Тақвияти ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо ДМТ
Санаи 07 октябри соли 2021 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони “Рушди қонунгузории Тоҷикистон оид ба самтҳои алоҳидаи соҳибкорӣ” бахшида ба 40-солагии таъсисёбии кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ баргузор гардид. Дар кори конференсиия устодони муассисаҳои касбии олии мамлакат иштирок ва баромад намуданд.
Дар конференсияи ҷумҳуриявӣ мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии Донишгоҳи давлатиии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, дотсент Бахтиёр Самадов иштирок намуд. Мавсуф, зимни баромади худ дар мавзӯи “Ҷавобгарӣ дар соҳаи соҳибкории иннноватсионӣ мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон” оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳои асосии ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус баробарҳуқуқии ҳамаи субъектҳои соҳибкорӣ, кафолати ҳимояи ҳуқуқ ва таъмини фаъолияти озоди субъекти соҳибкорӣ, ҳуқуқҳои субъекти соҳибкорӣ, амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мавриди масъалаҳои соҳибкорӣ ҳарф зад. Пас аз маърӯза Бахтиёр Самадов Сипосномаи раёсати ДДҲБСТ-ро аз номи ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ба хотири ҳамкории мутақобилан судманд дар самти илму таълим ба раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тақдим кард.
Роҳбарияти ДМТ низ ҷиҳати ҳамкориҳои судманд дар самти густариши равобити илмӣ бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




