Ҳамкориҳо дар самти шаклгирӣ ва рушди инфрасохтори инноватсионии таълим

 

Дар таърихи навини давлатдориамон ба шарофати сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими робитаҳои дуҷониба ва истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳамчун ифодаи равшани татбиқи сиёсати берунаи дарҳои кушод густариш ёфта, ҳавзаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон васеъ мегардад. Дар доираи сиёсати «Дарҳои боз» ва гуфтушунидҳо муайян гардидани самтҳои афзалиятноки робитаҳои байналхалқӣ дар соҳаи илму маориф, имкон фароҳам овард, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон муносибатҳои самараноки байналмилалиро бо шарикон ва ҳамкорони хориҷӣ густариш бахшад. Дар ин раванд донишгоҳ бо зиёда аз 70 муассисаҳои таълимиву Марказҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.

Бахусус,  ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурии ба мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон беш аз пеш густариш  меёбад. Дар асоси ҳамкориҳои мутақобила бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шартномаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои илм ва маорифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамҷоягии Донишкадаи молияи Тошканд дар пойгоҳи Донишгоҳи  давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон факултети муштарак ташкил карда шуд, ки дар он мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои молия ва қарз ва  кори бонкӣ омода гардида, пас аз хатм соҳиби дипломҳои ҳарду кишвар мегарданд.

Дар доираи ҳамкориҳо ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ва сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Шарипов Комилҷон Каримович дар конференсияи “Саҳми Донишкадаи молиявии Тошканд дар шаклгирӣ ва рушди инфрасохтори инноватсионии таълим, илму фан дар сохтори молиявии бонкӣ”, ки бахшида ба 30-солагии Донишкадаи молиявии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок намуданд. Ректори донишгоҳ дар  мавзӯи  “Рушди  ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  ва  Донишкадаи молиявии Тошканд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон”  баромад намуд.

Пас аз анҷоми ҳамоиш байни роҳбарони ин муассисаҳо вобаста ба масоили густариш бахшидани фаъолияти факултети муштараки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молиявии Тошканд, ташкили шӯрои муштараки дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмӣ, ворид намудани намояндаҳои ду донишгоҳ ба  ҳайъати таҳририяи маҷаллаи илмии донишгоҳҳои зикргардида, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ дар ҳамҷоягии ин ду  донишгоҳ ва дигар масъалаҳое, ки ба рушди илму таҳсилот вобастагӣ дорад, вохӯрӣ доир гардид.

Дар доираи сафар гурӯҳи кории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз шароити  синфхонаҳои таълимӣ ва фаъолияти лаборторияҳои инноватсионии Донишкадаи молиявии Тошканд дидан карданд. Инчунин, зимни сафар ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода бо сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода вохӯри анҷом дод. Густариши ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф байни ин ду кишвари дӯсту бародар аз мавзӯи меҳварии мулоқот буд.

Дар маҷмӯъ, ҳамкориҳои ДДҲБСТ бо шарикони ҳориҷӣ ба табодули раванди тахассусҳо, коркарди усулҳои нав ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҷалби устодони пуртаҷриба барои таълими донишҷӯён, анҷом додани корҳои илмию тадқиқотии муштарак, ҷалб кардани магистрҳо, аспирантон, докторантон ва унвонҷӯён ба таҳсил ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ, баланд бардоштани тахассуснокии устодону олимон, иштирок дар конференсияҳои илмӣ, ҳамоиш ва семинарҳо, таҳияи китобҳои дарсӣ, асарҳои илмию тадқиқотӣ, дастурҳои таълимӣ, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилот ва таҳкими иқтидори илмиву таълимии донишгоҳ равона гардидааст.

Шуъбаи тахлил ва робита бо ҷомеа

You might also like