Ташаккули тафаккури интиқодии донишҷӯёни ихтисосҳои педагогӣ дар раванди таълими ДДҲБСТ

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон озмуни кушод барои гирифтани бурс дар пешбурди ташаббусҳо ба таҳия ва ҷорӣ намудани курси тафаккури интиқодӣ дар раванди таълимии муассисаҳои олии касбии Тоҷикистон равона шудааст, эълон намуд.

Дархости Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар озмун дастгирӣ ёфт. Дар натиҷа миёни Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон ва ваколатдори давлатӣ – Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон меморандум ба имзо расид.

Ҳамоҳангсози лоиҳа муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Даврон Бобоҷонов.

Сарпарасти лоиҳа аз ДДҲБСТ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ Дадохон Аминов.

Татбиқи лоиҳа дар се марҳала амалӣ карда мешавад:

1.  Ташкили курси махсус барои ҳайати профессорону устодони донишгоҳ;

2.  Таҳияи барномаи курси махсуси “Тафаккури интиқодӣ” барои донишҷӯёни ихтисосҳои педагогӣ;

3.  Ташкил ва ҷорӣ намудани курси махсуси “Тафаккури интиқодӣ” дар донишгоҳ.

Татбиқи дархости лоиҳавии “Ташаккули тафаккури интиқодии донишҷӯёни ихтисосҳои педагогӣ дар раванди таълими ДДХБСТ” ба мутахассисони оянда барои мутобиқ шудан ба фазои иттилоотии муосир имконият дода, қобилияти дарк ва таҳлилии онҳоро ташаккул медиҳад.

 

You might also like