Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори пойдории сулҳ дар Афғонистон хоҳад буд
Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҳама давру замон мавқеи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ устувор буда, он ҳамеша эҳёи сулҳу суботи пойдорро дар ҷаҳон ҷонибдорӣ мекунад ва дар ин мавқеъ устувор боқӣ мемонад. Дар Паёми навбатии худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки:
«Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Дар ин замина муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта истодаанд ва мо ин сиёсатро дар оянда низ густариш медиҳем. Мо, ҳамчунин, мутобиқ бо ҳадафҳои дарозмуддати стратегии худ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро бо кишварҳои ба мо дӯсту хайрхоҳи ҷаҳони ислом, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷануби Шарқӣ, Уқёнуси Ором, Африқову Амрико ба роҳ монда, рушду тавсеа хоҳем бахшид».
Ин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2007 ислоҳоти низоми рафтуомади шаҳрвандони хориҷиро идома дода, ҳоло барои шаҳрвандони 112 кишвар тартиби соддаи таҳия ва ба расмият даровардани раводидро муқаррар кардааст.
Ҳодисаҳои охирине, ки дар давлати ҳамсояи Тоҷикистон – Афғонистон сар задааст, талаб намуда истодааст, ки дар масъалаи қазияи ин давлат ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд бетарафӣ зоҳир намояд. Аммо афсўс, ки дар асл ин тавр нест. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мавқеи Тоҷикистонро оид ба ҳодисаҳои Афғонистон ва тассаруфи ин кишвар аз ҷониби гурӯҳи мамнўи “Толибон” дар чунин зайл равшан карданд:
“Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад”. Ҳамзамон илова мешавад, ки: “Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд. Афғонистони ҷабрдида ва ин миллати ба мо дӯсту бародар набояд дигарбора ба гирдоби ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад”.
Мо аҳли зиёи кишвар ҷонибдории хешро нисбати ин гуфтаҳо эълон медорем ва илова менамонм, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус давлатҳои абарқудрат ва созмонҳои бонуфўзи айналмилалӣ набояд нисбати масъалаи мазкур бетарафӣ зоҳир намоянд. Ин аст, ки чанде қабл аз ҷониби фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз тамоми гӯшаи дунё оид ба вазъияти Афғонистон изҳори нигаронӣ карда шуда, бо муроҷиатнома аз созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва кишварҳои абарқудрат даъват карда шуд, ки нисбати ояндаи ин кишвар бетараф набошанд.
Муроҷиатнома ба унвони дабири кулли СММ Антонио Гуттерриш, президенти ИМА Ҷо Байден, президенти Иттиҳоди Аврупо Урсула фор дер Леен, сарвазири Канада Ҷастин Трюдо, сарвазири Бритониёи Кабир Борис Ҷонсон равона шудааст.
Аз ҷумла, дар муроҷиатнома омадааст, ки ҳоло мардуми озодихоҳи Афғонистон дар рӯ ба рӯи мубориза бо терроризми байналмилалӣ дар чеҳраи созмони террористии «Толибон», ки чанд рӯз пеш мушкили ҷаҳонӣ буд, танҳо мондаанд. Ин гурӯҳ бар зидди нерӯҳои байналмилалӣ мубориза бурд ва ҳазорҳо нафар мардуми осоишта, афсари амрико ва хориҷиро қатл кард. Масъулияти мубориза бо террористони Толиб акнун гӯё вазифаи танҳо мардуми дараи Панҷшер аст.
Дар ҳошияи ин гуфтаҳо, илова намудан бамаврид аст, ки гурўхи мамнуи «Толибон» тамоми лавозимоти ҷангии Афғонистонро, ки тайи ин муддат аз кишварҳои зиёде кӯмак гирифтааст, дар ихтиёр доранд ва онро барои террору тарс ва куштори мардуми осоишта истифода мебаранд. Андеша дорем, ки тамошо карда нишастан, ки кай ин қазия ба итмоми худ мерасад аз ҷониби аҳли башар беинсофӣ асту халос. Дар ҳамин асос, хуб мешуд агар ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз ҳукумати Покистон талаб намояд, ки оҷилан аз кӯмак ва сарпарастии созмони террористии Толибон худдорӣ кунад ва аз қатли мардуми озодихоҳ даст кашад, зер чи тавре, ки Пешвои миллат одилона иброз намуданд:
«Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард».
Санавваров Ғ.Б. дотсенти кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ