Бетараф набояд шуд!

Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ рӯз то рӯз рушд карда истода, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкам намуда истодааст. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо пешниҳодҳои Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ қабул ва тибқи он амал менамоянд.

Вале, дар ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки ба тинҷу оромӣ ва чунин пешрафт ношукрӣ намуда, зидди миллат, давлат ва Ватани худ мубориза мебаранд ва барои ноором сохтани вазъ аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

Яке аз чунин нафарони ношурк ва Ватанфурӯш ин М.Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ мебошанд, ки ҳоло дар хориҷи кишвар қарор гирифта, бо паҳн намудани маводҳо мехоҳанд мардуми моро дубора фиреб диҳанд ва боз нооромӣ ва бетартибиро дар Тоҷикистон оғоз намоянд ва ба воситаи он табаддулоти давлатӣ намуда, ба ҳокимият соҳиб шаванд. Яъне онҳо мақсади бо роҳи ғайриконститутсионӣ соҳиб шудан ба ҳокимиятро доранд. Ин ҳолат аз ҳамаи мо талаб менамояд, ки бетараф набошем ва то тавонем бар зидди ин хоинони миллат, ки кӯшиши танҷиву оромии моро вайрон намудан доранд мубориза барем.

Имрӯз як масъалае арзи вуҷуд кардааст, ки боиси ташвиши аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар ин қатор боиси хавотириҳои мардуми кишвари мо ҳам шудааст. Ҳамагон медонем, ки айни замон ҷаҳони муосир аз вазъи сиёсии вобаста ба бархӯрдҳои диниву мазҳабии дар баъзе кишварҳо аз он ҷумла дар Афғонистон  ба миёномада, дар ташвиш аст.

Ин вазъи бамиёномада, ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳо ва гӯруҳҳои иртиҷоию экстремистиро ба ҳаракат овардааст. Бархӯрди ақидаҳои диниву мазҳабӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои  сиёсӣ ва ғаразхоҳонаи дунёталабон замина фароҳам оварда, бо баҳонаи дифоъ аз дини ислом қатлу куштори мардуми бегуноҳ дар шакли террор анҷом дода мешаванд.

Дар навбати худ, ин гуна ҳодисаҳо ва рӯйдодҳои ногуворе, ки аз ҷониби террористон бо шиорҳои мардумфиреби ҳимоя аз дини мубини  ислом, аммо дар асл бо қатли  мардуми бегуноҳ анҷом дода шуда, мо тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳ мешавем, мардуми моро бори дигар огоҳ ва ҳушдор медиҳад, ки дар ин масъала назари  ҷиддӣ дошта бошанд. Зеро имрӯз ба ҳамаи мардуми ҷаҳон хатари муқобилгузории дину мазҳаб таҳдид мекунад.

Аллакай аз хабарҳои воситаҳои ахбори умум хабар дорем, ки дар кишварҳои  хориҷ аз ҷумла, дар давлати Афғонистон ҳаракати толибон то рафт мавқеи худро мустаҳкам намуда истодаанд, ки ин албатта барои Тоҷикистон ҳам таъсири худро мерасонад.

Дар сурате, ки тарконидани  масҷиду ибодатгоҳҳо, ки новобаста ба дину мазҳабҳо ҷои ниёиши Худованд аст, қатлу куштори роҳгузарон – як зан ва ё як нафари бегуноҳ, ки ҳатто пурсида намешавад, ки аз кадом дину мазҳаб  пайравӣ мекунад, ба ягон меъёри ахлоқи башарӣ аз ҷумла, фармудаи шариати ислом рост намеояд.

Тавре гуфта шуд, имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои миёни давлатҳои исломӣ ба авзои сиёсӣ ва муносибатҳои миёни давлатҳо аз ҷумла, давлати мо  низ бетаъсир нахоҳад буд.

Дар чунин вазъи ҳассос бояд суханони таърихии Пешвои миллатамонро, ки  аз минбари Созмони милали муттаҳид ба ҷаҳониён иброз гашт,  ёдрас кунем: «Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард».

Дар чунин вазъият, бадхоҳони миллат бо ҳар роҳу восита мехоҳанд,  фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода, тақдири халқи кишварро ҳал кардан мехоҳанд, тариқи телевизионҳои моҳвораӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба ҳукуматдорон ва мардуми мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст мавриди интиқод қарор медиҳанд. Умуман, чунин гурӯҳҳо талош мекунанд, то бо воситаи бурдани  таблиғот, мардуми ноогоҳро фиребанд ва онҳоро муқобили ватану миллати худ барангезанд.

Натиҷаи зиракии  сиёсии мо он бошад, ки хатои давлатҳои  исломии ҷангзадаро такрор накунем, балки аз хатои онҳо ибрат гирем, ба иғвоҳо дода нашуда, дар атрофи Сарвари давлат, Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шавем, дар ҳимояи  ватани азизамон ҳама чун як тан пойдор бошем. Мо бояд ҳаминро дарк кунем, ҳар иқдоме, ки аз ҷониби давлат роҳандозӣ мешавад, танҳо ба хотири сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва осудаҳоли мардум буда, Сарвари давлат ҳама чораҳоро меандешанд, ки Тоҷикистони мо барои мо як хонаи пур аз амну субот бошад.

 Абдуллоев О.А. – дотсенти кафедраи баҳисобгирии бугалтерии ДДҲБСТ

You might also like