ПАËМ-ОМИЛИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ МАМЛАКАТ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олӣ дар ҳақиқат воқеаи фараҳбахш ва муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Зеро ин санад ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳама соҳаҳои зиндагии ҷомеаи мо дастури асосӣ маҳсуб меёбад.

Боиси тазаккур аст, ки ин санади муҳими сиёсиву иҷтимоӣ роҳу усулҳои рушд ва тараққиёти тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии давлатро фарогир буда, бисёре аз нуқтаҳои он барои рушди дарозмуҳлат ва миёнамуҳлати иқтисод ва иҷтимоиёти Тоҷикистон омили муҳим ҳисобида мешавад.Бо вуҷуди мураккабшавии вазъи ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, соли 2025 барои мардуми тоҷик боз як соли бобарор буд.

Ба андозаи 7,6 фоиз афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли гузашта ва ба 102,5 фоиз таъмин намудани даромади буҷет, давлат ва Ҳукумати мамлакат тавонист, ки ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд. Имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ намудани хавфи эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, самаранок истифода бурдани иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Афзоиши даромади пулии аҳолӣ, музди миёнаи меҳнат ва нафақаи ниҳоӣ, нигоҳдории муътадилии сатҳи таваррум, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ боиси баланд шудани суръати рушди иқтисоди миллӣ гардид, ки он тайи солњои охир ба ҳисоби миёна 8,7 фоизро ташкил дод.

Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд.

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, сармоягузорон, шарикони рушд ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ барои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо воридоти технологияҳои муосири каммасраф ва дар ин замина ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба мақомотҳои дахлдори соҳавӣ таъкид ба амал оварданд, ки ба масъалаҳои мазкур диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Дар ҳақиқат ҳамаи пешравиҳои зикршуда маҳз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, заҳмати содиқонаву софдилона ва азму талоши ватандӯстонаи мардуми шарифи кишвар ба даст омадааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми Паёми навбатӣ қайд намуданд: «Ман ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорам. Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки дар 34 соли сипаришуда рӯзҳои бисёр сахту сангинро бо сабру таҳаммул ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ паси сар карданд, қудрату имкониятҳои азими созандагӣ доранд ва маҳз ҳамин неруи азими созандаву ободгар фардои дурахшони Ватани азизамонро таъмин месозад” ва мо чун ҷузъи асосӣ ва муҳимми ҷомеа бояд гуфтаҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ карда, баҳри рушди иқтисоди миллӣ ва иҷтимоиёт саҳми босазои худро гузорем.

 

Охунова Д.Ӯ. – муаллими калони кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ

You might also like