксарияти корхонаҳои сектори саноати иқтисодиёт аз фаъолият бозмонданд ва ё бо иқтидори хеле ночиз фаъолият намуданд. Вале, пас аз таъмини сулҳ дар мамлакат  барқарор кардани иқтидори истеҳсолии саноатӣ, дар навбати аввал расидан ба давраҳои тоислоҳӣ, хусусан афзоиши иқтидорҳои нави саноатӣ аз соли 2000 то инҷониб сол то сол афзоиш ёфта истодааст.

Дар Паёми навбатӣ омадааст, ки:“Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард. Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид. Дар бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шуд”.

Соҳаи саноат бевосита соҳаи асосии таъминкунандаи аҳолӣ бо шуғли пурмаҳсули доимӣ, имконияти хуб дар самти баланд бардоштани ҳам даромади буҷети давлат, ҳам даромади аҳолии кишвар, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, механизми таъмини гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, таҳкурсии асосӣ барои гузаштан ба раванди рақамикунонии иқтисодиёт, рушди нерӯи инсонӣ мебошад. алоқаманд аст. Пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба корхонаҳои саноатӣ, ҷорӣ кардани имтиёзҳои андозӣ ва дигар имтиёзҳо инҳо аз он xумлаи чораҳое мебошанд, ки ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ин соҳа бояд оварда расонад.

Дар солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри расидан ба яке аз самти стратегии давлат, яъне саноатикунонии босуръат дар даврони истиқлолият корҳои зиёде ба сомон расиданд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, ҳоло соҳаи саноати ҷумҳурӣ имкониятҳои хеле зиёд дорад, ки дар Паёми имсола Пешвои муаззами миллат дар ин самт масъалаҳои зеринҳоро қайд намудаанд: “Аммо бо вуҷуди имтиёзу сабукиҳои зиёди пешниҳодгардида имконияту иқтидорҳои истифоданашуда барои боз ҳам тезонидани суръати саноатикунонӣ ҳанӯз зиёданд. Зеро захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳанд, ки тавассути коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла металлҳои рангаву қиматбаҳо, инчунин, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш соҳаҳои саноати металлургия, сабуку хӯрокворӣ ва дорусозӣ рушд намуда, дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот афзоиш ёбад ва саноатикунонии босуръати мамлакат таъмин карда шавад. Дар давоми панҷ соли оянда, яъне дар доираи «Солҳои рушди саноат» тавассути таъсиси корхонаҳои нав, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, афзоиш додани ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок ва коркарди маъдан ба фаъолият оғоз кардани боз якчанд корхонаи бузурги соҳаи маъдан оид ба коркарди ниҳоии ашёи хом бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ имконпазир мебошад. … Ҳамчунин, дар 5 соли минбаъда барои таъмин кардани рушди саноати сабук доир ба таъсиси 5 маҷмааи коркарди ниҳоии нахи пахта бо ҷалби беш аз 11 миллиард сомонӣ чораҳои амалӣ андешанд”. Ба андешаи мо, бо тарзи зайл дар самти баланд бардоштани сатҳи саноатикунонии кишвар тақвият бахшидан имконпазир аст. Дар ин радиф баъзе андешаҳои худро оид ба ҳолати имрӯзаи соҳаи саноат иброз менамоем.

Ҳангоми таҳлили сарчашмаҳои оморӣ маълум гардид, ки дар соли 2020 ҳаҷми маҳсулоти саноат 30890 млн. сомониро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2000 ба 5704 млн. сомонӣ баробар буд, ки нисбати соли 2000 сатҳи рушд 5,4 маротиба ва нисбати соли 1991 (13540млн. сомонӣ) 2,28 маротиба мебоашад. Нишондиҳандаи мазкурро ба ҳар сари аҳолӣ агар ҳисоб кунем,  истеҳсоли маҳсулоти молҳои саноатӣ дар соли 2020 дар ҳаҷми 3249,4 сомонӣ рост меояд. Дар соли 1991 бошад, ин нишондиҳанда 2458,9 сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса сатҳи рушди на он қадар зиёд, яъне 1,3 маротиба мебошад.

Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар мамлакат дар соли 2020 нисбати соли 2000 қариб 1,8 маротиба зиёд гаштааст. Вале бо ақидаи мо корхонаҳои ташкилшуда дар соҳаи саноат нисбатан хурд аст, зеро он дар ташкили ҷойҳои кории холии зиёд ҳиссаи назаррас надоранд. Масалан, шумораи миёнаи солонаи кормандони саноатию истеҳсолӣ дар соли 2020 84,3 ҳазор нафарро ташкил кард, ки нисбати соли 2019 1,7 маротиба зиёд мебошад, вале агар нисбати соли 1991-ро муқоиса намоем, ҳамагӣ 39,2%-ро ташкил медод, ки ин қонеъкунанда намебошад. Бинобар ин, ҳоло фурсате расидааст, ки дар ҷумҳурӣ бо сармояҳои бузург корхонаҳои азими саноатӣ ташкил карда шавад, ки шумораи зиёди қувваи кориро бо ҷойи корӣ таъмин намояд.

Сатҳи рушди истеҳсоли молҳои саноатӣ ба ҳисоби миёна тақрибан аз соли 2000 инҷониб 10,9 %-ро ташкил медиҳад ва агар ба истифодабарии “қоидаи 70” инро таҳлил намоем, пас қариб 7 сол муваффақияте, ки имсол дар даст дорем, 2 маротиба зиёд кардан мумкин аст. Масалан, ҳоло ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти саноатӣ 3249,4 сомонӣ бошад, ҳамин нишондиҳанда дар соли 2028 агар суръати рушди имрўза бошад, ба ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 6498,8 сомонӣ ба ҳар сари аҳолиро таъмин кардан мумкин аст.

Аз сарчашмаҳои оморӣ бармеояд, ки иқтидориҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ дар истеҳсоли намудҳои ҷудогонаи маҳсулот пурра истифода нашуда истодааст (аз рўи иқтидори мавҷуда дар ҷумҳурӣ ҳоло дар умум на зиёда аз 39%). Аз ин бармеояд, ки ҳоло дар ҳақиқат имкониятҳо дар самти рушд додан ба истеҳсоли молҳои саноатӣ хеле зиёд мебошад.

Дар асоси маълумоти болозикр, ба ақидаи мо, дар шароити муосири рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар давраи минбаъда тақвият бахшидан баҳри гузариш ба иқтисодиёти индустриалии инноватсионӣ амалишавии равияҳои зерин мувофиқи мақсад аст:

– афзоиш додани соҳаҳои саноате, ки дар асоси истифодабарии технологияҳои сатҳи баланди муосир, ки прогресси илмӣ техникӣ ва инноватсияро муайян месозад, масалан:

– саноати дорусозӣ, авиакайҳонӣ, компютер, таҷҳизоти радиоӣ ва телекоммуникатсионӣ, роботсозӣ, саноати мудофиа ва нанотехнология;

– рушди соҳаҳои саноате, ки воридотивазкунанда ва иқтидори содиротии кишварро мустаҳкам менамояд;

– воридоти техника ва технологияи навъи истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноати кишвар;

– афзоиш додан ба ҷалби иқтидори пурраи корхонаҳои саноатӣ дар асоси истифодабарии захираҳо аз сарчашмаҳои маҳаллӣ;

– истифодабарии васеи технологияҳои рақамӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷриба дар соҳаи саноат;

– таҳия ва такмили фаъолияти инфрасохтори истеҳсолӣ, мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникии онҳо.

Дар баробари ин, мо мардуми шарафманди кишвар баҳри таъмини рушди устувори соҳаи саноат дар асоси амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём инъикос гардид, ҳамеша омода бошем ва дар роҳи таҳкими истиқлолият,  ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ягонагии Тоҷикистони азиз беш аз пеш талош варзида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷуда саҳми арзандаи хешро мегузорем.

 

Ризоқулов Т.Р. – муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДҲБСТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

You might also like