ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДО!

Мардуми шарифи Тоҷикистон шукрона аз он доранд, ки ба бахти баландашон шахси қавииродаю пуртаҷриба, соҳибақлу заковатманд ва бохираду ғамхор, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии Ватани маҳбубамонро бар дӯш доранд. Бинобар ин, ҳар сол шаҳрвандони ҷумҳурӣ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»-ро бо самимияти хос тамошо намуда, онро сармашқи кори хеш қарор медиҳанд. Зеро Паём ин ҳидоятгари муваффақиятҳои нав, такони бузург ба рушди ҳамаи соҳаҳо ва ғамхории навбатии сарвари азиз мо мебошад. Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намуданд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

Басо рамзист, ки Паёми навбатии худро Пешвои миллат бо дебочаи мухтасари таърихӣ оғоз намуда, солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро ёдрас намуданд ва аз вазнинии солҳои 90-уми асри гузашта ёдовар шуданд. Ин бори дигар азизу қимат будани Сулҳу Ваҳдати ҷовидонии тоҷиконро исбот намуд.

Дар баробари муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷӣ Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳар як соҳа супоришҳои мушаххас гузошта, таъмини рушди устувор ва беҳбудии рӯзгори мардумро таъкид намуданд.

Хеле боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат ба таври алоҳида қайд намуданд, ки  бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки сарвари кишвари мо маорифро самти стратегии сиёсати худ эълон намудаанд ва  ҳамеша нисбати ин соҳа ғамхории хоса зоҳир менамоянд. Дар Паёми навбати низ ба таври алоҳида зикр намуданд, ки ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Бинобар ин, вазифаи ҷонии мо – маорифчиён аст, ҳар як дастуру супориши сарвари кишварро саривақт ва бо сифати баланд иҷро намоем. Президенти ҷумҳурӣ ба таври хоса қайд намуданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Иҷрои  ин супоришҳо вазифаи ҷоноҷони мо мебошад.

Вобаста ба ин вусъат бахшидани  фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, татбиқи технологияҳои муосири энергияи “сабз”, ҷоннок намудани фаъолияти маҳфилҳои илмии донишҷӯён яке аз вазифаҳое мебошанд, ки ба амалишавии супоришҳои Пешвои миллат мусоидат менамояд.

Мо, устодону омӯзгорон, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори хеш қарор дода, тамоми фаъолияти худро баҳри он равона менамоем, ки ҳар як дастуру супоришҳо саривақт амалӣ шавад!

 

Кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ

You might also like