Зуҳуротӣ ифротгароӣ, терроризм ва  таъсири он ба ҷомеа

 

Вазъи кунунии ҷаҳони муосир ташфишовар буда, паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна диққати ҳамагонро ҷалб намудааст. Президенти мамлакат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасолаи худ ва мулоқоту вохӯриҳо таъкид менамоянд, ки «Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад моро зарур аст, ки пеш аз ҳама зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем. Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд, пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти мўътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва бавоя расонидани кадрҳои баланд ихтисос инчунин тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватаншиносиву хештаншиносӣ вобастагии мустақим дорад».

Дар расанаҳои даврӣ, ВАО ва интернетӣ мунтазам оид ба вазъи геополитикии ҷаҳони муосир маълумотҳои  мухтасар баррасӣ мегарданд аз ин рӯ мо бояд хулоса барорем, ки вазъияти баамаломада дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад, на танҳо ба оромию осоиштагии рўзгори мардуми тоҷик, балки ба аксари мамолики тараққиёбанда, инчунин мамоликҳои кӯчака таъсири калон расонад. Яъне, ифротгароии миллию мазҳабӣ ва ривоҷ ёфтани терроризму экстремизм дар даҳсолаи охир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда истодааст.

Зуҳури ифротгароӣ ва терроризм, ки  дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма гирифта буд, бисёр ҳодисаҳои нохушро ба сари мардум овард. Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ низоми давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон фалаҷ гардид, бўҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро фаро гирифт. Вазъияти баамаломада, ки идорааш аз ҷониби фишангҳои ҳокимияти иҷроия ва давлатӣ ғайриимкон гардид, ба он боис шуд, ки зуҳуроти таҳдид ва зўроварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кушояд.

Аз ин ҳолат намояндагони ташкилотҳои террористию экстремистӣ истифода намуда, ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ намуданд. Онҳо, пеш аз ҳама, ба торҳои эҳсоси мазҳабию динӣ нохун зада, аҳолиро ба масҷидҳо ва тавассути онҳо ба фикри амалӣ намудани мақсаду мароми худ ҷалб намуданд. Албатта дар шароити номуайянӣ мардумро ба як самти барои худ дилхоҳ равона намудан душвор буд. Аз ин лиҳоз,  чанде аз ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси ҳамонвақта бо баҳонаи ҳифз кардани ҷамъият, дину мазҳаб  ба баъзе аз ташкилоту созмонҳои ба ном хайриявии мамолики дигар, аз ҷумла давлатҳои исломӣ муроҷиат намуданд.

Ин боис гардид, ки дар мамлакат гурўҳҳои террористӣ ва экстремистии яроқнок пайдо шуданд ва мақсади ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва дигар кардани сохти давлатдориро оғоз карданд. Дар ҷумҳурӣ  воқеаҳову ҳодисаҳои нангини  ҷанги бародаркуши дохилӣ  сурат гирифт. Халқи тоҷик, ки аз азал хирадпеша ва сулҳовар буд пеши оташи ҷанги хонумонсӯз гирифта шуд.

Дар ин масъала мақоми Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Эмомалӣ Раҳмонро махсус қайд кардан месазад. Гурўҳҳои манфиатхоҳи экстремистӣ ба мақсадҳои ғаразноки худ нарасиданд ва ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карданд.

Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шуд. Ин қонун, терроризм – яъне зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад.

Солҳои охир фаъолияти терро-ристӣ ва экстремистии созмонҳои «Ал-қоида», «Ҳаракати толибон», «Бародарони мусулмон», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ» ва ғайра дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Осиёи Марказӣ ва инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфии худро ба вазъияти ҷамъиятию сиёсии ин давлатҳо мерасонанд.

Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкилотҳои террористӣ ва ё экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки терроризм бевосита ба амнияти Тоҷикистон ва дар маҷмўъ Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. Ҳодисаҳои солҳои охир дар кишвар рўйдода, аз ҷумла фирор кардани 25 нафар ҷинояткорон аз маҳбасхонаи муваққатии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалиётҳои ҷангии рухдода байни қувваҳои ҳукуматӣ ва гурўҳҳои террористӣ-экстремистӣ дар минтақаи Рашт, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои Балҷувон ва Темурмалик, инчунин таркиши рўзи 3-юми сентябри соли 2010 дар бинои шўъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ҳодисаи дар ҷамоати Чоркўҳи ноҳияи Исфараи ин вилоят ба амал омада, аз гуфтаҳои боло гувоҳӣ медиҳанд.

Ҳодисаҳои номбурда бевосита ба терроризм ва экстремизми динӣ марбут ҳастанд ва маҳсули ин зуҳуроти номатлуб ҳисоб меёбанд. Хатарнокии ин омил дар он аст, ки зиёда аз 90%-и аҳолии Тоҷикистон ба дини мубини ислом эътиқод доранд, онро парастиш мекунанд ва фарҳанги зиёда аз ҳазору чорcадсолаи исломӣ ба қисми ҷудонашавандаи тамаддуни мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Қувваҳои ба Тоҷикистон душман ин омилро хуб дарк карда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои ғаразноки худ истифода бурда истодаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давраи ҳозираи инкишофи равандҳои гуногуни иҷтимоии ҳаёти инсоният баробари тараққиёти илму техникаю афзудани шумораи бекорон ва вусъати ҷаҳонишавӣ ба давлатҳои олами муосир яке аз хатарҳои ҷиддии таҳдидкунанда ин зуҳуроти экстремизм ва терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ин вабои аср, яъне терроризм ва экстремизм ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намемонад ва кишвари бииштосои  мо аз он дар канор намондааст.

Айни замон яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосие, ки боиси нигаронии ҷомеа ва ҳамагон, аз ҷумла роҳбарияти тамоми зинаҳо гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, аз қабили “Ҳизби исломии Туркистон” (собиқ «Ҳаракати Исломии Ўзбекистон»), “Ҳизб-ут-Таҳрир”, ҷамоатҳои “Ансоруллоҳ”, “Содиқлар”, “Таблиғ”, созмонҳои “Ҷиҳоди исломӣ», «Ҷундуллоҳ», ҷараёни динии “Салафия” мебошад. Бояд бо таассуф зикр кард, ки фаъолияти ташвиқотию тарғиботии пайравони ин ташкилотҳо ва созмонҳои амалашон манъгардида дар вилояти Суғд низ ба назар мерасад.

Бояд таъкид намуд, ки яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ пеш аз ҳама ташкили мактабу гурўҳҳои ғайрирасмии динӣ аз тарафи рўҳониёни алоҳида мебошад, ки омўзиши ғайриқонунии рукнҳои исломро барои наврасон ва ҷавонон ба роҳ мондаанд. Ғайр аз ин гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Русия (шаҳрҳои Москва, Челябинск, Уфа, Краснодар, Екатеринбург) аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ташвишовар мебошад. Зеро аз муҳити ватани хеш канда шуда, ҷавонони ҳанўз тафаккуру андешаи миллиашон ташаккул наёфта, роҳгум мезананд.

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст ва дар ин бобат мақоми ҷомеъаи шаҳрванди роли муҳимро мебозад. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва хусусан тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

Омўзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳанд. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуби мавзўънок бедор намоянд. Ташкил намудани конференсияҳои тематикӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳаракатҳои қайдгардида, дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шавад.

Зеро, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандўсту гуманист, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки санаи 21.12.2021 баргузор гардид  таъкид намуданд, ки «Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад».

Ҳамаи ин саъю кушишҳо барои он аст, ки сатҳи маърифатнокии ҷавонони мо баланд гардад, чунки  созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористи имрўз мекушанд, ки ҳар чи бештар ҷавононро ба доми худ кашанд. Аз ин рӯ, саводнокии ҷавонон,  зиракиву ҳушёрии онҳо, бохабар будан аз равандҳои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони имрӯза бениҳоят зарур аст.

Дар ин ҷода сайъу кӯшиш, дарк намудани мақсадҳои ғаразноки гурӯҳҳои тундрав бо дастгирӣ ва кӯмаки  ҳаматарафаи шаҳрвандон  ба мақоматҳои дахлдорӣ давлат низ мавқеи махсус дорад, зеро амният ва оромии кишвар ба ҳамдастии давлату ҷомеа сахт марбут аст.

 

Акмалова М.А.-декани факултети сиёстшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ 

You might also like