РУШДИ САНОАТИ МАМЛАКАТ ЗАМИНА БА БЕҲБУДИИ НЕКУАҲВОЛИИ АҲОЛӢ

Аз даврони ба даст овардани истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон 30 сол сипарӣ шуда, дар ин давра аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳри инкишофи соҳаҳои иқтисодиёти кишвар як зумра барномаҳои давлатӣ, қонунҳо, қарорҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор қабул шудаанд. Яке аз чунин ҳуҷҷати муҳим барои инкишофи иқтисодиёти кишвар ин «Барномаи давлатии стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мебошад.

Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ дар давараи то соли 2030 масъалаҳои рушди босуботи саноатро вобаста ба ҷобаҷогузории иқтидорҳои истеҳсолии дорои инфрасохтори инкишофёфта, саҳмгузорӣ бобати бештар ба кор машѓул кардани аҳолии қобили меҳнатбуда, таъмини сатҳ ва сифати баланди ҳаётгузаронии аҳолӣ ва зиёд намудани ҳаҷми даромаднокӣ ба ҳар сари аҳолиро дар асоси аз ҷиҳати иқтисодӣ самарабахш гардонидани истеҳсолоти саноатӣ ба миён гузоштааст.

Тибқи барномаи мазкур ҳадафҳои стратегии мамлакат зина ба зина муайян карда шуда истодааст, аз он ҷумла:

1.       Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ;

2.       Раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ;

3.       Таъмини амнияти озуқаворӣ;

4.       Саноатикунонии босуръати мамлакат.

Ҳар як ҳадафҳои стратегӣ дар Паёмҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардидаанд, ки он роҳнамо барои инкишофи соҳаҳои иқтисодиёти кишвар хоҳад гардид.

Ҳадафи рушди босуръати саноатикунонии мамлакат дар Паёми навбатии ба Маҷлиси олӣ, ки дар санаи 28 декабри соли 2018 баргузор гардида буд, қабул гардида ва чунин омадааст: «Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ амалӣ гардонида истодаем».

Ҳадафи стратегии мазкур ин замина ва инкишофи дигар ҳадафҳои стратегии қабулгардида, аз но ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ хоҳад гардид.

Саноат пояи асосии иқтисодиёти миллӣ буда, асоси баландбардории самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Барои рушди саноати кишвар бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018 таҳти №159 Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Саноати кишвар инкишоф ёфта ва аз ҷиҳати техникӣ муҷҷаҳаз гардида истода ба соҳаҳои зерин тақсим мешавад:

– саноати истихроҷи маъдан;

– саноати коркард;

– истеҳсолу тақсими нерўи барқ, газ ва об.

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2020 (соли 2011) сохтори саноати кишвар дар чунин ҳолат мебошад: саноати истихроҷи маъдан -13,9% (12,4%), саноати коркард -61,7% (69,0%) ва истеҳсолу тақсими нерўи барқ, газ ва об -24,4% (18,6%).

Тавре аз маълумотҳо бар меояд, дар давраи солҳои 2011-2020 саноати истихроҷи маъдан ва истеҳсолу тақсими нерўи барқ, газ ва об инкишоф ёфта саноати коркард бошад рў ба пастравӣ шудааст. Яке аз сабаби афзоиши истеҳсолу тақсими нерўи барқ ин ба истифода додани ду агрегати НБО «Роѓун» мебошад. Ба кор андохтани агрегатҳои неругоҳи мазкур ин яке аз қадамҳои амали шудани стратегияи аввалини миллӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад.

Фаъолияти саноати кишварро аз рўи як қатор нишондиҳандаҳои асосӣ тавсиф кардан мумкин аст, аз он ҷумла: шумораи корхонаҳои саноатӣ; ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои ҷорӣ; шумораи миёнаи солонаи кормандони саноатию истеҳсолӣ; индексҳои истеҳсолоти саноатӣ ба ҳисоби фоиз нисбат ба соли гузашта мебошад.

Маълумотҳои омории давраи солҳои 1991-2010 нишон медиҳад, ки фаъолияти саноат дар тамоми нишондиҳандаҳо рў ба сўи коҳиш омада ва минбаъда то соли 2020 маълумотҳо рў ба инкишоф омада истодааст, аз он ҷумла шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 72% зиёд, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ (бо нархҳои соли 2020, млн. сомонӣ) ба 2,7 маротиба зиёд, шумораи миёнаи солонаи кормандони саноатию истеҳсолӣ ба 21,3% зиёд шудааст.

Тибқи маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, дар давраи солҳои 2015-2020 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,5 маротиба афзуда ва яке аз натиҷаи фаъолияти беҳтарин аз рўи минтақаҳои кишвар ин минтақи вилояти Суѓд мебошад, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 3,2 маротиба афзудааст.

Дар давраҳои солҳои 2015-2020 яке аз соҳаҳои саноати инкишофёфтаистода ин саноати коркард мебошад, ки ин 61,7%-и таркиби тамоми саноатро ташкил медиҳад. Дар таркиби саноати коркард (100%) бештар самтҳои истеҳсоли маҳсулоти хўрока, аз ҷумла нўшокиҳо ва тамоку (37,2%), истеҳсоли металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ (26,1%), истеҳсоли нассоҷӣ ва дузандагӣ (15,1%), истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти ѓайрифилизии маъданӣ (14,2%) мебошад.

Тасдиқи ин гуфта низ дар Паёми навбатии Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ аз 21.12.2021 с. баён гардид: «Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд».

Умуман, аз маълумотҳои оморӣ маълум мегардад соҳаҳои саноат сол аз сол инкишоф ёфта истода ва ҳадафи стратегии миллии рушди босуръати саноатикунонии мамлакат дар амал татбиқ шуда истодааст. Дар баробари ин теъдоди корхонаҳои саноатӣ, ҷойҳои нави корӣ, шуѓли аҳолӣ ба кор ва афзудани даромади аҳолӣ ба назар расида истодааст. Хусусан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар ин давра беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардонида ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида шуда, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш диҳад.

 

Орипов А. А. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ

 

You might also like