Ҳидоятҳои Пешвои миллат баҳри азхудкунии муосиртарин технологияҳои рақамӣ

Дар ҳақиқат, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, таконбахши тамоми соҳаҳои ҷомеа, бахусус, ҷомеаи илмии мамлакат гардид. Ва ин Паёму дастуру супориш ва роҳнамоиҳои навбатии Пешвои миллат шаҳодат аз истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастагинопазири пайвастаашон мебошад, ки барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол замина гузоштааст. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони шукуфою сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмӯъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад

Дар рафти баромади худ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “Таъкид менамоям, ки мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем”. Дар вуқӯъ рушду нумӯи технологияҳои иттилоотиву ҳисоббарор ва рақамӣ бо як суръати ниҳоят тез рушд намуда истода аст. Ҳоло кишварҳои рӯ ба инкишоф дар ҳамаи самтҳои фаъолияти худ технологияҳои иттилоотиву иртиботиро ҷорӣ намуда истодаанд. Аммо барои ҳамаи ин техникаву таҷҳизотҳоро истифода ва ҷорӣ намудан муттахассисонӣ хубу болаёқат лозиманд, ки ин вазифа бар дӯши Вазорати маориф ва илм во гузошта мешавад.

Асосан, истифодаи техника ва технологияҳои иттилоотӣ дар тамоми бахшҳо, дар пешрафти илм накши калидӣ мебозад. Асосан, рушди босуръати баланди техника ва технологияи навин, сатҳи зиндагии мардумро дар ҷомеъа бакуллӣ тағйир дод, муносибатҳои нави ҷамъиятиро ба вуҷуд овард. Ҳамарӯза дар ҷаҳон барои тамоми халқҳо ва миллатҳо садҳо техника ва технологияҳои нав ба нав бароварда мешаванд. Дама намуди ҳуҷҷатгузорӣ, мукотиба, коммуникатсия дар тамоми соҳахо охиста-охиста аз шакли коғази ба шакли электронӣ гузаронида шуда истодаанд.

Рушди соҳаи маориф дар истифодаи техника ва технологияҳои навини замонавӣ вобастагии зич дорад. Ҳоло мо танҳо дар ин соҳа танҳо бархе аз маводҳои электрониро истифода намуда истодаему халос. Имконияти технологияҳои иттилоотиро мо ба пуррагӣ аз худ накарда ҳоло технологияҳои рақамӣ баромадаанд. Нақши технологияҳои иттилоотӣ ҳоло ба куллӣ тағир ёта истода аст, он аз воситаи маълумотиву қисман автоматӣ ба воситаи идоракунанда ва таҳлилу хулосабарор иваз шуда аст.

Аз ҳама ҳадафи асосӣ ин аст, ки дар самти азхудкунии техника ва технология қобилият ва лаёқати таълимгирандагонро ташакул дода, раванди таълимро бо истифода аз техника ва технологияи замонавӣ ба роҳ монем. Омӯхтани техника ва технологияи навин асоси касбомузии насли ҷавон аст. Имрӯз касбомузии наврасон ва ҷавонон дар омӯзиши самтҳои техника ва технологияи муосир ба амал бароварда шуда истодааст.

Тарзи таълими техника ва технологияи нав дар шароити ҳозира онро талаб мекунад, ки бояд ҳар як шахс бо талаботи умумииилмии ҳозиразамон шинос шуда бошад ва афкори илмию техникии худро рӯз то рӯз бештар баланд бардорад.

Агар дар раванди таҳсилот барои таълимгирандагону донишҷӯён ва устодон иттилоот лозим шавад, онро метавонанд бемонеа аз шабакаи умумиҷаҳонии Интернет дастрас намоянд. Имрӯзҳо аксар муассисаҳои таълимии соҳаи маориф дорои сомонаҳои худ мебошанд, аммо аксарияти маълумотҳои навини худро ақалан дар шакли электронӣ пешниҳоди хонандаи беруна наменамоянд. Барои сайқал додан, таҷриба омӯхтан ва такмил додани дониш донишҷӯён метавонанд тарики шабакаҳои комптерӣ на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он муошират намоянд, яъне ба воситаи почтаҳои электронӣ ва ғайра

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат зикр доштанд, ки “Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад”.

Таъкидҳои Пешвои миллат мо омӯзгоронро водор месозанд, ки дар ҷараёни ҳар як дарс аз технологияҳои муосир истифода барем. Барои ноил шудан ба сифати баланди таълим шароити мусоид фароҳам оварем. Асосан яке аз заминаҳои асосии баланд бардоштани сифати таълим дар замони ҳозира тадбиқ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Дар замони ҳозира бе техника ва технологияҳои иттилоотӣ ҷамъият пеш рафта наметавонад. Ҳамаи донишҳое, ки донишҷӯён ва таълимгирандагон тавассути техника ва технологияи иттилоотӣ, махсусан аз шабакаи Интернет ва аз китобҳои электронию китобхонаҳо мегиранд, барои пешрафти илм, ҷаҳонбинии онҳо саҳми арзанда гузоранд.

 

Кафедраи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва барномасозии ДДҲБСТ

You might also like