Устодони арҷманд ва шогирдони азиз!
НОМАИ ТАБРИКОТИИ
ректор, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ба муносибати Дарси сулҳ ва Рўзи дониш
Басо рамзист, ки имсол дар фазои бошукўҳи идона, ифтихор аз музаффариятҳои паёпай, рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, омодагиҳои рўҳафзо ва фараҳмандӣ аз корҳои созандагию бунёдкорӣ ба хотири истиқболи ҷашни сазовори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, соли нави таҳсили 2021-2022 оғоз меёбад.
Ҳамасола бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудани Дарси Сулҳ рамзи арҷгузорӣ ба илму дониш маҳсуб ёфта, ин падидаи нек ва дастуру ҳидоятҳои созанда ба сӯи омилҳои тақдирсози давлату миллат – хираду маърифатпарварӣ ҳидоят менамояд.
Барои миллати тамаддунофари тоҷик истиқлолу озодӣ ва хираду маърифат падидаи бемисли таърихӣ, калиди саодат, шукуфоии ҳаёти имрўзу фардост. Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат соҳаи илму маорифи кишвар ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ эълон гардида, рисолати таърихии донишгоҳи мо низ мақому манзалати шоиста касб намуд.
Аз файзи истиқлолу озодӣ имрӯз донишгоҳ ба яке аз муассисаҳои бонуфузи соҳаи маориф ва илми кишвар табдил ёфта, бо умеди тоза ҷониби оянда қадамҳои боэътимод мегузорад. Инак, дар тӯли 28 соли мавҷудияташ донишгоҳ зиёда аз 16 ҳазор нафар мутахассисони соҳибтахассус ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнатро омода намуд. Бо ҳисси баланди масъулият ифои вазифа намудани хатмкардагони донишгоҳ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат боиси ифтихору сарфарозист. Соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардидани ихтисосҳои донишгоҳ, таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ, ташаккули доираи пажӯҳишот ва инфрасохтори инноватсионии донишгоҳ, густариши фаъолияти байналмилалӣ, таъсиси марказҳои таълимию тадқиқотӣ, ташкили факултети муштарак, ғолибияти донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалию минтақавӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ музаффариятҳои донишгоҳ аст, ки аз нурафшонии хуршеди соҳибистиқлолӣ ва бо нияту мақсадҳои нек ба роҳ мондани фаъолияти босамари ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба даст омаданд.
Воқеан, даврони Истиқлол дар пешорўи макотиби таҳсилоти олии касбӣ на танҳо уфуқҳои нави рушду такомулро боз намуд, ҳамчунин, вазифаи басо пурмасъулият – парвариши мутахассисони варзидаи худогоҳу худшиносро низ гузошт. Ҳидоятҳои созандаи Роҳбарияти олии мамлакат барои саодати маънавии насли толеъбаланди даврони истиқлол равона гардида, дар ботини ҷавонон – мутахассисони оянда хислату хусусиятҳоеро тарбия менамояд, ки онҳо ифодагари арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ ҳастанд.
Роҳандозии сиёсати воқеан созандаи Сарвари давлатамон дар соҳаи илму маориф боиси дарёфт ва эҷоди муносибатҳои сифатан нав дар зинаҳои таҳсилот гардида, дастовардҳои соҳаи илму маориф, бахусус музаффариятҳои дирӯзу имрӯзи донишгоҳ аз файзи Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ мегарад.
Изҳори боварӣ менамоям, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ бо хушнудиву шукргузорӣ ва фараҳмандӣ аз дастовардҳои беназири соҳибистиқлолӣ, имконоти созгори таълиму тарбия минбаъд низ ба хотири беш аз пеш беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия, баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ояндасози меҳан, таъмини пешрафти илм, татбиқи усулҳои инноватсионӣ, робитаи илму истеҳсолот, вусъати тафаккури илмию иттилоотӣ, баланд бардоштани савияи илмии ҷавонони соҳибмаърифат, тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ ва дар замири ҷавонон – донишҷӯён таҳким бахшидани ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ кўшишу ғайрат менамоянд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо – устодону кормандон ва донишҷўёни азизро бо Рўзи дониш, Дарси сулҳ самимона табрик намуда, бароятон тансиҳатӣ, осудагии рўзгор ва дар корҳои имрўзу ояндаатон комёбиҳои беназир таманно дорам.
Ҳамеша сарбаланду комёб бошед!
Соли нави таҳсил муборак!