Пешгирии хавфу хатари пайомадҳои фазои муосири иттилоотӣ
Мутобиқ ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешидани чораҳои ҳуқуқии муқовимат ба терроризм, экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ вазифаи аввалиндараҷаи на танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, инчунин уҳдадории ҳар як фарди бофарҳанг, бо нангу номус ва қишрҳои солими ҷомеа дар шароити муосир мебошад.
Ҳарчанд дар Конститутсия кафолати маҳрамияти мукотиба, сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс муқаррар шуда, ҷамъу нигоҳдорӣ, истифода ва паҳн кардани маълумот дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ манъ шуда бошад ҳам, айни ҳол бинобар бепарвоӣ, бемасъулиятӣ ва маърифтаи пасти истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ (рақамӣ) дар фазои иттилоотӣ хабару маълумоти гуногун аз ҷониби худи шаҳрвандон паҳн мешавад, ки бо дастрас кардани онҳо (маълумоти шахсӣ) гуруҳи ҷиноятпеша ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ менамоянд.
Агар аз як тараф фазои иттилоотӣ ва рақамӣ барои амалишавии хуқуқҳои инсон шароити мусоид фароҳам орад, аз тарафи дигар зарурати андешидани чораҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат, арзишҳои ахлоқӣ-маънавӣ дар фазои технологияи иттилоотӣ (рақами) ба миён меояд.
Аз ин рў, дар замони муосир мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки чораҳои муқовимат зидди ин зуҳуроти хавфнокро бо ҳамоҳангсозии фаъолияти сохтору воҳидҳои соҳаҳои гуногун, хусусан соҳаи хизматрасонии алоқаи рақамӣ амалӣ намоянд. Ин гуна чорабиниҳо бояд хусусияти консептуалӣ дошта, бо ҷалби коршиносони соҳаи технологияи муосири иттилоотӣ, бо назардошти омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ҷиҳати ошкор ва бартараф карда шудани сабабу шароите, ки ба паҳн шудани омилу зуҳуроти хавфнок дар фазои иттилоотӣ мусоидат мекунанд, таҳия ва амалӣ шаванд. Дар қиёси таҷрибаи давлатҳои дигар (Ҷумҳурии мардумии Чин) манъ карда шудани замима, саҳифа, суроға, сайтҳои паҳнкунандаи хабару маълумоти ғайриаҳлоқӣ, иғвоангез ва барангезаи кинаву адоват тақозои замон аст. Ба андешаи аксари коршиносон ва мутахассисони соҳа таҳти назорати қатъии мақомоти ваколатдори давлатӣ, сохтору ширкатҳои ғайридавлатӣ ва тиҷоратии хизматрасонӣ дар соҳаи алоқа, ғайр аз гирифтани фоида ва пайваста баланд кардани ҳаққи хизматрасонии бесифат, бояд дар назди аҳли ҷомеаи кишвар масъулияти хизматрасонии босифат ва қобили қабули арзишҳои маънавии миллӣ бошанд. Танҳо ширкатҳои хизматрасонии алоқаи мобилӣ дорои технологияҳои муосири рақамӣ буда, имкониятҳои пурраи техникӣ-ташкилӣ доранд, ки дар пешгирии ҷиноятҳо, ҳифзи дастовардҳои миллӣ, арзишҳои маънавӣ-фарҳангии миллӣ тариқи пурра қатъ кардани хизматрасонӣ дар сайт, замима, суроғаи электронии шабакаҳои Интернет, умуман дар муҳити иттилоотӣ саҳмгузор бошанд.
Зеро, яке аз омилҳои афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта, вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии гурўҳҳои тундраву ифротгаро, фалаҷ шудани арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷавонон, ҷалби наврасон ва ҷавонон ба бадахлоқӣ, барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ, инчунин тарғибу ташвиқи бартарии шаҳрвандон, хусусан тариқи шабакаҳои Интернет, аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мазҳаб, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал равона шудааст, унсурҳои ба ҳам алоқамандро ташкил медиҳанд, ки пайваста ё ҷудо аз ҳамдигар амалӣ шуда, барои ноил шудан ҳадафҳои ифрогароӣ ва террористӣ дар фазои иттилоотӣ муҳити муносиб фароҳам меоранд.
Бинобар ин, яке аз вазифаҳои мубрами замони муосирро таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳи маърифтнокии аҳолӣ, хусусан ҷавонон оиди истифодаи оқилонаи (бомеъёр) технологияи иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешгирии киберҷиноятҳо ва содиршавии ҷиноятҳо бо истифодаи технологияи иттилоотии рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, ҷорӣ кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ (хусусан ширкатҳои хизматрасонӣ), ки фаъолияти онҳо ба содир шудани ҷиноят сабабу шароит муҳайё мекунад, ташкил медиҳад.
Раҳматуллоев Абдучаббор Эргашевич,
профессори кафедраи ҳуқуқи
судӣ ва назорати прокурории ДДҲБС