ҲОЛАТИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМОИ МУҚОВИМАТ БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР
“Имрӯз мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддастарини тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад”. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст.
Яке аз масъалаҳои меҳвариро дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаро мегирад. Тавре Пешвои муаззами миллат махсус иброз намуданд, ки: “Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд”.
Дар воқеъ, солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ бо пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд.
Созмонҳои экстремистию террористӣ фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ пурзӯр намуда, мехоҳанд сохти ҷамъиятӣ-сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.
Таҷрибаи байналмилалӣ ва дохилидавлатии муқовимат бо экстремизм ва терроризм собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯӣ барои бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҳуқуқии фаъолшавии онҳо равонашударо тақозо менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба содир намудани ҷиноятҳо марбут ба терроризм ва экстремизм ҷазоҳои ҷиноятиро Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки мақсади меҳварии он ислоҳ намудани шахси содиркунандаи амалҳои ҷиноятӣ ва аз ҷомеа дур нигоҳ доштани онҳо то ба марҳилаи эҳсоси пушаймонии онҳо аз кирдори содирнамудаашон мебошад.
Ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ хусусияту дараҷаи баланди ба ҷамъият хавфнокро доро мебошанд, зеро ба амнияти ҷамъиятӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат, инчунин ба сулҳу амнияти инсоният таҷовуз мекунанд.
Бояд тазаккур дод, ки терроризм ва экстремизм аз рӯйи оқибатҳои худ аз таҳдидҳои ҷиддии ҷомеаи ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, амнияти инсоният, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро зери хатар мегузоранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам такон бахшидани раванди мубориза бо ҷинояткории экстремистиву террористӣ дар баробари қабул намудани низоми қонунгузории дохилидавлатӣ, ҳамзамон санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро дар ҷодаи мазкур эътироф намудааст, аз ҷумла:
1) Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид (минбаъд СММ) дар бораи ҷиноятҳо ва дигар кирдорҳое, ки дар дохили ҳавопаймо содир мегарданд, соли 1963;
2) Конвенсияи СММ дар бораи мубориза ба муқобили ғасби ғайриқонунии киштиҳои ҳавоӣ, аз 16 декабри соли 1970;
3) Конвенсияи СММ дар бораи мубориза бо аъмоли ғайриқонунӣ бар зидди амнияти авиатсияи гражданӣ, аз 23 сентябри соли 1971;
4) Конвенсияи СММ дар бораи пешгирӣ ва ҷазои ҷиноятӣ ба муқобили ашхосе, ки дорои ҳимояи байналхалқӣ мебошанд, аз ҷумла агентҳои дипломатӣ, аз 14 декабри соли 1973;
5) Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи мубориза бо гаравгонгирӣ, соли 1979;
6) Конвенсияи СММ дар бораи ҳимояи физикии маводи ядроӣ, соли 1980;
7) Протокол дар бораи мубориза бар зидди зўроварии ғайриқонунӣ дар фурудгоҳҳое, ки авиатсияи граждании байналмилалиро хизмат мерасонанд, соли 1988;
8)Конвенсияи СММ дар бораи мубориза ба муқобили кирдорҳои ғайриқонунӣ, ки бар зидди амнияти киштигардии баҳрӣ равонагардида, соли 1988;
9) Протокол оид ба мубориза бо кирдорҳои ғайриқонунии бар зидди амнияти платформаи статсионарии дар шелфи континенталӣ ҷойгирбуда равонагардида, соли 1988;
10) Конвенсияи дар бораи нишонгузории моддаҳои таркандаи пластикӣ бо мақсади ошкор намудани онҳо, соли 1991;
11) Конвенсияи СММ дар бораи мубориза бо терроризми бомбавӣ, аз 16 декабри соли 1997;
12) Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи мубориза бо маблағгузории терроризм, аз 09 декабри соли 1999;
13) Конвенсияи СММ зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, аз 8 ноябри соли 2000;
14) Конвенсияи Шанхай оид ба мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм, аз 15 июни соли 2001 ва ғайра.
Албатта, эътирофи санадҳои болозикр, ки хусусияти тавсиявӣ ва умумиҳатмиро нисбати давлатҳои аъзоро дошта, зимнан бобати ҳифзи манфиатҳои умумиинсонӣ аз равандҳои экстремистиву террористӣ метавонад нақши бунёдиро бозида бошад.
Дар баробари ин, таъсири манфии ин зуҳуроти номатлуб, бахусус пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Осиёи Марказӣ баръало зоҳир шуд. Аз шароити номусоид ва ноустувории давлатҳои тозаистиқлол, аз ҷумла, Тоҷикистон истифода бурда, ба кишвар нерӯҳои бунёдгарои исломӣ ва ифротгароӣ роҳ ёфта, ба таблиғу ташвиқ ва амалӣ намудани ақидаҳои ифротгароёнаи худ шурӯъ намуданд.
Дар сафи пеши ин гурӯҳҳои ифротгароӣ қабл аз ҳама иттиҳоди ҷиноятии экстремистию террористии “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати Исломии Туркистон”, “Ҷабҳат-ун-Нусра”, “Давлат-ул-Ислом”, “Ҷамоати Таблиғ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, равияи “Салафия”, “Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон” ва ғайраҳо қарор доранд, ки бо ҳар роҳу васила ба ташвиқу тарғиби ғояҳои ба мардуми мо бегона кӯшиш карда истодаанд.
Ғояи асосии ин иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ноором кардани вазъи сиёсиву иҷтимоии давлат ва ҷомеа, дигаргун намудани сохти конститутсионии кишвар, маҳв кардани арзишҳои умумибашарӣ ва урфу одатҳои миллӣ буда, баҳри расидан ба мақсадҳои ниҳоии худ онҳо дар зери ниқоби дини мубини Ислом ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили бо истифодаи зӯроварӣ дигаргун кардани сохти конститутсионии давлатҳо, ноором намудани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, кушторҳо, ғоратгарӣ, таҷовуз ба номус ва ғайраҳо даст мезананд.
Барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд намудаанд, ки “Террорист – дин, мазҳаб ва миллат надорад”.
Ҳеҷ вақт дини мубини Ислом мусулмононро ҳидоят ба содир кардани ҷиноят накардааст.
Баръакс, дар оятҳои Қуръони Маҷид ва ҳадисҳо “сухани нек гуфтан”, “ба паймони хеш вафо кардан”, “адл намудан”, “ёрӣ расонидан ба муҳтоҷон”, “таҳаммулпазирӣ” ва “накӯкорӣ” – аз хислатҳои неки инсон пазируфта шудаанд.
Дар баробари ин “золимӣ”, “ситамгарӣ” ва “хиёнаткорӣ” аз хислатҳои бади инсон дониста шуда, Ислом – покизагӣ, росткорӣ ва ростгӯиро талаб менамояд.
Вазъияти ба амаломада аз мо талаб менамояд, ки дар давраи ҳассос зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгароӣ, иштироки онҳоро дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо пешгирӣ намоем.
Аз ин рӯ, бояд тадбирҳои судманде андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд.
Ҳамин тариқ, аз омўзиш ва таҳлилҳои болозикр чунин хулосабарориҳои тавсиявиро мувофиқи мақсад мешуморем:
– ҳимояи Ватан, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ бояд, мавзуъҳои асосии соҳаи кино, телевизион, радио ва тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, шоирону нависандагон, рўзноманигорон ва аҳли эҷод гардад;
– андешидани тадбирҳои иловагии дастаҷамъона дар самти иқтисодиву иҷтимоӣ бо ҳадафҳои баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум ва халқи ҷумҳурӣ;
– ба роҳ мондани корҳои самарабахши таълимию тарбиявӣ аз ҷониби мақомоту идораҳои соҳаи маориф ва фарҳанг барои баланд бардоштани сатҳи мафкура, маърифат ва фарҳанги зебоишиносиву инсондўстии насли ҷавон дар кишвар;
– дар доираи имкониятҳои мавҷуда боз ҳам ҷоннок намудани назорати расмӣ, соҳавӣ ва идоравии паҳншавии иттилооти бемақсадона ва пастсифат дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ, ки метавонанд ба мафкураи солими шахсият таъсири манфӣ расонанд;
– дар ҳошияи имкониятҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ роҳандозӣ намудани маводҳои пешгирисозандаи омилҳои содиршавии ҷиноятҳо байни ноболиѓону ҷавонон ҳамчун механизми ҷавонгардонии муқовимат бо ҷинояткорӣ ва хосатан пешгирии содиргардии ҷиноятҳои хусусияти ифротидошта;
¬- баланд гардонидани сатҳи маърифату фарҳанги баҳодиҳии воқеии ҷомеа ба равандҳои сиёсӣ иҷтимоии давлат, ки яке аз фишангҳои густурдаи ташаккул додани нигоҳи некбинона ва бунёдкоронаи аҳли ҷомеа ба зуҳуротҳои умумииҷтимоии баамалояндаи фазои умумидавлатӣ;
– бо истифода аз омилҳои инсонӣ ташаккул додани мафкураи умумиинсонӣ роҷеъ ба арзиши бебозгашт доштани ҳаёти ҳар як узви ҷомеа ва эҳтирому арҷгузорӣ ба муҳиммияти ҳаёти одамон барои ҳифз ва нигаҳдории наслҳои минбаъдаи аҳли башар.
Қодирзода Мирзоқодир Аюб,
н.и.ҳ., дотсент мудири кафедраи назария
ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ