Паём – раҳнамои таълим ва омӯзгор
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳимми сиёсиву таърихӣ на танҳо самтҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ватанамонро муайян менамояд, балки барои соҳаи маориф, таълим ва илм низ чун роҳнамову дастурамал маҳсуб мегардад. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16-уми декабри соли 2025 баргузор гардид, маориф ва илм ҳамчун омили калидии рушди устувори ҷомеа ва ояндаи давлат баҳогузорӣ гардид.
Умуман, дар бештари Паёмҳову маърузаҳои Президенти кишвар таъкид мегардад, ки рушду нумуи давлат бидуни маориф ва таълими босифат ғайриимкон аст. Бинобар ин, таълим на ҳамчун як соҳаи алоҳида, балки чун яке аз пояҳои асосии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии кишварамон арзёбӣ мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба таҳаввулоти ҷаҳонӣ ва рақобати шадиди илму технология таъкид менамоянд, ки танҳо ҷомеае метавонад ба пешрафту тараққиёт ноил гардад, ки насли донишманд, соҳибкасб, хирадманд ва дорои ҷаҳонбинии замонавӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, забономӯзиву касбомӯзии ҷавонон ва тарбияи миллию фарҳангии онон зери назари махсуси роҳбари давлат қарор дода мешаванд. Ҳамчунин, Паём дар ин замина маорифро чун воситаи ташаккули тафаккури суннатии ниёгон, ҳисси масъулиятшиносӣ ва худогоҳии шаҳрвандӣ муаррифӣ менамояд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳимми Паёми ин баланд бардоштани сифати таълим дар мактабҳову муассисаҳои кишвар мебошад. Афзуда мешавад, ки масъалаи асосӣ на танҳо афзоиши муассисаҳои таълимӣ, балки баланд бардоштани мазмун, муҳтаво ва сифату натиҷаи таълими ҷавобгӯ ба замони муосир мебошад. Инчунин, дар ин раванд бояд ба масъалаҳои стандартҳои таълимӣ, мутобиқ намудани низоми таълим ба ниёзҳои бозори меҳнат, истифода ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири омӯзиш, корбасти технологияҳои рақамӣ дар ҷараёни таълим ва ғайраҳо диққати ҷиддӣ дода мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маърузаву баромадҳои худ омӯзгорро шахсияти калидии низоми маориф ва таълим буданашро таъкид намуда, қайд менамоянд, ки бе омӯзгори соҳибкасб таълиму тарбияи босифат имконнопазир аст. Аз ҳамин сабаб, масъалаи баланд бардоштани мақоми иҷтимоиву касбии омӯзгор ҳамчун вазифаи муҳимми ҷамъиятӣ аз назари роҳбари давлат дур намондааст, ки қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” дар соли ҷорӣ ба ин далел аст.
Дар Паём омӯзгор на танҳо чун интиқолдиҳандаи дониш, балки ҳамчун шахси тарбиятгар, ояндасоз ва роҳнамои наслҳои ояндаи миллат муаррифӣ мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро ба масъулияти баланд, худтакмилдиҳӣ ва мутобиқ гардидан ба талаботи замони муосир даъват менамоянд. Ҳамзамон, Президенти кишвар зикр менамоянд, ки таълиму тарбияи ҷавонон танҳо вазифаи мактабу донишгоҳҳо набуда, оила, ҷомеа ва давлат низ бояд дар ин кор ҳамкорӣ намоянд. Ин гуфтаҳои Пешвои миллат Паёмро ба як санади иҷтимоии фарогир табдил медиҳад, ки таълиму тарбияро фаъолияти умумимиллӣ мешуморад.
Дар умум, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 таълиму тарбия ва омӯзгорро ҳамчун муҳаррики такондиҳандаи ҷомеа ба сӯи ояндаи дурахшони давлат муаррифӣ менамояд, ки вазифаи онҳо тарбияи шаҳрвандони босавод, мутахассисони баландихтисос ва ҷавонони ватандӯсту масъулиятшинос маҳсуб мегардад. Бинобар ин метавон гуфт, ки Паём на танҳо санади сиёсӣ, балки раҳнамои таълим ва омӯзгор баҳри баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати ҷавонони миллат мебошад.
Саломова Д.И. – ассистенти кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ